Ки доди худ биситонам ба бӯса аз даҳонаш.
Ҳамон каманд бигирам,
ки сайди хотири халк,
Ба худ каме кашаду даркашам ба хештанаш.
Валек даст наёрам задан дар он сари зулф,
Ки маблағе дили халқ аст зери ҳар шиканаш.
Ғуломи қомати он лӯъбатам,ки бар қади ӯ,
Буридаанд латофат чу ҷома бар баданаш.
Зи рангу бӯи ту,эй сарвқадди симандом,
Бирафт равнақи насрини боғу настаранаш.
Яке ба ҳукми назар пой дар гулистон неҳ,
Ки поймол кунӣ арғувону ёсуманаш.
Хушо тафарруҷи Наврӯз хосса дар Шероз,
Ки барканад дили марди мусофир аз ватанаш.
Азизи Мисри чаман шуд ҷамоли Юсуфи гул,
Сабо ба шаҳр даровард бӯи пироҳанаш.
Шигифт нест,гар аз ғайрати ту бар гулзор,
Бигиряд абру бихандад шукуфа бар чаманаш.
Дар ин равиш,ки тӯӣ,гар ба мурда баргузарӣ,
Аҷаб набошад,агар наъра ояд аз кафанаш.
Намонд фитна дар айёми шоҳ ҷуз Саъдӣ,
Ки бар ҷамоли ту фитнасту халқ бар суханаш.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1