Предыдущая публикация
Гӯ,дили нозанин нигаҳ дораш.
Ошиқи гул дурӯғ мегӯяд,
Ки таҳаммул намекунад хораш.
Некххоҳо,дар оташам бигзор,
В-ин насиҳат макун,
ки бигзораш.
Кош бо дил ҳазор ҷон будӣ,
То фидо кардаме ба дидораш.
Ошиқи содиқ аз маломати дӯст,
Гар биранҷад ба дӯст машмораш.
Кас ба ороми ҷони мо нарасад,
Ки на аввал ба ҷон расад кораш.
Хонаи ёри сангдил ин аст,
Ҳар кӣ сар мезанад ба девораш.
Хуни мо худ маҳалли он дорад,
Ки бувад пеши дӯст миқдораш.
Саъдиё,гар ба ҷон хитоб кунад,
Тарки ҷон гӯю дил ба даст ораш.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев