Дод аз дурӯяҳо!
°°°°Аз ин ҷаҳон дилмон шудам,
°°°°Дар ҳасратам пинҳон шудам.
••••Чун орзуҳо шуд сароб,
••••Дур аз чунин ёрон шудам.
°°°°Бар даст бигрифта қалам,
°°°°Аз доғи дил нолон шудам .
••••Андеша кардам аз қалам,
••••Аз гуфтанаш тарсон шудам.
°°°°Дасте биомад сӯи ман,
°°°°Аз ёриаш шодон шудам.
••••Шояд,ки аз зулмат равам,
••••Як меҳрро ҷӯён шудам.
°°°°Ишқе буд андар шоирӣ,
°°°°Бар боғи ӯ меҳмон шудам .
••••Чанде бигуфта байтҳо,
••••Бар доми бадхоҳон шудам.
°°°°Ҳайҳот,андар нимароҳ,
°°°°Қурбони бадбинон шудам.
••••Аз ғайбату ҳам фитнаҳо,
••••Кӣ неку бад, ҳайрон шудам .
°°°°Аз мардуми зишту дурӯ,
°°°°Хуниндилу гирён шудам.
••••Аз ёру аз ағёр дур,
••••Безори номардон шудам
Комментарии 38
В-он гаҳ ҳама бутҳоро дар пеши ту бигдозам.
Шабат ба хайру саршор аз раҳмати Аллоҳ бошад