🔻1⃣ Вақти атса кардан, таппиши дил каме сукут мекунад ва қалб истироҳат мекунад. Қалбе, ки вақти атса задан сукут мекунад, дубора кор накарданаш ҳам эҳтимол дорад. Аллоҳ таъоло (ҷ.ҷ.) пас аз атса заданамон, ба мо дубора ҳаёт мебахшад ва мо ҳам «Алҳамдулиллоҳ» гуфта, яъне ба Аллоҳ таъоло (ҷ.ҷ.) ҳамду сано мегӯем.
🔻2⃣ Тибқи тадқиқоти тиббӣ, суръати атса 300-350 км. дар як соат мебошад, ки ҳамзамон 85 000 000 бактерияро ба берун мебарорад.
🔻3⃣ Вақти атса задан, бо дасти рост даҳонро пӯшонидан суннат аст. Агар вақти атса задан, даҳон пӯшонида нашавад, пас микроб ба атроф паҳн мегардад, ки сабаби бемор шудани дигарон мегардад.
🔻4⃣ - Вақте, ки Расулуллоҳ (с.а.с) атса мезад, даҳонашро ё бо даст ва ё бо либосаш маҳқам мекард (Абудовуд, Адаб, 90; Тирмизӣ, Адаб, 6).
🔻 5⃣ Тибқи физиология, атса задан ҳаракатест, ки берун аз кӯмаки шуури инсон ҳосил мешавад. Атса, ки ояд, пеши роҳи онро гирифта намешавад.
🔻 6⃣ Агар вуҷудамон соҳиби чунин механизм намешуд, аз моддаҳои зарароваре, ки бар вуҷудамон пайдо гардидаст, наҷот намеёфтем. Ин аст, ки баҳри наҷот ёфтанд аз микробҳо, АЛЛОҲ (ҷ.ҷ.) ба мо неъмати атса заданро бахшидааст ва мо ҳам вақти атса задан АЛЛОҲРО ҳамду сано мегӯем (Алҳамдулиллоҳ).
🔻 🔴 Ба атсакунанда, «Саломат бошӣ» гуфтан урф ҳам бошад, суннатро риоя кардан афзалу дурусттар аст.
Атсакунанда: Алҳамдулиллоҳ.
Шунаванада: Ярҳамукаллоҳ.
Атсакунанда: Яҳдикумуллоҳ ва юслиҳ балакум.
🦠 Атса задан неъмат аст. Тамоми узвҳои бадан бо воситаи атса задан аз микроб тоза мешаванд.
---
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 9