Предыдущая публикация
В-аз душманӣ ҳарончӣ, ки дидем мотам аст.
Аз душманӣ ба ҷуз ғаму ғавғо кӣ баҳра бурд?
Душман ҳамеша аз ғазабу ҷаҳл сархам аст.
Ободӣ нест дар дили оне, ки хасм шуд,
В-он дил, ки душман аст, ба иблис ҳамдам аст
Ҳар кас, ки азми душманӣ дорад, ба чашми ӯ,
Дунё ба ин ҷамоли қашангаш ҷаҳаннам аст.
Ҳар кас, ки азми дӯстӣ бинмуд, суди ӯ,
Покии қалбу роҳати айёми хуррам аст.
Бо дӯстӣ ҷаҳон шавад форамтар аз биҳишт,
Ҳарҷо, ки дӯстист биҳиште фароҳам аст
Варзед дӯстиву рафоқат, ки ин ҷаҳон,
Бо дӯстиву дӯст басе хубу форам аст.
Бо дӯстон накӯ гузаронед, вақти хеш,
Одам чу меҳмони ҳамин даҳр як дам аст.
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев