Предыдущая публикация
Гар нахоҳад чун хаси роҳ мекунад.
Мард хоҳад бонуро аз сидқи дил,
Дар фазои зиндагӣ маҳ мекунад.
Ишқ бошад соф ошиқ бегумон,
Дар рафи дил ишқро таҳ мекунад.
Мард агар мардона варзад ишқи зан,
Кӯҳро бар хотираш каҳ мекунад.
Ишқи ёри дилрабо гар ҳаст пок,
Дил бидуни шубҳа огаҳ мекунад.
Нӯшбоди ишқ ҳар ҷо дар танин,
Хонаро пурмавҷи қаҳ-қаҳ мекунад.
Синаи бемеҳр субҳи васлро,
Бармаҳал қурбони бегаҳ мекунад.
Ҳар диле дорад муҳаббат, ройгон
Нусхаашро паҳну матраҳ мекунад.
Ростӣ охир ба майдони замон,
Дасти фанду макр кӯтаҳ мекунад.
---
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев