Дод аз дурӯяҳо!
°°°°Аз ин ҷаҳон дилмон шудам,
°°°°Дар ҳасратам пинҳон шудам.
••••Чун орзуҳо шуд сароб,
••••Дур аз чунин ёрон шудам.
°°°°Бар даст бигрифта қалам,
°°°°Аз доғи дил нолон шудам .
••••Андеша кардам аз қалам,
••••Аз гуфтанаш тарсон шудам.
°°°°Дасте биомад сӯи ман,
°°°°Аз ёриаш шодон шудам.
••••Шояд,ки аз зулмат равам,
••••Як меҳрро ҷӯён шудам.
°°°°Ишқе буд андар шоирӣ,
°°°°Бар боғи ӯ меҳмон шудам .
••••Чанде бигуфта байтҳо,
••••Бар доми бадхоҳон шудам.
°°°°Ҳайҳот,андар нимароҳ,
°°°°Қурбони бадбинон шудам.
••••Аз ғайбату ҳам фитнаҳо,
••••Кӣ неку бад, ҳайрон шудам .
°°°°Аз мардуми зишту дурӯ,
°°°°Хуниндилу гирён шудам.
••••Аз ёру аз ағёр дур,
••••Безори номардон шудам .
°°°°Афришта андар зоҳиранд,
°°°°Шайтониро хандон шудам .
••••Чун рӯбаҳе бас ҳилагар,
••••Побанди найрангон шудам.
°°°°Бар роҳи рост андар ҳарос,
°°°°Ҳайрони ин даврон шудам.
••••Чун бӯи гул дар барги гул ,
••••Чун Махфие пинҳон шудам.
°°°°Махфӣ чӣ аз рашки падар,
°°°°Бар ҳоли ӯ гирён шудам.
••••Сад бор нопайдову гум,
••••Аз шарти бадхоҳон шудам.
°°°°Аз ғайбати иғвогарон,
°°°°Дар байтҳо пинҳон шудам.
••••Раҳме ба ҳолам кун,Худо,
••••Дилгир аз ин даврон шудам.
Нет комментариев