❤🌹🏺🏺🏺🏺🌹❤🌹🏺🏺🏺🏺🌹❤🌹 Дар нури мулоими субҳ ҷаҳон дубора шукуфо мешавад .... Аз ин иқболгоҳи хуш машав як дам, дило, маҳрум ! Ассалому алайкум .... Субҳатон ба накҳати хайру баракат мусаффотар... Бо чаҳ-чаҳи шодию умед ҳамроҳтар.... Бо таровати ишқ нозанинтар.... Бо зулолии меҳр дилработар...... Ба софии саломатии танҳо хайрамақдами хонаи дилҳоятон шуда бошад, ҳаводорони ҳавои атрогини бомдодӣ ! 🌹❤🌹🏺🏺🏺🏺❤🌹❤🌹🏺🏺🏺🏺🌹❤🌹 Хуштар аз даврони "ишқ" айём нест, Бомдоди ошиқонро шом нест. Мутрибон рафтанду суфӣ дар самоъ, Ишқро оғоз ҳаст, анҷом нест. Саъдӣ. 🏺🏺🏺🏺🏺🏺🏺🌹❤🌹🏺🏺🏺🏺🏺🏺🏺 Маслиҳат нест қиёси рухи ту бо хуршед, Шамс агар изни тулӯъ аз ту бигирад ҳунар аст. 🌼🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌼 Афкоратро зебо кун! Зиндагӣ ба андозаи фикрҳои ту зебо мешавад ! ▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️ Тафаккур барои як зеҳни заиф, ба андозаи баланд кардани бори сангин, барои як бозуи заиф душвор аст. Ҳарду мехоҳанд ба суръат аз шарри он халос шаванд ! ▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️ Шарафи зот ба тақлид нагардад ҳосил, Гову харро накунад хурдани гандум, одам . 🏺🏺🏺🏺🏺🏺🏺🏺🏺🏺🏺🏺🏺🏺🏺🏺
    66 комментариев
    13 классов
    1 комментарий
    17 классов
    🌌🌃🌌🌃🌌🌃🌌🌃🌌🌃🌌🌃🌌🌃🌌🌃 Ассалому алайкум..... Шому шабатон ба хайру хушӣ   !                    ХУДОЁ....🤲 ҲАР ШАБ НУРЕ АЗ ВУҶУДИ НУРОНИЯТ БАР ҚАЛБИ ТОРИКУ ГИРИФТАИ МО БИТОБОН ВА БО ҲАРОРАТИ ИШҚУ МАЪРИФАТИ ХЕШ ҚАЛБҲОИ ХАСТА ВА ЯХЗАДАИ МОРО ГАРМӢ БУБАХШ ВА ЭҲЁ КУН , ҚАЛБИ МОРО....🤲 ШАБИ ХУШИ БО ФАРОҒАТ ВА ХОБИ БА РОҲАТИ БЕ ФИКРУ АНДЕША НАСИБАТОН  .....🤲 🌆🌆🌆🌆🌆🌆🌆🌆🌆🌆🌆🌆🌆🌆🌆🌆...
    68 комментариев
    22 класса
    Раъно Зоирдухт ‼️Ба ғазали Ҳофизи Шерозӣ ҶАВОБИЯ Агар он турки Шерозӣ ба даст орад дили моро, Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро. ДАР ПОСУХ СОИБ ЧУНИН МЕГУЯД: Ҳар он кас чиз мебахшад,ба ҷони хеш мебахшад, На чун Ҳофиз мебахшад Самарқанду Бухороро. Агар он турки Шерозӣ ба даст орад дили моро, Ба холи ҳиндуяш бахшам сару дасту тану поро.. ШАҲРИЁР БА СОИБ ИН ПОСУХРО МЕФАРМОЯД: Ҳар он кас чиз мебахшад,ба сони мард мебахшад, На чун Соиб мебахшад сару дасту тану поро. Сару дасту тану поро ба хоки гур мебахшанд, На бар он турки Шерозӣ,ки ҷумла бурда дилхоро. Агар он турки Шерозӣ ба даст орад дили моро, Ба холи ҳиндуяш бахшам,тамоми руху аҷзоро. НАФАРЕ ИН ТАРЗРО МАНЗУР МЕКУНАД: Ҳар он кас чиз мебахшад,ба ҷамъи хеш мебахшад, Яке шахру яке ҷисму яке ҳам руҳу аҷзҳоро, Касе чун ман надорад ҳеҷ дар дунёву дар уқбо Нагуяд ҳарфи муфту чун надорад тоби иҷроро... ❗️ РАЪНОИ ЗОИРДУХТ ҶАВОБ МЕДИҲАД Агар ки турки Шерозӣ рабуда ҷумла дилҳоро Надидастӣ дареғо, ту мани Раънои раъноро. Агар майле ту ҳам дорӣ назар бар ҷониби мо кун, Фаромуш созӣ баъди ин дилу ақлу сару поро. Шакар ояд бурун гоҳе такаллум аз забони ман, Ғубори поям орад ёд боди анбаросоро. Дигар ҳарфи накӯ Ҳофиз, магу, бар турки Шерозӣ, Бигир аз турки Шерозӣ Самарқанду Бухороро. Чаро дода сару дасту тану по Соиби Табрез, Парешон мекунад аз ҳоли зораш хотири моро. Худоё,ошиқони даҳрро ҳушу хирад бахшой, Мисоли бонуи тоҷик кӣ дида духти доноро? Ба холи турки яғмоӣ чаро мардони форсигӯ Бубахшида сару пову тану руҳ,ҷумла аҷзоро? Шудам ҳайрони Шаҳриёру холи ҳиндуву Соиб, Чӣ ҳикмат будаву бошад,ки ёбад ин муамморо?.. Зи тангии нафас аз ҷоми Хайём ҷуръа нушидам, Садо омад,таҳаммул кун,ЗАНИ ТОҶИК мадороро!!
    20 комментариев
    144 класса
    САВОЛ....?! Гили хушбуй дар ҳамом рӯзе , Расид аз дасти маҳбубе ба дастам . Бад - ӯ гуфтам , ки мушкӣ ё абирӣ , Ки аз буи диловези ту мастам ... Инҷо сухан дар бораи чӣ меравад....?
    4 комментария
    18 классов
    🌷🌷🌷🌷🌼🌼🌼🌼🌹🌹🌹🌹🏵🏵🏵🏵 .....Хоб кардан дар саҳаргоҳон нишони ғафлат аст........ Ассалому алайкум........ Саҳар бархезу тоат кун, ало эй дӯст, Зи таҳти дил ибодат кун, ало эй дӯст. Агар хоҳӣ саодатманд гардӣ ту, Ба волидайн хизмат кун, ало эй дӯст. Гар аз дастат биёяд, ҳар шабу ҳар рӯз Ба дилбардорӣ одат кун, ало эй дӯст. Саховат баски дафъи ҳар бало бошад, Ба мӯҳтоҷон саховат кун, ало эй дӯст. Ятимонро маёзору навозиш кун, Ба онон раҳму шафқат кун, ало эй дӯст. Калиди некбахтиҳо адолат аст, Ба тобеон адолат кун, ало эй дӯст. Чу шоҳон сояи Ҳақ дар замин ҳастанд, Ба шоҳи худ итоат кун, ало эй дӯст. Гиромӣ аст чун модар Ватан бар кас, Ба ҳифзи он матонат кун, ало эй дӯст. Агар хоҳӣ, ки гардӣ оқилу доно, Бар олимҳо рафоқат кун, ало эй дӯст. Ширин бошад зибаски меваҳои сабр, Ба ҷабри илм тоқат кун, ало эй дӯст. Нишони одамият чун диёнат аст, Гар инсонӣ, диёнат кун, ало эй дӯст. ҒАЗАЛИ   Расули АҲМАДЗОД СУБҲАТОН ПУР АЗ САФО ВА РӮЗАТОН ҒАРҚИ ХУШИҲО  ! 🌿🌿🌿⚘️⚘️⚘️🌿🌿🌿⚘️⚘️⚘️🌿🌿🌿⚘️
    94 комментария
    48 классов
    Мегӯянд зани диндоре буд, ки дар донишгоҳ барои занҳо  дарс медод. Боре ҳангоми дарс ин зани олима ба донишҷӯён гуфт: "Зани парҳезгор, бояд барои зинда кардани суннати Расули Акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам бисёрзани кӯмак намуда ва набояд хоҳиши мардро дар ин бобат рад кунад." Баъд мисолҳои зиёде дар бораи нафъи бисёрзани овард. Пас аз анҷоми дарс, зане бо номи Фатҳия, ки ёвари ӯ шуда кор мекард ба наздаш омада гуфт: — Устод, Аллоҳ аз шумо розӣ бошад. Ман хеле шуд, ки дар ин мавзӯъ бо шумо лаб кушодани будам,аммо чӣ гуна оғоз карданро намедонистам. Шукри Худо, ки шумо дар ин мавзӯъ бо дараҷаи олӣ огаҳӣ доштаед. Инак ман чор соле мешавад, ки зани пинҳонии шавҳари шумо ҳастам, аммо ин хабарро чӣ гуна гуфтанро намедонистам. Олима чун ин хабар бишнид аз ҳуш рафт ва ӯро ба беморхона бурданд. Фатҳия  низ ҳамроҳи ӯ ба беморхона рафт. Вақте, ки олима ба худ омад, Фатҳия ба ӯ гуфт: "Ба Худо қасам, ман на шавҳари шуморо мешиносам ва на ӯро дидаам. Биёед беҳтараш дарси оянда дар бораи, ибодат, рӯза ва эҳтироми волидайн сӯҳбат намоем, на дар он мавзӯъҳое, ки қуввати шумо намерасад." "Ҳар оина макри шумо занон бузург аст." (сураи Юсуф (а.с)  ояти 28) Тарҷумон: Озод Ҳодизода #ҳикояи_ибратнок Ба шабака ҳамроҳ шавед: 👇👇👇 @tafakkur_tjk
    5 комментариев
    27 классов
    Убайди_Зоконӣ Араберо пурсиданд, ки чунӣ? Гуфт: - На чунон, ки Худои Таъоло хоҳад ва на чунон, ки шайтон хоҳад ва на он гуна, ки худ хоҳам. Гуфтанд: - Чӣ гуна? Гуфт: - Зеро Худои Таъоло хоҳад, ки ман обиде бошам ва чунон наям. Ва шайтон кофирам хоҳад ва он чунон наям. Ва худ хоҳам, ки шоду соҳиби рӯзӣ ва тавонгар бошам ва чунон низ нестам.
    2 комментария
    24 класса
    Раҳ мебарад чашми маро... фолаш магар дидори туст? Эй кош, мегуфтӣ - Бале, ҳақ ҷониби гуфтори туст. Ёдам чӣ хушбӯ мешавад аз накҳати атри танат, Бӯйи "Chanel"-и настаран дар гулшани гулзори туст. Ҷуз ишқ аз дасти дилам, коре намеояд ба кор, Айбе макун ҷони маро, ин беҳунар бемори туст. Ошӯби пазмониву ғам дар сина ғавғо мекунад, Ин инқилоби сурхи дил аз дарди пурозори туст. Кори ҷаҳон доду гирифт, он чи ки додӣ мебарӣ, Неку баде ояд туро андозаи кирдори туст. Чун шуълаи хуршеди субҳ рахшандагӣ дорам агар, Лабханди гарми зиндагӣ аз ишқи оташбори туст. Афсуни пурафсонаро бовар бикун дар чашми ман, Хушбахти дунё мешавӣ, вақте Сурайё ёри туст. *** Сурайё
    1 комментарий
    15 классов
    ҲИКОЯТИ ДУ ШОҲЗОДА Ду амирзода дар Миср буданд. Яке илм омӯхт ва дигаре мол андӯхт. Оқибатуламр, он яке алломаиаср гашт ва ин яке Азизи Миср шуд. Пас ин тавонгар ба чашми ҳақорат дар фақеҳ (донандаи илми ислом) назар кардӣ ва гуфт:-Ман ба ин салтанат расидам ва ин ҳамчунон дар масканат (бечорагӣ) бимондааст. Гуфт: – Эй бародар, шукри неъмати борӣ ҳамчунон афзунтар аст бар ман, ки мероси пайғамбарон ёфтам, яъне илм. Ва ту мероси Фиръавн ва Ҳомон, яъне мулки Миср. Ман он мӯрам, ки дар поям бимоланд, На занбӯрам, ки аз дастам биноланд. Куҷо худ шукри ин неъмат гузорам, Ки зӯри мардумозорӣ надорам. Саъдии ШЕРОЗӢ
    1 комментарий
    9 классов
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
Показать ещё