Ҳикоят мекунанд, ки подшоҳи кишваре хост, ки дар як минтақа шаҳре бино кунад.Барои сохтмони шаҳр аз тамоми гушаву канори кишвар устоҳои моҳирро ҷамъ намуд. Дар байни устоҳо устои ҷавоне буд, ки нав туи арусй карда арусашро ба хона оварда буд ва ду рӯзе бо арусаш буду халос. Подшоҳ ба устоҳо пулу тӯҳфаҳои калоне ваъда карда барои оғози сохтмони шаҳр ба онҳо дуо дод. Аммо сохтмони шаҳри калон беш аз 12 сол давом кард. Дар охир шаҳр ба сурати зебо сохта ба истифода дода шуд. Подшоҳ ҳамаи устоҳоро ҷамъ намуда ба онҳо гуфт:
- Ман аз ҳамаи шумо барои меҳнати самимиатон миннатдорам. Акнун бигуед, ки кадоми шумо пулу тӯҳфаҳои худро мегирад ва кадоме се панди бохирадонаро. Ғайр аз устои ҷавон ҳама пулҳои худро талаб карданд. Аммо устои ҷавон баъди андак тааммул гуфт, ки ман он се панди бохирадонаро мегирам. Подшоҳ ба устоҳо пулҳояшонро дода ба устои ҷавон гуфт:-
Панди 1- Ҳеҷ вақт бори худро ба аспи шахси ношинос бор накун.
Панди 2- Ҳеҷ вақт дар хонае, ки зани хонадон ҷавон ва марди он пир ё баръакс зан пиру мард ҷавон бошад иқомат накун ва хоб нарав.
Панди 3- Ба ангуштони худ нигоҳ кун , дар он навишта шудааст:
- Ғазаби худро нигоҳ дор. Пас ту ҳам ғазабатро нигоҳ дор.
Баъд подшоҳ боз 3 нони ғафси ҷавин ба ин ҷавон дода таькид кард, ки ин нонҳоро бо аҳли оилаат мехӯри.
Устои ҷавон бо ду устои дигар ба сӯи минтақаи худ равон шуданд.
Дар роҳ ,дар ҳавои гарм онҳоро як аспакй ҳамроҳ шуд ва гуфт :-
Биёед ба шумо ёрдам кунам. Он ҳама борхалтаҳоятонро ба аспи ман бор кунед ва сабук рох рафтан гиред. Он ду усто боршояшонро, ки пулҳояшон ҳам дохили онхо буд, ба он асп бор карданд. Аммо устои ҷавон панди 1-умро ба ёд оварда худдорй кард. Он савора аввал оҳиста оҳиста мерафт. Баъд якбора аспро давонда аз назари онхо ғоиб шуд. Он ду усто қадре аз қафои у давиданд, аммо беҳуда.
Устои ҷавон инро дида худ ба худ гуфт:- Ана панди 1-ум ҳам ба ман кор омад.
Баъди хеле роҳ рафтан бегоҳ дар маҳалле дам гирифтанд. Хостанд, ки дар хонае шабро рӯз кунанд. Устои ҷавон дид, ки соҳибхонаҳо зани ҷавон ва марди пири бадавлат аст. Ба устоҳои ҳамроҳ пешниҳоди дигар ҷо хоб кардан кард, аммо ӯро гӯш накарданд. Устои ҷавон дар як хонаи мӯътамади дигар хоб рафт. Ҳамон шаб зани ҷавон шавҳари пири худро бо корд кушт ва корди хунолудро ба назди устоҳо партофта доду фарёдро гирифт:-
Мардууум! Шавҳарамро куштанд !
Мардуми гирду атроф зуд ҷамъ шуда аҳвол пурсиданд . Зан устоҳоро нишон дод. Аз ғазаби зиёд мардуми ба шӯр омада устоҳоро зада куштанд. Он зан ба максади шуми худ- куштани шавҳар ва соҳиби кардан ба боигарии у расид.
Устои ҷавон ҳамаи ин ҳолро дида худ ба худ гуфт:-
Ана панди 2 - м ҳам ба ман кор омад.
У саҳар рузи 3-м баьди хеле роҳ рафтан бегоҳ ба хонаи худ наздик шуд. Аммо аз даруни хонаи у овозҳое меомад. Аҳамият дод, ки аз тирезаи хонаи у яке овози зан ва яке овози мардона шунида мешуд. Зуд ба қаҳр омада андешид, ки дар ғоибии ман зан бо марде ба алоқаи ҳаром даст зада аст. Камонро гирифт ва тирро дар он ҷой карда тирезаашро нишон гирифт ва мехост, ки он суробҳое, ки аз тиреза намудор мешуд, онҳоро ба ҳалокат бирасонад. Ин ҳангом ба нохунҳои ангуштонаш, ки тирро медошт нигоҳ кард ва он панди 3- мро ба ёд овард:
- Ғазаби худро нигоҳ дор !
Мард каме суст шуда истод. Боз бодиққаттар гуш андохт, ки чунин овоз меомад :
- Модарҷон ! Кай падари ман аз сафар бармегардад?!
Овози зан :- Писарам !Подшоҳ ҳамаи устоҳоро ҷавоб дода аст. Падарат ба зудй бо хости Худо бармегардад.
Ин ҳин устои ҷавон дарро кушода бо лабони хандон ва чашми гирён гуфт:- Ана ман омадам!
Зан шодикунон худро дар оғӯши шавҳараш партофт . Аз қафои у писараш.
Вақте, ки баъди чанде онҳо аз хурсандй ба худ омаданд ва якдигарро пурсупоси бисёр карданд, зан гуфт:-
Ээҳ! Аз хотирам рафта аст ! Шумо аз роҳи дур омадаед ва гуруснаед ! Ҳозир ман хурок ва нон меорам. Мард гуфт -
Нон набиер ! Ана ин нонҳоро гирифта мехурем. Зан вакте нони ғафси 1-мро шикаст аз даруни он панҷсад тангаи тилло баромад. Онҳо ду нони дигарро низ шикастанд, ки аз даруни ҳар яки онхо низ панҷсад тангаи тилло баромад.
Ҳамин тавр устои ҷавон ба воситаи имону тақво ва риояи панду насиҳатҳо ба мақсади дунёву охирати худ расид...
Ҳикмати қисса:- 1) Хушахлоқу меҳнатдуст будан. 2) Дар вазниниҳову мушкилҳо ноумед нашуда, сабр варзидан.
3) Панду насиҳатҳои бузургонро гӯш карда риоя кардан.
4) Аз феълҳои бад , аз ҷумла ғазаб худро нигоҳ доштан.....(?)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1