ҚИССА АЗ ДАВРОНИ ҲАЗРАТИ ИСО (а.с) !!! Зан бо шавҳаре бо ҳам аҳд мекунанд то охири умр якҷо бошанд. Ба ҳамдигар ваъда медиҳанд , ки агар яке аз мо пештар дунёро тарк кард бо касе хонадор намешавад. Бо ҳамин суханон рузҳо паси сар мешаванд. Рузе духтар бемор шуда мемирад. Ҷавон сари гури духтар 30 сол гиря мекунад. Ногоҳ аз куҷое ҳазрати Исо (а.с) пайдо мешавад: Эй ҷавон чаро инқадар гиря дорӣ ? Ҷавон саргузашташро нақл мекунад. Ҳазрати Исо (а.с) мегуяд , гиря накун духтар бевафо аст! Ҷавон мегуяд , не зани ман бовафо буд. Ҳазрат ҳарчанд мефаҳмонад , ҷавон қабул намекунад. Баъд мегуяд , мехоҳӣ , ки боқии умратро ду тақсим карда занатро зинда гардонам. Албатта мехоҳам гуён ҷавон розӣ мешавад. Ҳазрат дуо мекунанд гур боз мешаваду духтар берун меояд. Духтар ёш зебо аммо писар аз дарду ғам сараш сафед. Ҳазрат дубора никоҳашон мекунаду меравад. Ҷавони муйсафед аз ҳамсараш хоҳиш мекунад , то даме сари зонуяш хоб равад. Зеро бисёр хаста шудааст. Ҳамин вақт шоҳзодае аспсавор мегузарад. Чашмаш ба духтари зебо уфтода мепурсад ин муйсафед чаро руи зонуи ту хоб аст? Духтар дар чавоб мегуяд: " Ӯ маро дуздид. Шоҳзода даъваташ мекунад биё бо ман меравем. Духтар оҳиста сари муйсафедро дар замин гузошта ба аспи шоҳзода савор мешавад. Ногоҳ муйсафед бедор шуда аз дунболашон медавад истед зани маро куҷо мебаред? Шоҳзода мегуяд ин зани ту нест ту уро дуздидаӣ. Муйсафед қасам мехурад , ки Алҳамдулиллоҳ зани ҳақонии худам аст. Шаҳзода аз духтар мепурсад , ки у рост мегуяд ? Духтар мегуяд , не у маро дуздид. Шоҳзода ба муйсафед таъкид мекунад , ки аз пасамон набиё вагарна ба дор меовезем. Аммо муйсафед хоҳишкунон меравад. Шоҳзода фармон медиҳад ки ба дор овезедаш. Пеш аз дор боз муйсафед суханонашро такрор мекунад. Мепурсанд, ки шохид дорӣ ? Ҳазрати Исо (а.с)-ро ба ёд оварда бале мегуяд. Шоҳзода раҳояш мекунад то шоҳид орад ва ду посбонро аз пасаш мефиристад. Муйсафед мекобаду мекобад аз ҳазрат нишоне намеёбад ва таги дарахте хобаш мебарад. Дар хоб Ҳазратро хоб мебинад ки мегуядаш: ман нагуфтам ки духтар бевафост хез аз ҷоят рав ман ҳозир аз пасат меоям , вақте муйсафед бедор мешад болои сараш ду посбон лату куб карда мебаранду ин дуруғгуро дор кашед мегуянд. Нав курсии зери пояшро задан мехоҳанд ки ногоҳ равшание , як нуре пайдо мешаваду истед мегуяд. Ин Ҳазрати Исо (а.с) буд ва як як ҳамаашро ба шоҳзода нақл мекунад ба муйсафед муроҷиат карда мегуяд акнун мехоҳӣ боқии умри додаатро гирӣ... муйсафед бале мегуяд , Ҳазрат дуо мекунанд умри додаи муйсафед ба занаш боз ба худ ба мегардад ва зан устухон гашта ба замин мерезад....(?)
    37 комментариев
    34 класса
    🌅🌅🌅🌅🌅🌅🌅🌅🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃 АССАЛОМУ АЛАЙКУМ.... ШОМУ ШАБИ ТИРАМОҲИАТОН БА ХАЙРУ ПУР АЗ ОРОМИШ  ! Панҷ қонуни хушбахтиро ба хотир бисупоред: 🔻Қалбатонро аз нафрат пок кунед...   🔻Зеҳнатонро аз нигарониҳо дур кунед...   🔻Сода зиндагӣ кунед....   🔻Бештар бахшед....   🔻Камтар хоҳиш дошта бошед..... ❣️Деворҳое, ки барои атрофи худ месозем,  то ғамро дур нигаҳ дорад, шодиро низ дур нигаҳ медорад. Парҳез намудан, боиси боздошти  раванди зебову табиӣ зиндагӣ мешавад...... #Ҷим_Рон МЕҲРУБОНИ ҲАМ БОШЕМ  ! ШАБИ ХУШУ ДУР АЗ ҒАМУ ДАРДУ РАНҶҲО  ! 🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃
    78 комментариев
    8 классов
    🌄🌄🌄🌄🌄🌄🌄🌄🌄🌄🌄🌄🌄🌄🌄🌄 СУБҲИ БОСАФОВУ ПУР АЗ РАҲМАТИ ИЛЛОҲИ НАСИБАТОН АЗИЗОНИ ДИЛУ ДИДА ! Аз бузурге пурсиданд: Рози ин умедворӣ ва оромише, ки дар вуҷудат дори чист? Гуфт: Баъд аз солҳои мутолиа ва таҷриба, тасмим гирифтам зиндагии худро бар панҷ асл бино кунам: - Донистам , ризқи маро касе намехурад, пас ором шудам. - Донистам Худо маро мебинад, пас ҳаё кардам. - Донистам, ки кори маро дигаре анҷом намедиҳад, пас талош кардам. - Донистам, ки поёни корам марг аст, пас муҳайё шудам. - Донистам, ки некӣ ва бадиёӣ гум намешавад ва саранҷом ба сӯи ман боз мегардад, пас ба некиҳо афзудам ва аз бадиҳо кам кардам. Ва ҳар рӯз ин панҷ аслро ба худ ёдоварӣ мекунам....(?) 🍁🍁🍁🍁🍁🍁🍁🍁🍁🍁🍁🍁🍁🍁🍁🍁 БО УМЕДИ БОЗ ЯК СУБҲУ РУЗИ ПУРҲИКМАТУ БОБАРАККАТ , СУБҲИ ҲАМАГИРО ПУР АЗ НЕКИҲОВУ ХАЙРҲО ХОХОНАМ !...Nasrin СУБҲ БА ХАЙР ! 🍂☀️🍂☀️🍂☀️🍂☀️🍂☀️🍂☀️🍂☀️🍂☀️.
    85 комментариев
    56 классов
    ПАДАР ВА ФАРЗАНД Ҷавоне бо падараш баҳс кард ва миёнашон садоҳо баланд шуданд. Ҷавон бо қаҳр аз хона берун шуд. Ҷавон ба хонаи дӯсташ рафт. Шаб ба тахти хоб рафт. Ғаму андуҳ қалбу ақли ҷавонро фаро гирифт. Субҳ шуд ва ҷавон ба сӯи донишгоҳ рафт. Ҷавон қабл аз ворид шудан ба донишгоҳ барои дилёбии падараш тариқи телефон чунин паёмаке равон кард; шунидам, ки кафи пойи инсон аз пушти пойи он нармтар ва латифтар аст. Оё иҷозат медиҳед, ки пойи шуморо бӯса бикунам, то дурустии иддаоро санҷиш бикунам. Ҷавон бегоҳ ба хона меравад. Дарро боз мекунад. Падарро мебинад, ки чашмонаш пур аз ашк аст. Падар ба фарзандаш мегӯяд: - Иҷозат намедиҳам, ки поямро бӯса бикунӣ. Вале ин иддао дуруст аст. Вақте ту кӯдак будӣ ва ман шахсан борҳо каф ва пушти пойҳои туро бӯса мекардам. Чашмони ҷавон ҳам пур аз ашк мешавад ва падарашро оғӯш мегираду узрпурсӣ мекунад.... *** Ранҷиши падарро фаҳмидан душвор аст. Аз ин рӯ хело бодиққат бошед. Агар падар дар қайди ҳаёт бошад, барояш чун асое бош, ки қоматаш хамиро набинад. Ва агар аз дунё риҳлат карда бошад, пас барояш фотиҳаҳо бихон, то руҳаш аз ту шод гардад. Падар дарахтест, ки мева ҳам надиҳад, сояаш басанда аст...(?)
    1 комментарий
    35 классов
    🍁🍁🍁🌻🌻🌻🍁🍁🍁🌻🌻🌻🍁🍁🍁🌻🌻АССАЛОМУ АЛАЙКУМ...... Субҳ ба хайр  ! Субҳи содиқ медамад, олам чароғон мешавад, Моҳи оламгир ҳам аз чашм пинҳон мешавад. Бомдод  оройише орад ба  имон, эътиқод, Орзую азми нав дар қалби инсон мешавад. Булбуле  оё сарояд нағмае ҳангоми  шаб? Созу сӯзаш дар  саҳаргоҳон хурӯшон мешавад. Чашми нози дилбарам  во мешавад аз хоби ноз, Пеши ҳуснаш шамс гӯё моту ҳайрон мешавад. Ишқ месозад тапидан дар тани мо  субҳдам, Боз моро орзуи васли ҷонон мешавад. Рӯзи нав  фархунда мемонад қадам бар умри мо, Офтобу нури зарринаш намоён мешавад. Шукри эзид, як варақ аз зиндагӣ шуд пушти сар, Бо умеди тозае кас  рӯ ба майдон мешавад. Холиқо, имрӯз моро дар паноҳи худ бигир, Рӯзи дигар он Худовандам нигаҳбон мешавад. Наҷмиддин Рашидов. РӮЗИ  БЕҲТАРИНЕ  НАСИБАТОН  ! 🌿🌿🍂🍂🌿🌿🍂🍂🌿🌿🍂🍂🌿🌿🍂🍂🌿
    74 комментария
    35 классов
    Олами аҷоибот...
    1 комментарий
    7 классов
    Марде эҳсос кард, ки шунавоии занаш кам шудааст ва барояш лозим аст, ки гӯшии махсус (наушник) гирад, то садоро дуруст шунавад, аммо намедонист, ки ин мавзуъро чи гуна ба ӯ фаҳмонад. Мард барои ҳалли ин масъала назди духтур рафта, мақсадашро иброз кард. Духтур гуфт: - Аввал бояд муайян кард, ки шунавоии зан то чи андоза паст аст, то ба ҳамон андоза гӯшӣ фармоиш диҳад. Бинобар ин, духтур ба мард маслиҳат дод: Ҳамин, ки ба хонаат рафтӣ, нахуст дар масофаи чаҳор метр дуртар аз занат ягон сухан бигӯ, агар нашунид, боз як метр наздик шуда, суханатро такрор кун. Ҳамин тариқ, то суханатро шуниданаш ба ӯ наздик шудан гир. Мард шом дар хона нишаста буд, ва дид, ки занаш дар ошхона банди кор аст. Мард бо худ гуфт: Масофаамон чаҳор метр аст ва ин фурсати хубест барои иҷрои маслиҳати духтур. Ҳамин тариқ, мард бо садои маъмулӣ гуфт: -Занакҷон, барои шом чи пухтӣ? Аммо чизе нашунид. Боз як метр наздик шуда, суханашро такрор кард. Боз чизе нашунид. Бори сеюм наздик шуда суолашро такрор кард ва бозҳам чизе нашунид. Ин дафъа тамоман ба занаш наздик шуда, дар бехи гӯшаш гуфт: -Занак, барои шом чи пухтӣ? Зан дар ҷавоб гуфт: - Магар кар шудаӣ? Бори чорум аст, ки мегӯям, шӯрбои мурғ пухтаам, фаҳмидӣ, шӯрбои мууууурғ!? ------------------- Одамон барои ин ки худ қазоват нашаванд, дар қазовати дигарон саросема мешаванд. АЗ ҲАР ЗОВИЯ
    4 комментария
    13 классов
    Машав ғамгин агар духтар бизодӣ.. Боре зану шавҳар ният карданд, ки фардо дари хонаро ба касе боз нахоҳанд кард.Субҳидам садои дари хона онҳоро бедор сохт.Аз чашмаки дар назар карданд,ки волидайни шавҳар. Дарро намекушоем! Волидайни шавҳар рафтанд. Баъди муддате боз садои дар баланд шуд.Ин сафар нигоҳ карданд,ки падару модари зан. Сараввал боз дарро кушодани набуданд,аммо зан ба гиря даромад.Шавҳар дилаш сӯхт ва дарро барои онҳо боз намуд.Аз байн солҳо гузашт. Дар ин муддат зан чор писар таваллуд кард ва панҷумин фарзандаш духтар таваллуд шуд.Мард аз тавлиди духтар аз шодӣ дар куртааш намеғунҷид.Ёру дӯстонро ҷеғ зада зиёфат дод.Дӯстон ин ҳолатро мушоҳида карда пурсиданд: —Бародар,чӣ шуд, ки ин қадар шоду масрур метобӣ? Охир аз тавлиди писарҳоят чунин шод наменамоидӣ? Мард табассум карда гуфт: —Оне, ки дари хонаашро бароям боз мекунад, таваллуд шуд. P/S: Духтари солеҳа метавонад, дари ҷаннатро ҳам барои волидайнаш боз кунад. Тарҷумон; Озод Ҳодизода #ҳикояи_ибратнок
    1 комментарий
    21 класс
    🌴🌴🌴🌴🌴🌴🌴🌴🌴🌴🌴🌴🌴 Ҷуз остони туам дар ҷаҳон паноҳе нест, Сари моро ба ҷуз ин дар, ҳаволагоҳе нест. 🍂🍂🍂🍂🍂🍂🍂🍁🍁🍁🍂🍂🍂🍂🍂🍂🍂 Ассалому алайкум дӯстон ва ҳаводорони ин гуруҳи дилписанд. Субҳи поизии шумо азизон ба хайру шодӣ бошад... Бошад , ҳамон гунае, ки рақси барг, бар боди тунди поизӣ замингир мешаванд, дилтангиву ғаму кулфатҳо хоколудаву замингир шаванд. Бошад ки шодиҳо ҳамонанди лабханди хуршед дар чеҳраҳо ҳамеша шукуфо бошад... Бошад ки танҳо бе дарду ҳоли хуб ҳамнишини танҳо бошад !!!.... 🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼 Ҳусни зеборо ҳаё сад чанд зебо мекунад, Оламеро бе ҳаё бо ҳилла расво мекунад. Бо ҳазор найранг худро худситоӣ кардаанд, Зиндагиро содагӣ, баҳ- баҳ чи зебо мекунад. Гар надори хулқи нек, аз ҳусну зебоӣ магӯ, Ҳусни зеборо замин бо хок якҷо мекунад. ⛅⛅⛅⛅⛅⛅⛅⛅⛅⛅⛅⛅⛅⛅⛅⛅ Эй гул! Ба ту эҳтиёҷ дорад дили мо, Олам ҳама аз зардии поиз пур аст ! 🌴🌴🌴🌴🌴🌴🌴🌴🌴🌴🌴🌴🌴🌴🌴🌴 Дӯстам !... Зиндагӣ якеро меорад, Якеро мебарад... Якеро месӯзад, Якеро месозад... Якеро нӯш медиҳад, Якеро неш мезанад... Вақт ғанимат аст. Бо ҳама дӯст,азиз, ғамхор, меҳрубон бояд буд. Зинҳор аз ҳаловати дунё махур фиреб, То зиндагият талх нагардад, зи қанди ӯ. (Бедил) Фалак ҳамеша ба коми яке намегардад, Ки осиёи табиат ба навбат аст, эй дӯст. (Шаҳриёр) 🍁🍁🍁🍁🍁🍁🍁🍁🍁🍁🍁🍁🍁🍁🍁
    66 комментариев
    32 класса
    Зиндагиро зебо кун гоҳ бо надидан, нашунидан, нагуфтан. Гоҳо бояд фақат бо як лабханд рад шав, шод бош ва бигзор фикр кунанд нафаҳмиди.....
    4 комментария
    21 класс
Закреплено
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
Показать ещё