Предыдущая публикация
Ду амирзода дар Миср буданд. Яке илм омӯхт ва дигаре мол андӯхт. Оқибатуламр, он яке алломаиаср гашт ва ин яке Азизи Миср шуд. Пас ин тавонгар ба чашми ҳақорат дар фақеҳ (донандаи илми ислом) назар кардӣ ва гуфт:-Ман ба ин салтанат расидам ва ин ҳамчунон дар масканат (бечорагӣ) бимондааст.
Гуфт: – Эй бародар, шукри неъмати борӣ ҳамчунон афзунтар аст бар ман, ки мероси пайғамбарон ёфтам, яъне илм. Ва ту мероси Фиръавн ва Ҳомон, яъне мулки Миср.
Ман он мӯрам, ки дар поям бимоланд,
На занбӯрам, ки аз дастам биноланд.
Куҷо худ шукри ин неъмат гузорам,
Ки зӯри мардумозорӣ надорам.
Саъдии ШЕРОЗӢ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1