‼️Ба ғазали Ҳофизи Шерозӣ
ҶАВОБИЯ
Агар он турки Шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.
ДАР ПОСУХ СОИБ ЧУНИН МЕГУЯД:
Ҳар он кас чиз мебахшад,ба ҷони хеш мебахшад,
На чун Ҳофиз мебахшад Самарқанду Бухороро.
Агар он турки Шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам сару дасту тану поро..
ШАҲРИЁР БА СОИБ ИН ПОСУХРО МЕФАРМОЯД:
Ҳар он кас чиз мебахшад,ба сони мард мебахшад,
На чун Соиб мебахшад сару дасту тану поро.
Сару дасту тану поро ба хоки гур мебахшанд,
На бар он турки Шерозӣ,ки ҷумла бурда дилхоро.
Агар он турки Шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам,тамоми руху аҷзоро.
НАФАРЕ ИН ТАРЗРО МАНЗУР МЕКУНАД:
Ҳар он кас чиз мебахшад,ба ҷамъи хеш мебахшад,
Яке шахру яке ҷисму яке ҳам руҳу аҷзҳоро,
Касе чун ман надорад ҳеҷ дар дунёву дар уқбо
Нагуяд ҳарфи муфту чун надорад тоби иҷроро...
❗️ РАЪНОИ ЗОИРДУХТ ҶАВОБ МЕДИҲАД
Агар ки турки Шерозӣ рабуда ҷумла дилҳоро
Надидастӣ дареғо, ту мани Раънои раъноро.
Агар майле ту ҳам дорӣ назар бар ҷониби мо кун,
Фаромуш созӣ баъди ин дилу ақлу сару поро.
Шакар ояд бурун гоҳе такаллум аз забони ман,
Ғубори поям орад ёд боди анбаросоро.
Дигар ҳарфи накӯ Ҳофиз, магу, бар турки Шерозӣ,
Бигир аз турки Шерозӣ Самарқанду Бухороро.
Чаро дода сару дасту тану по Соиби Табрез,
Парешон мекунад аз ҳоли зораш хотири моро.
Худоё,ошиқони даҳрро ҳушу хирад бахшой,
Мисоли бонуи тоҷик кӣ дида духти доноро?
Ба холи турки яғмоӣ чаро мардони форсигӯ
Бубахшида сару пову тану руҳ,ҷумла аҷзоро?
Шудам ҳайрони Шаҳриёру холи ҳиндуву Соиб,
Чӣ ҳикмат будаву бошад,ки ёбад ин муамморо?..
Зи тангии нафас аз ҷоми Хайём ҷуръа нушидам,
Садо омад,таҳаммул кун,ЗАНИ ТОҶИК мадороро!!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 19
Темури ланг чунин гуфтааст:
Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам
дусар қанду ду хурморо.
надорад.
Агар он туркиШерозӣ ба даст орад дили моро
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро. (ҲОФИЗ)
-
ДАР ПОСУХ СОИБ ЧУНИН МЕГУЯД:
Ҳар он кас чиз мебахшад,ба ҷони хеш мебахшад,
На чун Ҳофиз мебахшад Самарқанду Бухороро.
Агар он турки Шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам сару дасту тану поро..
--
ШАҲРИЁР БА СОИБ ИН ПОСУХРО МЕФАРМОЯД:
Ҳар он кас чиз мебахшад,ба сони мард мебахшад,
На чун Соиб мебахшад сару дасту тану поро.
Сару дасту тану поро ба хоки гур мебахшанд,
На бар он турки Шерозӣ,ки ҷумла бурда дилхоро.
Агар он турки Шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам,тамоми руху аҷзоро.
-----
МУРОДИИ ХАТЛОНӢ ЧУНИН БАЁН МЕКУНАД.
Агар он турки Шерозӣ, ба даст орад дили моро,
Ба осонӣ фидо созам барояш қалби шайдоро.
Зи дастам барнамеояд, ки чун Ҳофиз бубахшоям,
Барои холи ҳиндуяш Самарқанду Бухороро.
Валекин ҳозирам, к-аз сидқ ба ишқаш бовафо бошам,
На чун Соиб, ки ӯ бахшад ,сару дасту тану поро.
Ҳар он кас чиз мебахшад ба дилдораш ба тарзи хеш,
Чиро бахшам,...ЕщёҶАВОБИЯ

Чиро бахшам, ки ҷуз ишқаш надорам чизи дунёро?
Набошад рӯҳу аҷзо ҳам, ба дасту ихтиёри кас,
Чи гуна Шаҳриҳриёр бахшид, тамоми рӯҳу аҷзоро?
Надорам шиква аз Ҳофиз, на аз Соибу Шаҳриёр,
Ки ҳар як бо равиши хеш бигуфтанд ин муамморо.
Бикардам саъй, то ман ҳам ба фаҳми худ занам чанге,
Бурун орам Муродивор чунин абёти зеборо.
МУРОДИИ ХАТЛОНӢ 6.12.2020.
Соибу Шаҳриёр низ чунин андеша надоранд...
Инҷо ғазали лисонулғайб ҳазрати Ҳофиз тамоман дигар мазмун дорад. Дар давоми мисраҳояш боз равшантар аст, ки ин шеър ирфонист, васфи ишқи ҳақиқист на маҷозӣ. Ишқи болоист.
Соибу шаҳриёр низ ҳамон ишқи ҳақиқиро гуфтаанд ва банда низ дар чунин мазмун гуфтаам.
ҶОВОБИЯИ БИСЁР ҲАМ ХУБ....
ХАСТА НАБОШЕД , БАРОДАРАМ....
Чиро бахшам, ки ҷуз ишқаш надорам чизи дунёро?!
(Муродӣ)
Ҳарчизе агарчи дар насиби мост ҷумлагӣ ҳамааш аз Ӯст, чун Ӯ худ Холиқи ҳама чиз аст.
Мо аз пеши худ чизе надорем, ки бубахшем, бахшандагӣ танҳо сифати Ӯст.
Зи ишқи нотамоми мо ҷамоли Ёр мустағнист,
Ба обу рангу холу хат чи ҳоҷат рӯи зеборо.
Агар ишқи мо мукаммалтарин ишқ бошад ҳам, боз дар назди рухи Ёр оҷизу камқадр аст ва Ӯ зебои ҳақиқист, ки ҳоҷат ба ишқи мо надорад. Яъне ишқи мо ҳусни Ӯро на зиёд мекунаду на кам.
Дар ҳақиқат молики асли Худост.
Ин амонат чанд рузе дасти мост.