Дидани файзу насими субҳгоҳӣ ваҳ
чи хуш,
Ҳам садои нолаи мурғи пагоҳӣ ваҳ
чи хуш.
Ҳамдигарро субҳ ба хайр гуфтан,
гуворову накӯст,
Гуш додан бар азони бомдодӣ ваҳ
чи хуш.
Дустон ин субҳи пуршодӣ муборак
бар шумо!
Ин футуҳи файзи бомдодӣ муборак
бар шумо!
Дустон аз дил бурун созед бухлу кинаро,
Аз хаёли худ бароред душмани
деринаро.
Субҳро бо ишқу бо шодии нав
зебо кунед,
Пок созед аз бадиву душманӣ
ин синаро.
Дустон ин субҳи пурраҳмат муборак
бар шумо!
Ёд аз Аллоҳу аз Аҳмад муборак
бар шумо!
Дустон қалбе нараҷонед, аз ман
ин нидо,
Шояд он ранҷидадил бошад назаргоҳи
Худо.
Ҳар киро ранҷонда бошед ё ки худ
ранҷидаед,
Дил диҳеду дил ба даст оред
баҳри Мустафо.
Дустон, бахшидану бахшиш муборак
бар шумо!
Дар муҳаббат саъю ҳам кушиш
муборак бар шумо!
✍ Ғайратҷон Ҳотамӣ.
Саломи бомдоди́ ба кулли дýстон ва хаводорони гурýх.
Субхи тирамохиатон ба хайру пурфайз бошад. Бигзор имрýзатон хуш гузарад. Файзу баракат ба дастурхони шумо.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 52
Ассалому алайкум...
Эй , кӣ менолӣ , надорӣ як сари мӯ давлате ,
Аз шаби торик расидан , то ба субҳ , кам давлат аст .. ?
Наргис
Шукри беҳисоб Худоро , ки боз субҳи наверо истиқбол менамоем...
Нафаси тозаи субҳи дигаре насибамон гашта аст...
Бо шукрона субҳу рӯзи босафоро дар рӯйи ҷойнамоз бо нияту орзуҳои нек бо ибодату дуоҳои хайр саҳфа мекушоем...
Ва сабти ин амалҳо менамоем....
Бошад , ки имрузи мо пур аз фараҳу шодӣ , қалбҳоямон саршорӣ меҳру меҳрубониву хушбахтӣ бошад....
Ва кош , ин шом бо дили ғарқи хушҳолӣ саҳфагардонӣ шавад....ⓝⓐⓢⓡⓘⓝ
БО ОРЗУВУ ТАМАННИЁТҲОИ ХУБ , СУБҲУ РӮЗИ ҶАДИДАТОН ҒАРҚИ ХУШБАХТӢ БОШАД , АЗИЗОН !..ⓝⓐⓢⓡⓘⓝ