Қиёми донишгоҳҳои Амрико аз моҳи қабл ва аз донишгоҳҳои Йел, Ҳарвард, Колумбия ва... шурӯъ шуд ва ба суръат ба соири донишгоҳҳои мӯътабар ва дараҷаи яки Амрико ва ҷаҳон сироят кард.
Акнун наздик ба 200 донишгоҳи ин кишвар ба маҳалли эътирозҳои донишҷӯӣ алайҳи наслкшии режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар Ғазза табдил шуда ва қишри нухбаи ин кишварҳои ғарбӣ ҳоло, пешрав дар маҳкумияти ҷиноёт режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар Ғазза шудаанд ва ин яъне, ҳокимони ин кишварҳо нахоҳанд тавонист бо туҳмат задан ба ин мардум ва «дузд ва сорқ» хондани онҳо ва саркӯби ваҳшёна худро машрӯъ ҷилва диҳад.
Ҳуҷуми неруҳои мусаллаҳи Амрико ва он чанд кишвари ғарбӣ ба донишгоҳҳо барои саркӯб ва дастгирии донишҷӯён ва асотиди мӯътариз, яке дигар аз он расвоиҳое аст, ки обрӯе барои Ғарб бо он ҳама иддаояш нагузошт ва тардиди набояд дошт, ин расвоӣ дар таърих монд. Тасовири зиёде аз дастгирӣ ва зарбу шатми донишҷӯён ва асотиди донишгоҳҳо дар муҳавватаи донишгоҳҳо мунташир шудааст ва тибқи охирин гузоришҳо, чизе болиғ бар 1500 донишҷӯ ва устод, дастгир ва ба маконҳои номаълум мунтақил шудаанд. Ба гуфтаи раиси донишгоҳи «Йел» полиси Амрико фақат аз ин донишгоҳ 100 донишҷӯро дастгир ва бо худ бурдааст. Ихроҷ, таълиқ ва зиндон, дар канори зарбу шатм, сарнавиште аст, ки токунун донишҷӯён ва асотид мӯътариз ба он дучор шудаанд. Тасовири ҳайратангезе аз ду донишгоҳ Индиана ва Огайо мунташир шудааст, ки нишон медиҳад, тактирандозҳо болои пуштибом ва ба самти донишҷӯён нишона рафтаанд то…..! https://tajikpress.com/2024/05/17/%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d1%80%d0%b5%d0%b6%d0%b8%d0%bc%d0%b8-%d1%81%d0%b0%d2%b3%d1%8e%d0%bd%d0%b8%d1%81%d1%82%d3%a3-2/
https://youtu.be/P-qU5EdxiS8?si=dLtF-yGqrfh_PDkw
https://youtu.be/P-qU5EdxiS8?si=dLtF-yGqrfh_PDkw
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев