Сухангӯи Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, ки ин созмони байнулмилалӣ барои ҳамкорӣ бо Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури нави Эрон, омода аст.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Стефан Дуҷаррик, сухангӯи Созмони Милали Муттаҳид рӯзи душанбе ба вақти маҳаллӣ дар посух ба суол дар бораи назари Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ дар бораи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон гуфт: Мо барои ҳамкорӣ бо раисиҷумҳури нави Эрон омодаем.
Ин дар ҳоле аст, ки Вазорати умури хориҷаи Амрико дар нахустин вокуниш ба натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Эрон гуфт: Натиҷаи интихобот таъсири қобили таваҷҷуҳе дар рӯйкарди Амрико ба Эрон нахоҳад дошт.
Энтони Блинкен, сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрикои рӯзи шанбе ба вақти маҳаллӣ дар нахустин вокуниш ба натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон иддао кард, ки интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон “озод ё одилона” набуд ва “ба тағйири асосӣ дар масири Эрон сабаб нахоҳад шуд”. https://tajikpress.com/2024/07/09/%d1%81%d0%bc%d0%bc-%d0%bc%d0%be-%d0%be%d0%bc%d0%be%d0%b4%d0%b0%d0%b5%d0%bc-%d0%b1%d0%be-%d1%80%d0%b0%d0%b8%d1%81%d0%b8%d2%b7%d1%83%d0%bc%d2%b3%d1%83%d1%80%d0%b8-%d0%bd%d0%b0%d0%b2%d0%b8-%d1%8d%d1%80/
https://youtu.be/P-qU5EdxiS8?si=dLtF-yGqrfh_PDkw
https://youtu.be/P-qU5EdxiS8?si=dLtF-yGqrfh_PDkw
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев