Раисҷумҳури Амрико дар як нишасти хабарӣ шикасти ин кишвар дар Афғонистонро эътироф карду изҳор дошт, ки Афғонистон қабристони императорҳост.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико дар як нишасти хабарӣ бо раисҷумҳури Кения шикасти Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистонро эътироф карду гуфт, ки Афғонистон қабристони императорҳост.
Байден дар бораи ихроҷи неруҳои Амрико аз Афғонистон гуфт: Далеле вуҷуд дорад, ки чаро Афғонистон ба унвони гуристони миператорҳо шинохта шудааст. Эҳтимоли ин ки касе Афғонистонро муттаҳид кунад бисёр, бисёр, бисёр дур аз зеҳн ба назар мерасад.
Вай бо эътироф зимнӣ ба ин ки Амрико Афғонистонро ишғол карда буд, афзуд: Аз сӯи дигар, роҳҳое барои кантроли ДИИШ ба ғайр аз ишғоли Афғонистон вуҷуд дорад. Ин як ниёзи ғайри зарурӣ мебошад. https://tajikpress.com/2024/05/25/%d1%8d%d1%8a%d1%82%d0%b8%d1%80%d0%be%d1%84%d0%b8-%d0%b1%d0%b0%d0%b9%d0%b4%d0%b5%d0%bd-%d0%b0%d1%84%d2%93%d0%be%d0%bd%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d2%9b%d0%b0%d0%b1%d1%80%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1