Раисҷумҳури Фаронса аз тасмими ин кишвар барои ирсоли ҷангандаҳои Мираж барои Украина хабар дод.
Ба гузориши телевизиони Фаронса имрӯз ҷумъа бо интишори гузорише эълом кард, ки Эммануэл Макрон раисҷумҳури ин кишвар ваъда дод, ки Париж ҷангандаҳои Мираж 2000-ро барои Украина ирсол хоҳад кард.
Бар асоси эъломи ин расона, раисҷумҳури Фаронса дар ин хусус изофа кард, ки Париж дар садад аст то халабонони украиниро ҳам дар ин робита омӯзиш диҳад.
Вай пас аз дидор бо “Владимир Зеленский” раисҷумҳури Украина дар қасри Елисей афзуд, ки Фаронса 4 ҳазор ва 500 низомии украиниро омӯзиш медиҳад.
Ба гузориши хабаргузории Рейтер, Макрон дар суханони субҳи ҷумъаи худ мушаххас накард, ки Фаронса чӣ теъдод Мираж, то чӣ замоне ё таҳти чӣ шароити молӣ ба Украина ироа хоҳад кард.
Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса дар идома афзуд, ки ба таври маъмул байни 5 то 6 моҳ барои омӯзиши низомиёни украинӣ замон лозим аст ва бинобар ин омӯзиши халабонон то поёни соли мелодӣ тӯл хоҳад кашид. https://tajikpress.com/2024/06/07/%d1%80%d1%83%d1%81%d0%b8%d1%8f-%d1%83%d0%ba%d1%80%d0%b0%d0%b8%d0%bd%d0%b0-%d0%bc%d0%b0%d0%ba%d1%80%d0%be%d0%bd-%d0%bc%d0%b8%d1%80%d0%b0%d0%b6/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев