Дар таърихи 20 май ҳамоиши тиҷории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар Боку баргузор шуд.
Дар ин нишаст раисони вазоратхонаҳо ва идороти марбутаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон, корофаринон ва раисони ширкатҳои муртабит бо кишоварзӣ, саноъат, ҳамлу нақл ва саноеъи табдили ҳузур доштанд.
Шералии Кабӣр, вазири саноат ва фанновариҳои навини Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузарии чунин ҳамоиш ва руйдодҳо бо мушорикати сохторҳои тиҷориро барои иҷрои ҳамкориҳои муассири байни маҳофили тиҷори муҳим донист.
Микоил Ҷабборов, вазири иқтисоди Озарбойҷон иброз дошт ки иродаи сиёсии сарони кишварҳо ва равобити дустона нақши муҳиммӣ дар рушди равобити ҳама ҷониба дорад.
Пештар дар хабарҳо омада буд:
Дар тозатарин даври ройзаниҳои сиёсии вазоратхонаҳои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон масоили ҷории ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, башардӯстона баррасӣ шуд. https://tajikpress.com/2024/05/23/%d0%b1%d0%be%d0%ba%d1%83-%d0%bc%d0%b8%d0%b7%d0%b1%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d0%be%d0%b8%d1%88%d0%b8-%d1%82%d0%b8%d2%b7%d0%be%d1%80%d0%b8%d0%b8-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев