Давлатҳои арабӣ бо сукути хиёнатолӯди худ дар баробари ҷинояти саҳюнистҳо дар ҳамлаи ваҳшиёна ба Рафаҳ, заминасози ҷиноятҳои баъдӣ шудааст.
Давлатҳои арабӣ бо сукути хиёнатолӯди худ дар баробари ҷинояти саҳюнистҳо дар ҳамла ба чодарҳои ғайринизомиён дар Рафаҳ, заминаро барои ҷиноятҳои баъдии ин режим фароҳам месозанд.
Ҳамлаи якшанбешаби ҷангандаҳои исроилӣ ба маҳалли чодарҳои паноҳҷӯён дар анборҳои созмони Онруо дар маҳаллаи Талуссултон шаҳр Рафаҳ ба шаҳодати беш аз 45 фаластинии ғайринизомӣ ва рақам хӯрдани тасовири ваҳшатнок анҷомид.
Ҷангандаҳои артиши режими саҳюнистӣ бо 7 мушак ин минтақаро, ки тибқи эълонияҳои қаблии артиши Исроил минтақаи амн эълон шуда буд, ҳадафи ҳамла қарор доданд. Дар пайи ин рӯйдод беш аз 45 фаластинии бегуноҳ аз ҷумла занон ва кӯдакон ба шаҳодат расиданд. Тасовире, ки аз маҳалли ҳамлаи Исроил нашр шудааст, нишон медиҳад бештари шаҳидони ин ҳамлаи ҷинояткорона, ба далели оташ гирифтани чодарҳо зинда-зинда дар оташ сӯхтанд.
Яке аз шоҳидон ба рӯйтрз гуфт: мо дар вурудии хона нишаста будем, ногаҳон садои мушакро шунидем, сипас хиёбон пур аз дуд шуд. https://tajikpress.com/2024/05/29/%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d0%bb%d0%b0%d0%b8-%d0%b2%d0%b0%d2%b3%d1%88%d0%b8%d1%91%d0%bd%d0%b0-%d0%b1%d0%b0-%d1%80%d0%b0%d1%84%d0%b0%d2%b3-%d0%b2%d0%b0-%d1%85%d0%be%d0%bc%d3%af%d1%88%d0%b8%d0%b8-%d0%b4%d0%b0/
https://youtu.be/P-qU5EdxiS8?si=dLtF-yGqrfh_PDkw
https://youtu.be/P-qU5EdxiS8?si=dLtF-yGqrfh_PDkw
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев