Ин санад миёни давлати Эрон ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар авохири соли гузашта ба имзо расида буд.
Ба гузориши манбаъ:
Ҳукумати Эрон созишнома дар бораи ташкили минтақаи озоди тиҷоратӣ миёни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва Эронро ба тасвиб расонд.
Иттилоъ додааст манбаъ дар истинод ба Алӣ Баҳодури Ҷаҳромӣ, намояндаи расмии Девони вазирони Эрон.
Ҷаҳромӣ гуфт:
“Девони вазирон лоиҳаи созишномаи тиҷорати озод байни кишварҳои ИИАО ва Эронро таъйид кард”.
Созишнома дар охири моҳи декабри соли гузашта ба имзо расида буд. Қаблан ин паймон аз ҷониби Арманистон низ ба тасвиб расида аст.
Эрон барои дарёфти мақоми нозир дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дархост карда буд. https://tajikpress.com/2024/06/20/%d1%82%d0%b0%d1%81%d0%b2%d0%b8%d0%b1%d0%b8-%d1%82%d0%b0%d0%b2%d0%be%d1%84%d1%83%d2%9b%d0%bd%d0%be%d0%bc%d0%b0%d0%b8-%d1%82%d0%b8%d2%b7%d0%be%d1%80%d0%b0%d1%82%d0%b8-%d0%be%d0%b7%d0%be%d0%b4-%d0%b1/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев