Намояндаи доими Русия дар Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дод шароит дар Каронаи Бохтарӣ дар остонаи як инфиҷори азим аст ва режими саҳюнистӣ бояд шаҳраксозиҳо дар ин минтақаро мутаваққиф кунад.
Ба гузориши хабаргузории “ТАСС”, “Василий Небензия” намояндаи доими Русия дар Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи шароити инсонӣ дар Навори Ғазза эълом кард, ки «Дар шароите, ки Каронаи Бохтарӣ дар остонаи як инфиҷори тамомаёр аст, Исроил бояд шаҳраксозӣ дар сарзаминҳои Фаластини ишғолиро мутаваққиф кунад.»
Вай дар инбора гуфт: Мо аз мақомоти Исроил мехоҳем, ки ба қавонини башардӯстонаи байналамллӣ пойбанд бошанд ва масъулияти комили ҷамъияти таҳти ишғолро бар ӯҳда бигиранд. Мо пеш аз ҳар чиз дар бораи тааҳҳудот барои таъмини маводди ғизоӣ, муроқибатҳои пизишкӣ, назми умумӣ ва амният сӯҳбат мекунем.
Василий Небензия дар идома афзуд: Ҳамчунин таваққуфи шаҳраксозиҳо дар арозии ишғолии Фаластин, ки нақзи фоҳиши қавонини байналамллӣ аст, зарурӣ аст. Ба иллати ин иқдомот мақомоти Исроил, ки ахиран ба тарзи маҳсусе ташдид шудааст, авзоъ дар Каронаи Бохтарӣ низ дар остонаи як инфиҷор маҳиб қарор дорад. https://tajikpress.com/2024/07/27/%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd-%d1%80%d1%83%d1%81%d0%b8%d1%8f-%d0%ba%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%bd%d0%b0%d0%b8-%d0%b1%d0%be%d1%85%d1%82%d0%b0%d1%80%d3%a3/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев