Садҳо нафар аз шаҳрвандони Марокаш бо ширкат дар як роҳпаймоӣ ҳимояти Амрико аз режими саҳюнистиро маҳкум карданд.
Ба гузориши манобеи хабарӣ: Шаҳрвандони марокашӣ, асри рӯзи шанбе, бо иҷобати фарохони созмони ғайри давлатӣ ҳимоят аз масоили уммат дар ин роҳпаймоӣ ширкат карданд.
Бар асоси гузориши расонаҳои марокашӣ, ширкаткунандагон тадовуми ҳимоятҳои Амрико аз Телавив ва нақши Амрико дар ҷанги Исроил алайҳи Ғаззаро маҳкум карданд.
Амрико аз замони оғози ҷанг дар Фаластини ишғолӣ миллиардҳо доллар кумаки таслиҳотӣ ба режими ҷинояткор ва кӯадаккуши Исроил ироа кардааст.
Рижими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил тайи 9 моҳи гузашта бо истифода аз таслиҳоти амрикоӣ беш аз 39 ҳазор Фаластиниро ба шаҳодат расондааст.
Мардуми Марокаш дар ин роҳпаймоӣ хостори таваққуфи ҳимоятҳои мустамарри Амрико аз режими саҳюнистӣ шуданд ва алайҳи режими ғосиби Исроил шиор сар доданд.
Мағрибиҳо ҳамчунин бори дигар бо миллати Фаластин эъломи ҳамбстагӣ карданд ва дар ин роҳпаймоӣ шиорҳои назири «Фаластин амонат аст ва оддисозии равобит хиёнат», «Ҳама мо фидои фидои… Фаластини пойдор», «Эй озодагони ҷаҳон… на ба саҳюнистҳо ва на ба амрикоиҳо» сар доданд.
Ин роҳпаймоӣ дар ҳоле баргузор шудааст, ки даҳҳо нафар аз мардуми Тунис низ рӯзи ҷумъа муқобили сафорати Амрико дар кишварашон тазоҳурот бар по карданд.
Мардуми Тунис низ ҳамонанди мағрибиҳо ҳимоятҳои мустамарри Амрико аз режими палид ва ҷинояткори саҳюнистиро маҳкум карданд ва хостори ихроҷи сафири Вашингтон аз кишварашон шуданд. https://tajikpress.com/2024/07/28/%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%ba%d0%b0%d1%88-%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be-%d0%b8%d1%81%d1%80%d0%be%d0%b8%d0%bb/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев