Раҳмон барои даъвати тирамоҳии наваскарон фармон имзо кард.

Хизматчиёни ҳарбӣ, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2024 аз нерӯҳои мусаллаҳ рухсат дода мешаванд.
Ҳамчунин шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод буданро надоранд, ба артиш даъват мешаванд.
Даъвати тирамоҳӣ ҷавонони таваллудашон 1997 то 2006-ро фаро мегирад.
  • Класс

Русия бақайдгирии гиёҳҳои шифобахшро дар доираи ИИАО соддатар мекунад.

Ин тасмимро Кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба сиёсати агросаноатӣ ва озуқаворӣ қабул кардааст, гуфт раиси он Александр Двойних.
Ба Вазорати кишоварзӣ тавсия шуд, ки гиёҳҳои шифобахшро ба Феҳристи давлатӣ ворид намуда, назоратро пурзӯр ва ба истеҳсолкунандагон дастгирии давлатӣ расонда шавад.
Инчунин, парвариши гиёҳ ва истеҳсоли равғани эфирро ба яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ табдил додан лозим аст, афзуд ӯ.
  • Класс

Куҳҳо ларзиданду сангрезиҳои зиёд рух доданд

Шоҳидон паёмади заминларзаи 27-уми августи соли равонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунанд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, тибқи иттилои аввалия хисороти молию ҷоние сабт нашудаст.
  • Класс

Соли нави хониш дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 1 сентябр оғоз мегардад

Тафсилоти таҳсилу истироҳати муҳассилини Тоҷикистонро дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон бубинед.
  • Класс
sputniktajikistan
Добавлено видео
  • Класс

Дар Точикистон "Шаби синамо"-и Русия баргузор шуд

Чорабинӣ ба муносибати Рӯзи кинематографияи Русия баргузор гардид.
Дар доираи он асарҳои нав якбора дар чанд шаҳри Тоҷикистон - Душанбе, Хуҷанд ва Турсунзода намоиш дода шуданд.
Инчунин бисёр кишварҳои дигари ИДМ ва БРИКС бори аввал дар ин чорабинӣ ширкат карданд.
Акс аз "Россотрудничество".
  • Класс

Русия дар Тоҷикистон нерӯгоҳи бодӣ месозад

Меморандум байни "Росатом" ва Вазорати энергетикаи Тоҷикистон ба имзо расид, иттилоъ дод намояндагии тиҷоратии Русия.
"Пайдоиши нерӯгоҳҳои бодӣ дар Тоҷикистон на танҳо ба диверсификатсияи система мусоидат мекунад, балки сифат ва эътимоднокии кори онро беҳтар мекунад", - гуфт Дмитрий Родионов, сардори шӯъбаи рушди соҳибкорӣ.
Мақомдори тоҷик, Манучеҳр Сафарзода ҳамчунин афзуд, ки нерӯгоҳи бодӣ бо иқтидор 1 ГВт тавозуну мустақилияти энергетикиро таҳким мебахшад.
  • Класс

Бабри барфӣ рамзи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи куштигиии миллии Тоҷикистон интихоб шуд

Далели ин интихоб ҷасорату матонати ин ҳайвони нодири куҳистонӣ ва ташвиқи ҳифзи он арзёбӣ мешавад.
Чемпионати ҷаҳон дар риштаи куштигирӣ аз 28 то 31 август дар шаҳри Душанбе бо иштироки зиёда аз 200 варзишгар аз 60 давлати ҷаҳон дар назар аст. Фонди ҷоизавии мусобиқа 400 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
Акс аз Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон.
  • Класс

Заминларзаи 5-дараҷаӣ Тоҷикистонро такон дод

Маркази зилзилашиносӣ хабар медиҳад, ки заминларза соати 12:29 ба вақти маҳаллӣ рух дода, маркази зилзила дар 74 километрии шимолу шарқи Хоруғ будааст.
Манбаи заминларза дар умқи 117 километр будааст, афзуд манбаъ.
  • Класс

Пушти боздошти Павел Дуров Вашингтон меистад

Ин нуктаро раиси Думаи давлатии Русия, Вячеслав Володин баён дошт.
Ба бовари ӯ, барои Ҷо Байден таҳти назорат гирифтани Telegram дар пешорӯи интихоботи президентӣ муҳим аст.
  • Класс
Показать ещё