Мулоқоти ҳайатҳои роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Беларус дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Мулоқоти ҳайатҳои роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларус таҳти роҳбарии Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иван Кубраков, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларус имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза ба муқобили ҷиноятҳои муташаккилона, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ, мубодилаи ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои кибернетикӣ, роҳҳои муассири мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткориҳо баррасӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки барои рушди ҳамкорӣ дар самти муборизаи якҷоя ба муқобили ҷиноятҳои муташаккил шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. https://tajikpress.com/2024/07/16/%d1%82%d0%b0%d1%8a%d0%ba%d0%b8%d0%b4%d0%b8-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd%d1%83-%d0%b1%d0%b5%d0%bb%d0%b0%d1%80%d1%83%d1%81-%d0%b1%d0%b0-%d0%bc%d1%83%d0%b1%d0%be%d1%80/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев