ва экстремизм
Сиёсикунонии дину бовар ва аз ин тариқ ба даст овардани қудрати сиёсӣ, яке аз авомилест, ки сабаби падид омадан ва густариши ифротгароиву даҳшатафканӣ дар ҷаҳон гардидааст. Имрӯз инсоният дар рӯёрӯӣ бо таҳдиди хатари даҳшатафкании динӣ мувоҷеҳ гардида, ин вазъ аксар мамолики дунёро нигарон сохтааст. Агар ба таҳқиқ ба вазъи пешомада нигарем, хоҳем дарёфт, ки бо роҳи сиёсикунонии бовару эътиқод ва дар ин масир хешро ба ҳайси ҳомӣ нишон додан дар ҳудуди як қарни охир он ба сифати абзори муҳимтарини мафкуравӣ ва сиёсӣ дар дасти созмону гурӯҳҳои манфиатпеша ва султахоҳ қарор гирифта, танишу шикофҳоро дар баданаҳои иҷтимоии мамолики Шарқи мусулмонӣ ба вуҷуд овардааст. Вазъи минтақа ва ҷаҳони имрӯз рӯз дар миён ба ҳаводиси даҳшатбори экстремизм, радикализм ва терроризми динӣ-мазҳабӣ дар симои исломи сиёсӣ даргир мешавад ва мақомотҳои расмӣ, ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи маданӣ ва умуман, мардуми минтақаҳои гуногуни ҷаҳон саъю талош меварзанд, ки дасти дарози даҳшатафкании диниро бигиранд. Аммо, чуноне ки шоҳидем, вазъ на танҳо беҳбудӣ намеёбад, балки рӯз аз рӯз муташанниҷтар мегардад. Роҳҳалҳое, ки иттиҳодияҳои сиёсӣ ва ҳар гуна эътилофҳои динӣ дар даҳ-понздаҳ соли ахир андешида, манзур месозанд, бесамар буда, мушкил андар мушкилро дар фазо ва муҳитҳои иҷтимоӣ ва сиёсию мазҳабии манотиқи даргири Шарқи исломӣ эҷод мекунанд. Ин ҳолати буҳронӣ, ки аз динмадорӣ ва мазҳабпарастии ҷомеаҳои суннатии шарқӣ маншаъ гирифтааст, самтҳои дигари хоҷагии халқи кишварҳои исломиро буҳронзо сохта, пеши роҳи рушду тараққиро аз ҳар ҷиҳат мебандад. Воқият ин аст, ки исломи сиёсӣ як восита василае барои таъсиррасонӣ ва тавсеаи манофеъ барои қудратҳои муаян бадал шудааст.
Тавре дар болотар ишора кардем, дар ҷое, ки исломи сиёсӣ пайи по дуруст кард, яқин он ҷо ба зулматсаро бадал хоҳад шуд ва диният бар дунявият пирӯз хоҳад гашт. Ҳаводиси мусибатборе, ки дар Ховари Миёна ва кишварҳои арабӣ-исломӣ дар сад соли ахир мегузарад, бар пояи мазҳаб ва ихтилофоти мазҳабӣ таҳаққуқ пайдо карда, имрӯз ҳам бархӯрдҳои шадиди физикӣ ва мафкуравие, ки байни мусулмонони манотиқи мухталиф сурат гирифта, боиси аз ҳам рехтани ҷомеаҳо мегарданд, иллати мазҳабӣ доранд. Бинобар ин, эҷоди тафоҳуми миллӣ ва мардумӣ аз тариқи таълимоти динӣ ва мафкураи мазҳабӣ хобу хаёле беш нест, вале дастандаркорони бозиҳои сиёсӣ амдан, фактори дин ва идеологияи мазҳабиро дар иттиҳоди адёну мазоҳиб саҳим медонанд. Таърихи сиёсӣ ва фарҳангии башарӣ ва минҷумла миллӣ нокоромад будани таҷрибаи мазкурро собит мекунад. Истифода ва дақиқтараш, сӯйистифода аз фактори дин ва мазҳаб (дар мисоли исломи сиёсӣ) мамолики зиёди мусулмониро ба ҳоли табоҳ расонидааст. Ин аст тафаккури баста ва маҳдуду шахшудаи динӣ-мазҳабӣ, ки ба ғайр аз худ дигаронро, аслан дидан намехоҳад ва ба мафкураҳои дигар, ё ба истилоҳ, тафаккуроти алтернативӣ нафрати тамом варзида, баҳри хунсо кардани онҳо аз тамоми имконот истифода мебарад.
Имрӯз дар кишварҳои мусалмоннишин даҳҳо ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии тундрав амал мекунанд ва ё дар ҳоли зуҳуранд, ки ҳадафи аксарашон расидан ба қудрати сиёсӣ, махсусан тариқаи зурӣ сарнагун кардани режимҳои мавҷуда, таъсиси давлати саросарии динии хилофат, ба вуҷуд овардани ҳараҷу мараҷ, куштори дастаҷамъӣ ва аз байн бурдани бовармандони дигар мазҳабу оин ва худро пайрави ростин нишон дода дигарҳоро маҳкум кардан аст. Ин созмонҳои террористии байналмилалии динӣ дар мисоли «ал-Қоида», «Ҳизб-ут-таҳрир», «ДОИШ», «Ҷабҳат-ун-нусра», «аш-Шабоб», “Ҷайши муҳаммадӣ”, “ҳизби исломии Туркистон”, “Лашкари Ислом”, “ТТЭ ҲНИ”, ҳаракати терористии “Ансоруллоҳ” ва дигаронро метавон ном бурд, ки мафкураи асосии онҳоро инсонбадбинӣ ва таҳаммулнопазирӣ ташкил медиҳад.
Яке аз ташаккулаҳои терористӣ, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш аз бовару имони мардум истифода менамояд, ин ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати ислом ба ҳисоб меравад. Ин ташаккула дар кишвари мо таъсис ёфта, афроди ҳувиятбохтаеро фарогир аст, ки дар дарозои замони фаъолияти хеш ҳамеша кушиш намудаанд аз роҳи даҳшатафканӣ ва куштору зурӣ сохти сиёсиро иваз намоянд. Ҳодисаҳои маълуми солҳои 90 уми қарни гузашта дар кишвар, ки муҷиби марги беш аз 150 ҳазор шаҳрвандони кишвар гардид, маҳз ба дасти терористони наҳзатӣ сурат гирифт. Пас аз эъломияи Сулҳ ва ризоияти миллӣ низ агарчӣ шеваи фаъолияти хешро то ҷое иваз намуданд, вале гуруҳҳои терористӣ ва фазаи ҷангии онҳо дар шакли созмоне бо номи “Ансоруллоҳ” дар хориҷ аз Тоҷикистон амал мекард ва то ҳол амал карда дар сарзамини Афғонистон ба даҳшатафканӣ машғул аст.
Роҳбарият ва аъзои ташаккулаҳои терористӣ аз ҷумла наҳзати исломӣ аз эътиқоди мардумон манфиат ба даст меоваранд ва бозори худро гардон месозанд, бо роҳи тарс додани мардумон аз Худо ва дунёи дигар ва худро воситаи байни худову ҷомеа нишон додан мехоҳанд, мардумонро дар зери итоати хеш нигоҳ медоранд. Ҳамчунин ба хотири нигоҳ доштани таъсири хеш аз шеваҳои сангин низ истифода менамоянд. Гоҳҳо ин шеваҳо то ҳадде хашин ва тасаввурнопазир аст, ки ин нафарон ба хотири нигоҳ дошти бозори манофеъи хеш туда туда мардумонро ба куфру илҳод нисбат дода маҳкум ба куштор менамоянд. Ин гуна садҳо мавридро замони ҷанги шаҳрвандӣ мебинем, ки дастандаркорони наҳзатӣ дар Тоҷикистон анҷом додаанд ва айни ҳол низ ячейкаи ҷангии ин ташаккула дар Афғонистон дорад анҷом медиҳад. Иҷрокунандаи амру фармони эшон ба худ гумон меварзад, ки дастурдиҳанда воқеан нафарест, ки олами илоҳиро медонад ва ин амр амри илоҳӣ аст. Ин ҳама танҳо зоҳире аз бозиест ки иддае динро ба ҳайси абзори сиёсат истӣифода менамоянд ва худро донандаи қавонини шаръ вонамуд сохта, мехоҳанд идораи умури иҷтимоиро бо аҳкоми динӣ тарроҳӣ намоянд, дар ин ҳолат ҳар нафари ғайрибоварманд ё боварманди дигар дину оинро мавриди муҷозот қарор медиҳанд ва ҳатто бовармандонеро, ки шакку шубҳае дар ин ё он аҳкоми динӣ дошта бошанд, мавриди ҷазову шиканҷа дода, онҳоро дар зиндонҳо нигоҳ медоранд. Чунин шева солҳои 90 уми қарни гузашта хоси наҳзатиён буд ва ин шева солиёнест, ки дар кишварҳои низомҳояшон динӣ ба анҷом мерасад. Нафарони иҷрокунандаи ин гунна амалҳо ҳеҷ эҳсосе намекунанд, ки ҳуқуқи дигаронро ҳамчун инсон поймол кардаанд ва баръакс аз дигарон низ талаб мекунанд, ки бояд ба мисли онҳо андеша кунанд ва аз онҳо пайравӣ намоянд. Дар ин маврид онҳо ҳеҷ гоҳ аз ҳуқуқи башар ҳарф намезананд ва онро ҳамчун падидаи ғарбӣ инкор мекунанд. Дар ин гунна амалкардҳо саволе пеш меояд, ки оё инҳо аслан дарк намекунанд, ки чунин корҳои анҷом додаашон ҷиноят аст. Кадом ҳукми шаръӣ метавонад куштори чанд ҳазор нафарро, ки дар додгоҳҳои шаръӣ ҳукми зиндон гирифтаанд, тавзеҳ диҳад. Чандин ҳазор нафареро, ки ба хотир назари хешро иброз доштан, ки бо бовару эътиқоди ин гуруҳҳо мухолифат дошта бошад, бо бадтарин шҳеваҳо ба қатл мерасонанд. Ростӣ ин гуруҳҳо дину оин ва бовари мардумро суистифода намуда онро ба ҳадафҳои сиёсии хеш бадном ва беобрӯ намудаанд.
К. Субҳонзода,
сиёсатшинос
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев