Аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омадани Эмомалӣ Раҳмон – фарҳанг ва эҳёи фарҳанги миллӣ, зинда намудани арзишҳои миллӣ, гиромидошти суннатҳои ниёкон дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор гирифт. Бо шарофати Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистонро вориси фарҳанги шашҳазорсолаи халқҳои тоҷику эрон меҳисобанд. Чунки дар се даҳсолаи истиқлолияти комили сиёсӣ Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе ба маркази фарҳангӣ табдил ёфт. Рӯҳи таърихи ҳазорсолаи миллати тоҷик зинда карда шуд, яъне таърих ба забон даромад ва ҳақиқатҳоеро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард, ки ин амалия дар ҷаҳон назир надорад. Ин пешравиҳо ва таърихсозиҳо аз фарҳангсолории Эмомалӣ Раҳмон баръало шаҳодат медиҳад. Рад ва ё шубҳа кардан ба эҳёи фарҳанги миллӣ дар замони истиқлолият, ин теша задан ба реша аст.
Сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нисбати муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун маркази фарҳангу тамаддуни тоҷикон бесобиқа буда, талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ онҳо ва сокинони шаҳр аст, ки имрӯз сйёҳони зиёде аз ин шаҳр диданӣ доранд. Симои шаҳри Душанбе дар даҳсолаи ахир куллан тағйир ёфта, дараҷаи рушду инкишофи он беандоза аст. Сохтмонҳои азим, биноҳои баландошёнаи истиқомативу маъмурӣ ва сохтмони варзишгоҳу майдончаҳои варзишӣ симои шаҳрро куллан дигар кардааст. Тахриб шудани биноҳои куҳна ва бино гардидани биноҳои замонавӣ доимо симои шаҳрро зебо карда омада истодааст. Ҳамон биноҳое тахриб шуда истодаанд, ки ба талаботҳои шаҳрдории замони муосир ва инфрасохторӣ он ҷавобгӯ нестанд.
Мутаасифона, гурӯҳу ашхосе дар ҷомеа зиндагӣ доранд, ки аслу пайкор ва ҳадафашон нигоҳи нигилистӣ ва душманиву бадбинӣ нисбати давлату миллат, фарҳангу забон ва ҳокимияту роҳбарияти он аст. Ташкилоти экстремистӣ – террористии “Гурӯҳи 24” дар сомонаҳои расмии худ тахриб шудани Чойхонаи Роҳат ва Театри академӣ – драммавии ба номи А. Лоҳутиро баҳона карда навиштааст, ки “тахриб кардани ҷойҳои таърихии кишвар фарҳанги ин миллатро нобуд месозад”.
Мо дар марҳилаи нави таърихӣ қарор дорем, роҳи консервативӣ ва ё куҳнагароӣ шиори ҳозираи рушду тараққиёт нест. Пас дуруст дарк кардан лозим аст, ки тахриб шудани биноҳои замони шӯравӣ маънои теша ба реша заданро надорад. Биноҳои замони шӯравӣ дар як марҳилаи таърихӣ вазифаи худро иҷро карда тавонистанд. Ба ҷойи онҳо биноҳое барпо карда мешаванд, ки дар марҳилаи дигари таърихӣ, давлату миллатро муаррифӣ мекунад.
Шарифӣ И.И.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев