сулҳ исботи ваҳшонияти наҳзатиҳо дар солҳои навадум
Солҳои навадум Иттиҳоди Шуравӣ барҳам хурд ва ҷумҳуриҳои аъзои он ба бунёди давлатҳои миллии соҳибистиқлоли худ шуруъ карданд. Мутаассифона, дар кишвари мо он замон неруҳои бадхоҳи миллат, дастнигари хориҷӣ ва иртиҷоӣ дар симои ташкилоти террористию ифротии наҳзати исломӣ сар бардошта, мардумро ба гирдоби мухолифату бадбахтиҳо мубтало карданд.
Муноқишаҳо, низоъ ва даргириҳои маҳаллию мазҳабие, ки дар саргаҳашон мансабталошону рӯҳониёни мутаассиби наҳзатӣ қарор доштанд, оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонданд ва садамаҳои ҷиддие бар ҷисму пайкар ва рӯҳу равони миллати мо ворид гардид.
Дар натиҷаи ҷангу даргириҳои солҳои навадум зиёда аз 150 ҳазор нафар ҳалок гардида, садҳо ҳазор шаҳрванди кишвар рӯ ба муҳоҷирати иҷборӣ ниҳод. Ҳамчунин, дар натиҷаи ҷангу даргириҳои хунин сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардида, корхонаҳо аз кор монданд, ҳазорон нафар бехонаву дар, ятиму бепарастор ва бесарпаноҳ монданд. Тоҷикистон бар асари ҷанги дохилӣ нисбат ба ҷумҳуриҳои дигари собиқи Шуравӣ дар солҳои навадум қафо монд.
Хушбахтона, моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи сарнавиштсози 16-ум, ки дар Хуҷанди бостонӣ дир гардида буд, Ҳукумат аз нав таъсис ёфт ва қабл аз ҳама, сари бартараф кардани низоъ ва даргириҳо, ба ҳам овардани мардуми маҳалҳои ҷумҳурӣ, эҷоди ваҳдати миллӣ, баргардонидани гурезаҳо, боло бурдани иқтидори сиёсӣ ва танзими умури давлатӣ тамаркуз кард.
Ҳамин тавр, хотима ёфтани ҷанги ҳамватанӣ, расидан ба марҳилаи ризоияти миллӣ, сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣ ба саъю талошҳои бевоситаи раҳбарияти олии давлат марбут будааст. Гузашта аз ин, бо ташаббус ва ибтикороти раҳбарияти давлат мушкилоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва мадании кишвар марҳила ба марҳила ҳаллу фасл гардида, мамлакат аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ раҳонида ва фазои солими ваҳдати миллӣ фароҳам оварда шуд.
Аммо зарар ва зиёни моддию маънавии ҷанги шаҳрвандиро, бемуҳобо, метавон ҳанӯз ҳам дар симои насли миёнсолу солманди кишвар мушоҳида кард. Имрӯз нуктаи ҳассосе, ки аз замони ҷангу даргириҳои солҳои навадуми асри гузашта дар ёду хотираҳо амиқ нақш бастааст, даҳшату ваҳшати ҷанг аст: хушунату озор, шиканҷаву заҷр ва қатлу куштори дастҷамъонаи одамон, ки аз тарафи гурӯҳҳои ифротгаро ва тундрав дар маконҳои махсус амалӣ мегардиданд, ҳатто имрӯз ҳам даҳшат меафкананд.
Наҳзатиёни террорист он замон фаъолияти экстремистии худро тақвият бахшида, минбаъд ба фаъолиятҳои террористона пардохтанд. Кушторҳои бераҳмонаю ваҳшиёнае, ки дар дохили бинои ҳаммоми совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Вахш дар соли 1992 ҷинояткорони наҳзатӣ анҷом додаанд, назирашро таърих ёд надорад.
Чунин даҳшате ки онҳо ба дасти хеш ҳамватанашонро кушта ҳатто пора – пора кардаанд, ҳеҷ тоифае ғайри наҳзатӣ анҷом надодааст. Имрӯз аз он ҳаводиси даҳшатоваре, ки бар сари муаллимону духтурон, муҳандисону зиёиён ва аҳли ҷомеаи мадании манотиқи кишвар ин террористон ба вуҷуд оварда, ҳазорон ҳазорро дар қатлгоҳи ҳаммоми он савхоз - техникум ба қатл расонидаанд, солҳои зиёд гузаштааст. Аммо ҳаводиси мазкур ҳамчун доғе дар таърихи миллат боқист.
Ин гурӯҳи ҷинояткор имрӯз нашармида аз миллату инсоният ҳарф мезананд, лекин хиёнатҳояшон ва аъмоли фоҷиаборашон аз ҳуҷуми чингизиён ба минтақа камтар нест. Бадтарин шеваҳои қатли инсонро дар ин минтақа нисбати ҳамватани худ раво дидаанд, ки онро ҳеҷ касе ба хаммеҳани худ раво надидааст.
Ҳаммоми «Туркманистон» то имрӯз мавҷуд аст ва аз қотилию ваҳшоният дигар ҷиноятҳои сангини саркардаҳои ташкилоти мамнуъ ва террористии наҳзати исломӣ шаҳодат медиҳад.
Қотилони наҳзатӣ, ки мухолиф ба сулҳу суботи кишвар буданд, тамоми неруҳоеро, ки барои барқарории оромию тартиботи қонунӣ мекӯшиданд, террор мекарданд. Аз ҷумла, 7 апрели соли 1993 дар дараи минтақаи Пшихарви ноҳияи Дарвози ВМКБ 17 нафар низомиёни қазоқ, ки дар ҳайати неруҳои посдори сулҳ дар Тоҷикистон фаъолият доштанд, зимни ҳамлаи террористони ТТЭ ҲНИ ҳалок гардида, шумораи зиёди онҳо захмӣ шуданд. Мардуми Тоҷикистон ҳаргиз номи нек ва корномаи ин низомиёни дар роҳи барқарории сулҳ ҷон фидо кардаро фаромуш нахоҳад кард.
Маъруф Ашуров,
пажуҳишгар
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев