ё туй чаноза шуд.
Давомаш
Бехруз занг мезанад ва Суман тел бардошта хомуш меистад зеро раками бегона буд!!!
Суман Суман ин ман Бехруз овоз меояду Суман аз овоз мешиносад ва чавоб медихад Лаббай гуш мекунам ассалом мегуяд ва аз шунидани овози Бехруз дилаш ё аз шоди ё аз нохост занг задани Бехруз меларзид!
Бехруз чавоби салом мегирад ва мегуяд.ки ба наздики барои саропо харидан бозор мераванд ва баъди як мох туй! Суман каме шарм дошта сухан нагуфта меистад баъд мегуяд:И иии дарсхоямон чи мешавад охир акнун мохи сентябр сар кардем? Бехруз мегуяд:Чони ширин ту хавотир набош ман розиям .ки ту дарсро давом дихи хатто барои кор карданат хам ман монеъ нестам!!
Суман хамикка хурсанд буд зеро на хамаи духтаронро баъди туй шавхарашон хондан ё кор кардан
мемонданд!
Ташаккур чавоб дод Суман!Хайр чони ширин хурсандии ту хушбахтии мост гуфт Бехруз!Хайр Суман боз дар тамос мешавем гуфту тел хомуш кард!Ин занги аввалу охирини Суман ва Бехруз шуд!!!!
Бехруз аз чи бошад.ки бо ким кадом чавонхо чанг мекунад ва уро дар танхои дошта хело ба сару руяш чандкаса шуда муштборон мекунанд!Инро Бехруз ба касе намегуяд аммо аз дарди сар сахт азият мекашаду дарсро монда ба хонааш меояд.Дарди сар уро чунон сахт буд.ки маълум гашт ки вакти занозани магзи сараш лат хурдаву хун гирифтааст!Аз хонаводааш хело хост Суманро як бор оваранд аммо онхо то охир хостанд. ки бо муолича ери диханду Бехруз сихат ёбад!Аммо у сихат намешуд.Аз хонавода хохиш кард.ки ба Суман бирасонанд;Ман ба Суман хушбахти ва хушихои зиндагиро хохонам илохо хушбахт бошад.Маро ки имруз ваъда кардаму ба ваъдаам наистодам бубахшад!!!Хамин тавр Бехрузи чавонамарг то охири нафас нагуфт ки ки уро то ба ин хол расонидааст!!То охир ба рохи Суман чашмонаш чор буд ки як бор бубинад аммо Суман дар дарс дар шахр буд ва аз холи Бехрузаш хабар надошт ва касе хабар надода буд!.
Суман он рузи бо Бехруз дар тамос шуданаш хело шод буд ва хар шом то дер дар орзухои шерини худ буд!Сахар боз мактаб мерафт!Хамин хел рузи 12 сентябр аммаи Бехруз ба хонаи Суман омада Суманро фарёд карданд!Суман аз шахр ба деха рохсипор шуд!
Дар мошин шофёр мегуяд.ки чавоне аз ин деха мурдааст аммо Суман ба ин ахмият надода хатто напурсид.ки кист он чавон!Хонаашон расиду ба хона даромад.ва модараш низ гуфт ки аз чаноза омадааст.Аммо Суман боз напурсид.ки ки мурдааст?!
Корхои хонаро кард ва модараш духтараки азизашро натавонист бигуяд.ки Бехруз мурдааст.Аз чи бошад.ки хама хап буданду хона низ хавои хурсандиву шоди надошт!Суман назди оина истоду муйхои дарозашро бо хавас шона мекард.ки дугонахояш аз шахр омаданашро бохабар шуда ба дилбардорияш омаданд аммо диданд.ки Суман хабаре надорад.Онхо хохиш карданд.ки Суман об биёрад ва ба чойе нишинад онхо гуфтание доранд! аммо Суман шухиомез гуфт:Ой Нигиначон чи гуфтани дори бигу ман гуш мекунам рост истода туро нагз гуш медихам мегуфту хамоно хост муйхохи дарозашро чамъ карда гундорад!Нигина ки дугонааш буд гуфт ::Суман хама миранда аст хама омадем ва рузе меравем аммо намедонем кай?!
Суман бо таъачуб омаду пурсид ту чи гуфтани дугоначон?Суман худро ба даст бигир Бехруз мурдааст гуфт Нигина!!!Ин дам хуш аз сари Суман парид вай каме шах шуду баъд аз хуш рафт.Нигина аз тарс дод зад ва модари Суман омада об пошиданду уро ба хуш оварданд!Аммо Суман баъди ба хуш омадан на дастро ва на пояшро хис мекард лекин Бехрузчон гуён дод мезаду тамом.Баъди андаке у хост танхо монад ва хамаро берун кард ва дар хучраи танхо факат дод мезаду Бехруз мегуфт дод мезад ва мегуфт:Чаро маро партофта рафти чаро мани бебахт ба ишки ту содик будаму аммо имруз ман ошики танхою саргардонам.Кучо он нигоххои зебою суханхои ширини ту... ман акнун аруси дилшикаставу гамдидаи зиндагии умри чавони худ хастам... чи гуна дилат шуд.ки маро монда рави Бехрузчон мегуфту мегирист.Шаб шуд ба ситорахо нигох карду боз нола мекард.ки чаро ин рузи сахт барои ман омаду ин кадар орзухояш барбод рафтанд чаро дили ошикон ишки поки онхо имруз зери хок шуд хамин тавр Сумани дилшикаста хамрохи Бехруз дили ошикашро гуронид!Ишки Суман ва Бехруз ишки пок акнун зери хок шуд!!!Суман баъди чанд руз ба дарс рафт у дар беморхона даромаду ба дарс менишаст аммо на медиду на мешунид!!!
Суман каноат накарду рузе хеста ба деха омада ба хонаи Бехруз омад Модари Бехруз диду аламаш нав гашта Суманро огуш карду дод занон гуфт::Биё духтарчон кош бо куртаи сафед ба ин даргох бо Бехрузи ман дасто ба даст меомади ман аз номи писарам узр мепурсам.ки писарам туро хушбахт накарда рафт ба ваъдааш наистод мегуфту мегирист.Суман модари аламзадаи Бехрузро дида гаштаву баргашта мегирист.
Баъд пурсид;Бехруз касал надошт чи гуна якбора мурд?Модари Бехруз гуфт:Уро чанд нафар чавонон ба сараш мушту лат задаанду у ба касе нагуфтааст ва то охири нафас нагуфт ки ки задааст ва мо инро
садамаи нохуш мехисобем!!!
Суман инро шунида ба худ касам хурд ки то нафаси охир кушандаи Бехрузашро меёбад !!!Ва то хол дар чустучуйи он номардон аст!!!
Ана ин буд киссаи талхи Суман ва Бехрузи чавонамарг!!!
\\\Ман мехохам.ки чунин шахсони занандаю берахмро Аллох дар чазои бадаш бигирад!!
Бехрузро чояш чаннат ва хонаи охираташ обод бод! :-(
__________________________________________
МЕХОХЕД БОЗ КИССАХОИ БЕХТАРИНРО ХОНЕД?
ПАС, БА ГРУППАИ МО ПАЙВАСТ ШАВЕД;
https://m.ok.ru/?st.cmd=altGroupJoin&st.groupId=52358378160341
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 30
1000090900000... К
л
а
с
с!
Мастер Азия - Банозак 2017
>> http://rap.tj/audio/rest-pro-master-aziya-banozak/
Ссылка: https://youtu.be/aEmjBXbe98o
https://register.okexcloud.online/#/pages/views/invite-register/invite-register?InvitationCode=QLW3T1AW&packageName=com.okex.cloud