Миёни хавлии Полвон-амак келини хонадон
нимашаби мисли гулхани фурузоне месухту аз
дард дод задан мехост. Шавхари махмуру
нашъамандаш ин дам гирдогирдаш давида
истода бардуруг дод гуфта хамсояхоро барои
ёри даъват менамуд.
Полвон-амак даруни бистари бемори карахту
ночунбон хобида ин садоро мешуниду базуру
нимшунаво овоз медод:
-Ох келинчон, чи шуд охир? Ин дасту пойхои
фалачгаштаам намегузорад, ки аз чоям
бархезам. Боз ин бадкори писарам чи
номаъкулие карда бошад?Ба фикрам, ки ин
писар боз ягон чиноят содир кардагист. Хайфи
келини гунгакам.
Назокат миёни хавли дар оташи сузон месухту
аз дард дасту почак зада чонсарак медавид.
Аммо модарзод ки гунг таваллуд шуда буд,
садояш намебаромад. То хамсояхо расида
омадан аллакай чисми сухтаву лахт-лахт
гаштааш дар сахни хавли бо таври дахшатнок
титу пор гашта буйи сухтаи гушти одамиро ба
хар тараф пахн мекард. Мошини ёрии таъчили
расида омад. Аммо бефоида буд, чунки аз
Назокати нозанин дигар нишоне намонда буд.
Аммаи Назокат омада бо дигар хешовандони
дур чисми лахт-лахти Назокати берузиро
чамъ карда бурда бо обру дар кабристони
деха гурониданд. Шавхараш худро бардуруг
девонаву гамзада нишон дода гиряву фигон
мекард, ки «ох Назокати ман,маро партофта
рафт. Он шаб вакти хоби ман бехабар худро
алов зади, барои чи, маро танхо партофта
рафти».
Полвон-амак дар танхои гуфт, ки «гуш кун
писарам, ту он шаб чи балоро аз сар
гузарониди, факат росташро бигу, маро
тамоми мардуми ин нохия мешиносанд, шояд
ягон кумакат карда тавонам».
-Дадачон, шаб маводи мухаддир истеъмол
карда будам. Дар ёд надорам, ки чи шуду
чаро Назокат худро оташ зад.
-Эх беакл, ман туро ку медонам. Бигу,
росташро ту уро кушти?
-Дадачон…-Рустам худро болои бистари падар
партофта гирякунон гуфт:
-Ман шаб бо телефон бо як чураам гап задам.
Аз чураам сахт карздор будам. У гуфт,ки
шабона занатро ба хонаи ман меори ва ман
карзи туро мебахшам.Мани гумроху маст рози
шуда хостам, ки Назокатро ба наздаш барам.
Бо ишора ба Назокат накшаамро
фахмонидам. У ишора кард, ки харгиз ин
корро намекунад. Ва хост, ки аз хона
баромада равад. Ман сари кахр уро ду се
мушт фароварда сипас аз фонуси бобои ба
болои сараш керосин рехта бо гугирд уро алов
задам. Вакте, ки мадхушиам рафт, ба худ
омада пушаймон шудам, аммо бефоида.
Дадачон, чонамро харед, вагарна маро махбас
мекунанд.
-Ту хукми худро худат хондаи, дар ду дунё
гунахкор шудаи. Худованд ду одамро
намебахшад, яке котил, дигари худкушро.
Мефахми?
-Намедонам. Пушаймонам. Назокатро
куштам…
Полвона-амак давраи бардаму солим
буданашро ба хотир оварда ашки хасрат рехта
зери лаб гуфт:
-Ох очаи Рустам, ту чаро ба ман духтар неву
писар хадя карди?Муддати 27 сол бефарзанд
будему дар дами пири Худованд писар дод,
аммо ин писар балои чону ману ту гардид.
Зайнура бо Полвон муддати 27 сол зиндагии
орому хушбахтонае доштанд. Новобаста аз
гапи мардум ва хешу акрабо онхо ба фарзанд
надоштанашон нигох накарда, якдигарро дуст
медоштанд. Худованд дар синни 53 солаги ба
Зайнура писар ато карду дар ин хонадон
шодиву фарах бештар шуд. Акнун падару
модар уро чун гахвараки чашм эхтиёт карда
намегузоштанд, ки ба пояш хоре халад.
Рустам эрка калон мешуду чизи
мехостагиашро сари вакт дастрас мекард.
Баъди хатми мактаби миёна падар уро бурда
бо пули калон ба Донишгохи тибби дохил кард.
Аммо Рустам хамаги хафтмох дар Донишгох
хонду онро партофта ба як ширкати
мошинтаъмиркуни ба кор даромад. Падар
чизе нагуфта барояш мошин харид. Акнун
сари рули мошин нишаста бо чурахояш ба
сайру тамошо мерафт. Маъшукабозиро сар
кард. Дар хамсоякишлок туйи хамсинфаш
барпо гашту у хам рафт. Дар туйхона бо
духтари зеботарини деха, вале модарзод гунг
Назокат шинос шуд. Бо хиллаву найранг уро
ба мошинаш шинонда ба шахр бурду субхи
солехон гашта уро ба деха овард. Назокат
баъди ин ходиса дамдузду хаёли гашта аз
хобу хур монд. Вале бародари бадчахли у бо
ишора аз у тамоми хакикатро пурсон шуда, ба
хонаи Полвон омад. Полвон-амак аввал уро
дашном дода пеш кардани шуд, вале хамсари
мехрубонаш уро чанг карда гуфт:
-Писарам, зик нашавед, ман хохари туро
келин мекунам. Писарам ба кирдори кардааш
чавоб медихад.
Бегохи баъди ба хона баргаштани Рустам
модар аз у асли вокеаро пурсон шуд. Рустам
аввал исрор карда гуфт, ки ягон духтари
гунгро намешиносад. Аммо баъд икрор шуда
гуфт, ки хамон шаб ин духтараки гунгро фиреб
карда бо худ ба шахр бурдааст ва дар як
мехмонхона бо у шабро руз кардааст.
-Байнатон чи гап буд?
-Хама гап , очачон, аммо ман уро ба зани
намегирам. Ин гунгро гунг ба зани гирад, ман
соку саломатам.
-Туро, ки аклат чояшба мебуд, ин кирдори
разилонаро дар хакки духтари бегунохи
мардум содир намекарди?
-Оча, ин духтари гунг як ака ва як амма
дорад. Сагера аст, биёед пули калон медихем,
рози мешавад, ки аз бахри гунохам гузарад.
-Не, харгиз не, туй мекунем ва бо тантана ба
хона меорем.
-Агар, очачон ин гунгро ба хона оред, бо у
харгиз хамчун зану шавхар зиндаги
намекунам.
-Накун, аммо ин духтари гунг келини ман
мешавад.
Бо тую тамошо ва обруву иззат Назокатро
келин карда ба хона оварданд. Зебоии
Назокат бемислу монанд буд. Полвон-амак
уро чун духтари худаш дуст дошт. Бо хусуру
хушдоманаш муносибати хеле боодобона
дошт. Аммо Рустам ба у мисли гулом нигох
карда ахамият намедод. Чогахи хобаш аз у
чудо буд. Зайнура ин холати писари ягонаро
дида ба кахр меомад, дар танхои зор-зор
мегирист, ки чаро писараш чунин тарбия ёфт.
-Шояд уро эркаи бад калон кардем, дадеш?
-Оре, ману ту сахт ба хатои рох додем.
-Акнун , чи кор мекунем, ин аруси гунг гунохе
надорад, аммо писарамон бо у мисли саг
муомила мекунад.
-Бехтараш хануз фарзанд наёфта шояд уро
бурда ба хонаашон монем. Танхои бехтар аст
аз чунин шавхардори?
-Не, ин фикратон намешавад.Охир ин духтар
касе надорад ба гайри як бародари касаливу
аммаи кабагалаш.
-Пас, факат ба такдир тан додан лозим аст.
Шояд худованд ба дили писари мо мехри уро
андозаду хамааш хуб шавад.
Рустам пинхони дар як тарабхона тую тамошо
карда зани шахри гирифт. Рузе ин хонуми
оростаи шахри гуфт, ки маро ба хонаат бубар,
то зани гунгакатро бубинам.
-Майлаш, аммо ин кори ман ба падар ва
модарам махсусан шояд писанд наояд. Биё,
бехтараш то чудо шудани ман аз ин гунг ба он
чо нарав.
-Меравам, агар набари, аз ту чудо мешавам.
-Не, не харгиз чунин суханро ба забон наор.
У рузи дигараш зани дуввумашро ба хавлии
падар бурд. Дами дарвоза аруси гунгакаш дар
интизори шавхар дарвозаро кушоду
шавхарашро бо зани кадбаланди нозанини
шахри диду дар чояш сукут кард. Аз дилаш
гузаронид, ки ин зан ба шавхараш одами
наздик аст. Вагарна чаро аз дастони у дошта
истодааст.
-Ха, нигох дори? Зудтар очаамро фарёд кун.
Зайнура ба берун баромаду зани бегонаро бо
писараш дида кавокашро гирифта базур
саломашонро алек гирифт.
-Салом, ин ки ?
-Ин дустдоштатарин зани ман аст, очачон.
Аруси гунг ба ман зан нест, ин аст зани асосии
ман.Номаш Тахмина, шинос шавед.
-Чи у бо занат зиндаги мекунад?
-Албатта.
-Аз худои болои сарат наметарси?
-Оча, бас будагист. Охир ин зан мехмон аст.
-Мехмонат аз худат.
Назокат зуд назди Тахмина дастархон
кушода чою нон овард. Дар як дам аз нуклу
магзу мева дастархонро пур карду аз пайи
хурокпази шуд.
-Ин гунгак гуломи тапа-тайёр будааст ку.
Инро сар надихи хам, мешавад.Корои хонаро у
мекунаду ман кайф карда худамро ороиш
медихам. Яъне ки ман барои ту мебошам. У
барои кору бори хона, хурокпази.
-Рост гуфти, ин гункака боз маро бо таври
худаш сахт дуст медорад.
Назокат бо табаки оши палави сергушт ба
хона омаду бо ишора гуфт, ки ба хурдан огоз
намоянд.Хост, ки сари дастархон бо онхо
нишинад.Аммо шавхараш бо ишора
бадкахрона гуфт,ки рав аз ин чо.
Назокат махзунона аз хона давида баромад.
Хушдоман уро дар берун бо чашмони ашколуд
дида ба наздаш фарёд кард.
-Гиря накун, келинаки безабони ман. Ин рузхо
хама мегузаранд. Ин бачаи беакл окибат сари
худашро мехурад.Факат, ту токат кун.
Акнун Тахминаи тамбалу бадзабон дар хонаи
онхо маскан гирифта, бо хар бахона бо
хушдоману хусураш чанг мекард. Гоххо бо
Назокат хам радду бадал карда ишора
мекард, ки хуроки пухтааш ба у писанд
наомадааст. Назокат бо кираи чашм ба у
нигариста меистод:
-Чи нигох дори? Гунги гулом. Даф шав аз
пеши чашмам.
Зайнура аз бетамизиву бадгуфтории Тахмина
ба дод омада хар бегохи ба писараш мегуфт,
ки ин ноадолати ба дилам зад. Ё зани
дуввуматро аз ин чо мебари ва ё ман туро аз
мером махрум карда хонаро ба номи келини
гунгам мегузаронам. Ин хукми модар писарро
девона карду у сари чахл муште ба сари
модар фаровард. Ин мушти марговар модарро
аз по афтониду у бистари шуд. Дилаш ба
дард омада фишори хунаш баланд шуд. Аммо
ба касе сир бой намедод, ки писараш ба сари
у мушт бардоштааст. Баъди ин ходиса у шаш
мох касал шуду шабе аз сактаи калб дилаш
кафида ба халокат расид. Як руз пеш аз
маргаш аз Полвон хохиш кард,ки хонаро ба
номи ин гунги бегунох гузаронад.
-Чаро занак, чунин мегуйи? Охир Рустам
писари ягонаамон аст, маро напарто, Зайнура,
ман хам мемирам.
-Ин тавр нагуй, Худованд ба хар кас хар хел
умру насиба додааст. Насибаи ман хамин
кадар будааст. Писарамон писари шайтон аст.
Агарчанде ман уро тавлид карда бошам.
Дилам озурда ин дунёро тарк мекунам.Дар он
дунё якчоя мешавем. Дидор дар киёмат.
Полвон-амак баъди марги хамсари
мехрубонаш бемору хардамхайёл шуда, руз ба
руз саломатиашро аз даст медод. Вакте, ки
Рустам дарак ёфт, ки хавлиро ба номи
Назокат гузаронида ба у падараш тухфа
кардааст, сахт ба газаб омада боз даст ба
сари падар бардошту уро таги мушту лагад
гирифт. Хамсояхо онхоро аз хам чудо
карданд. Тахмина баъди огахи ёфтан аз ин
икдоми хусураш кахр карда баромада ба шахр
рафт. Рустам бо чурахои бадмасташ то
нимашаби мегашту танхо карибихои субх
масту махмур ба хона бармегашт. Назокат
шавхарашро мисли бут мепарастид. Хамин ки
уро медид, мисли себи аргувони рухсорахояш
суп-сурх мешуданд. Дар калбаш шефтаи
шавхараш буд. Харчанд Рустам уро мисли зан
намедонист ва кабул накарда буд, аммо
Назокат бо таври худ уро дуст медошт. Барои
Рустам хозир буд,ки чонашро нисор кунад.
Баъди рафтани Тахмина, Рустам хеле тагйир
ёфта, боз хам бадкахртар гашта буд. Акнун ба
нашъакаши сар карда тамоми чизу чораи
хонаро бурда мефурухт. Полвон-амак бо
сабаби гирифтани сактаи калби дасту пойхояш
фалач гашта дигар аз чогах бархеста
наметавонист. Назокат хизмати уро карда
чогахашро тоза мекард, барояш хурок мепухт.
Рустам хамон шаби сиёх бо кадом чурааш
сахт чанчол карду у карзашро пурсон шуд ва
гуфт, ки агар хамин шаб зани зебои гунгакатро
ба назди ман биёри, ман ними карзатро
мебахшам. Рустами масту мадхуш аз гиребони
хамсараш дошту ишора кард, ки хамрохи ман
назди чураам мерави, либоси зебоятро
бипушу атру упо зан. Ин ишораи шавхар
Назокатро кариб,ки аз акл берун созад. Дод
задан мехост,садо надошт.Дарду алами
пинхонаш дар калби кучааш мегуриду аз
зиштихои дунё фигон дошт. Хамин вакт
шавхари шайтонсифаташ фонусро аз назди
тиреза гирифту ба болои сари Назокат пошид.
Назокат аз ин хиллаи шавхар чизеро сарфахм
нарафта бо ишора зори кард, ки уро ба чое
набарад. Аммо Рустам «туи гунг хаёти маро
сухти»гуён гугирдро гирифту оташ зад. Гулхани
фурузон пеши руяш чонхавлона медавиду
садо надошт.Аммаи Назокат аз руйи Рустам
шикоят карда аз муффатишон хохиш кард, ки
бори дигар сабаби худкушии Назокатро тахкик
намоянд. Баъди тадкикоту тахлилу пурсучуи
зиёд кормандони прократура котили аслиро
дар асоси шохидии Полвон-амак дарёфтанд.
Рустамро хабси якумра карданд. Аммо арвохи
Назокат ноором уро девона карду дере
нагузашта шабе уро дар бистараш бо тани
сарду карахт дарёфтанд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 18
Мастер Азия - Банозак 2017
>> http://rap.tj/audio/rest-pro-master-aziya-banozak/