Орифчон бо хамрохии хамсару фарзандон либосхои
идона ба бар карда рохи варзишгохи марказиро пеш
гирифтанд. Он чо гурухи дустдотаашон «Икбол»
консерт нишон медод.Ахли оила чой гирифта
нишастанд. Ногах зани дар пахлуи Орифчон нишаста
нихтааш кард:
-Орифчон, ин шумо ми?
Аз овози ширину ким чи хел ошно як кад париду ба
хампахлуяш нигарист. Зуд шинохт чашмони бодомии
афсунгарро.
-Ин туи Хусния, салом. Зиндагиат чи хел?
-Шукри Худо гаштем, шумо чи хел?
-Мана, чи хеле , ки мебини бо хамсари мехрубону
кудакони дуструям хушбахту саодатмандам.
Орифчон зану фарзандонашонро бо Хусния шинос
намуд.Хусния аз сар то пои зани Орифчонро
бодиккат вз назар гузаронида хавобаландона гуфт:
-Янга, номи ман Хусния, аз шиносои бо шумо шодам.
Хусния боз чизе гуфтан мехост, аммо дахони баста
сад тилло гуён хомуш нишаст. Харду гуё саргарми
тамошои раксу навои хофизону ракоссахо буданд,
аммо ин дам дилњо беист тапида розу ниёз доштанд.
Агар хамсару кудаконаш хамрохаш намебуданд, шояд
Ориф уро сахт ба огуш гирифта аз лабони майгунаш
бусахои пазмониашро мегирифт. Хусния тамоман
тайгир наёфтааст. Хамон чашмон, хамон нигоху хамон
табассуми мафтункунандааш дар лабонаш давр
мезаданд. Орифчон ин лахзахо бо тамоми хастиаш
мехост хумори дахсолаашро шиканад. Бо хаячон
дуздида-дуздида ба Хусния менигарист, калбаш ба
таппиш омада аз худ бехуд шуд. Духтари хурдиаш ин
дам аз домони модар кашида гушна мондам гуён
инчики кардан гирифт:
-Хусния, кани хапакак шин. Вагарна ана ин холаат
духтур аст, хозир туро укол мекунад-гуён зани
Орифчон кудакро ором кардан хост.
Дили Хусния аз шунидани номи худаш якбора реш-
реш шуду зери лаб наход гуфт. Консерт хам ба анчом
расиду онњо аз чой бархестанд. Хусния бо Ориф
хайрухушкунон охиста гуфт:
-Орифчон, ман дар мактаби назди хонаамон
муаллима шуда кор мекунам. Тарафхои мо мехмони
биёед. Ин суханонро гуфту Хусния бошитоб ќадам
зада аз онњо дур шуд.
Хусния ба хона расидан замон чизе нахурда худро
руйи бистар партофт. Аз тахти дил гириста худ ба
худ мегуфт:
-Сазои мани беандешаву булхавас хамин аст. Чаро
дар вакташ уро дар нимарохи зиндаги партофтаму
Некрузи нашъамандро интихоб намудам. Чаро?
Хусния яке аз духтарони зеботарини Донишгох ба
хисоб мерафт. Тамоми чавонписарони гурухашон
ошики у буданд. Аммо дили Хусния танхо ба як
нафар моил буду ба номахои ошиконаи у чавобхои
самими менавишт. Некруз аз нигоххои гарму номахои
чавобии Хусния магруру сарбаланд шуда ба хама
мегуфт, ки у дили шохдухтари пушти кухи Кофро хам
меёбад. Дар хакикат, Некруз ба кадду басти
баходурона ва абрувони пайвасту чашмони хумориаш
байни дигар хамсабакон фарк карда меистод. Дар
дилёбиву хозирчавоби ку устухон надошт. Акнун
хамсабакон зуд-зуд Некрузу Хуснияро якчоя
медиданд. Хусния ба Некруз мехру мухаббати самими
дошту бо чону дил дусташ медошт. Вале Некруз аз он
чавонхои пулмасту мугамбире набуд, ки мафхуми
ишку вафодори барояшон бегона аст. Аз дустдории
Хусния истифода бурда номаъкулихои зиёде мекард.
Некрузи бо чурахояш шартбаста Хуснияро бо телефон
ба вохури даъват менамуд. Фахр карда мегуфт: агар
ман хохам, Хусния аз бахри падару модараш гузашта
думи маро мегирад. Хакикатан хам Хусния ин
дакикахо касеро намедиду касеро намешунид. Хушу
ёдаш ба Некруз банд буд. Рузе як дугонааш хабар
овард, ки Некрузро бо зани бешавхари секудакдор
дидааст. Ба дили Хусния оташ фитоду пурсучуи зиёд
карда сурогаи он занро дарёфт. Зан Махбуба ном
дошта бо фарзандонаш дар хавлии бохашамат
алохида зиндаги мекард. Шавхараш дар махбаси
якумра буд. Некрузро бошад тасодуфан дар бозор
дида шинос шудааст. Некруз касам хурдааст, ки уро
никох карда ба зани мегирад. Ин хакикати талхро
шунида Хусния бо Некруз чанчол бардошт. Некруз
бошад шарм надошта касам мехурд, ки ягон хел
Махбубаро намешиносад. Аз ин найрангу дуруягии
Некруз Хусния якбора ба газаб омада ба руяш туф
карду гуфт:
-Туф кардам ман ба туву ишки ту. Аз њамин руз сар
карда ману ту бо хам бегонаем. Баркасди ту
дигарашро меёбам.
Хадафи касди у Орифчон гардид, ки дар дигар шуъба
тахсил мекард. Хусния кайхо медонист, ки Орифчон
нисбати у таваччухи хосса дорад. Гоххо бахона кофта
назди у барои китобе меомад, гахе аз у барои
омухтани забони англиси кумак мепурсид, Токати
Орифчон ток шуду рузе изхори мухаббат намуд.
Хусния ки худ хамин рузро интизор буд, рози будани
худро нишон дода гуфт, ки кайхо боз Орифчон хам
ба у писанд аст. Орифчон барои Хусния хатто рози
буд, ки чонашро нисор созад.Барояш њар субњ
гулдастаи тару тоза мехариду бегохихо бошад хамрох
ба тарабхона рафта хуроки шом мехурданд. Борхо
Некруз дар хилват ба Орифчон дар хакки Хусния
гапхои пасту баланд гуфт, аммо Орифчон ба суханони
у ахамият надода муносибаташро бо Хусния идома
медод. Падару модарашро хам барои хостгори ба
хонаи онњо фиристода розиги гирифт. Маросими
ноншиканону фотихаро бо шукухи зиёд барпо намуда
акнун бояд ба туй тайёрї медиданд, аммо…
Хусния боз бо Некруз ошти шуду ин овоза ба гуши
Орифчон расид. У ба овозаи мардум бовар накарда
аз Хусния асли вокеаро пурсон шуд. Хусния
бепарвоёна дар чавобаш гуфт:
-Оре, ман Некрузро баробари чонам дуст медорам.
Барои хиёнаташ шуда бо ту шинос шудам. Ин хама
баркасди у буд. Аммо имруз Некруз боз пушаймон
назди ман баргаштааст. Барои хамин метавони чизу
чораи барои туй фиристодаатонро гашта бари. Ту
инсони хуби, холо бехтарин духтарро меёбї. Маро
бубахш..
Нимашаб Орифчон номаълумакак аз бистари хоб
бархесту ба берун баромад. Уф мекашиду суханони
охирини Хуснияро ба ёд меовард.Дидори имруза боз
бедор сохт ишки талхи деринаашро.
-Эх Хусния, чаро ту ишќи поки маро пешпо зади. Бе
ту ба ман хеле мушкил буд. Чи кадархо дар ишкат
сухта будам. Аммо бо гузашти ваќт зиндагиамро бо
дигаре огоз кардам. Вале ин дили дустдор хамеша
моили ту буд. Диле ки дуст медорад,хеч гох бад
дида наметавонад.
Бидоди касри ишкамро ту барбод,
Намуди хонаи бегона обод
Намедонам, чаро ёдат кунам боз,
Ачаб расмест , расми одамизод…
Боки дар аммони Худованди мехрабон.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3
Мастер Азия - Банозак 2017
>> http://rap.tj/audio/rest-pro-master-aziya-banozak/