👩🦰💍👩🦱 Мард дар баробари доштани зан боз бо як шаҳрванди Узбекистон никоҳи мусалмонӣ намуда, зиндагӣ мекардааст
⚡️Суди шаҳри Панҷакент як сокини ҷамоати Саразми ин шаҳрро барои дузанагӣ ҷазо дод.
🔹Сомонаи суди шаҳри Панҷакент дар як хабар, ки 2-юми июл нашр шудааст, аз гунаҳкор Ҳ. З ном бурд.
🔸Гуфта мешавад, ки Ҳ. З соли 2014 бо як сокини ҳамин шаҳр оила барпо карда, соли 2016 аз қайди никоҳи расмӣ мегузаранд ва дар зиндагии якҷоя соҳиби чаҳор фарзанд мегарданд.
Гуфта мешавад, ки Ҳ. З соли 2021 бо як нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Узбекистон шиносоӣ пайдо намуда, “дар натиҷаи пайдо шудани меҳру муҳаббат байнашон бо хоҳиши якдигар соли 2023” никоҳи мусулмонӣ карда, аз соли 2023 то инҷониб Ҳ.З дар як вақт бо ду зан К.Д ва Э.Б хоҷагии умумиро шурӯъ намудааст.
⚡️Суд нисбати Ҳ. З бо моддаи 170 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ таъин кардааст.
❗️Дар Тоҷикистон мувофиқи моддаи 33-и Конститутсия бисёрникоҳӣ манъ аст.
Бознашр аз ер.тч
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2