🥀🥀🥀🥀🥀🥀🥀🥀🥀🥀🥀🥀
Муаллиф хонандаи гурӯҳ.
Дилором хамаи корхояшро ба мо гуфт, Падарам ба хонаводаи чавон сухбат карда туйи аруси Дилоромро муян карданд..
Дар махалаву кучахо хама дар бораи хомила шудани Дилором харф мезаданд, Дилором бошад наьлат бар хамон руз мехонд ки гуфтахои амаямро гуш карда бо чавони шавхаршавандаш шинос шуд..
Амаям бошад баьд аз Фош шудани хомиладори Дилором ба Падарам худро сафедкарда Дилоромо гунахгор шуморид ва сини бибиям гуфт, мо медонистем Дилором бероха аст барои хамин мо келин накардем, ба духтарони ман бингар чи кад бо обру ба шавхар баромаданд ин Дилороми ятим бошад бо як шармандаги шавхаркардаистодаст, хафт пушти мо гирифтори чунин нанг набуд холо бошад ин Ятим обруи моро бурда сари моро хам кард, бо чунин суханони другаш хост Дилоромро паст занад, дар асл Дилоромро ба ин кор бурдаги хамин амаям буд..
Падарам хамаи харочотхои Дилоромро бар ухда гирифта туйи аруси Дилоромро шуру кардем.
Падару Модарам рузи туй хушхолона туйро пеш бурда истода будан шах омад арусро бурдани шуд Амаки бадчахлам аз мухочират ба Падарам занг зада гуфт ту шарму номус надори баьди ин кадар корхои кардаи Дилороми ятим бозам бо либоси сафед аз хона баровардаистодаи? Кани номусат? Дилором моро шарманда кард сари моро хам кард ту боз бо либоси сафеду хушу хурсанди арус карда ба шавхар додаистодаи? Кани номусат? Ту як беномуси гуён падари манро амакам бо суханонаш гипноз барин кард Падарам хашмгин шуда хост аз хона баромада туйро клет кунад, аммо Модарам дид ки Падарам хашмгин аст аз даруни хона баромада туйро вайрон кунад, Модарам дархол дари хонаро кулф заду худаш Пеши дарро гирифта сад илтичо карда гуфт, ба гуфтахои акаят ахмият нате Дилором як ятим ва рузи туйи арусиаш аст панч минут токат кун шах арусро барад баьд аз хона баро, аммо Падарам ба гуфтахои Модарам гуш надода Модарамро хост аз дари хона дур карда дарро кушода туйро вайрон кунад натавонист Модарам дарро сахт дошта буд, Падарам харчанд Модарам мезад то ки аз назди дар раваду худаш барояд, Модарам намерафт дарро сахт медошт харчанд такроран мезад модарамро, Модарам аз назди дар намерафт, дар хавли бошад шах Дилоромро бурдаистодааст, дар хона бошад Падарам модарамро задаистодаст то ки аз назди дар равад, ин ходисаро ман дида токат накарда рафта ба Сураё ба апаи Дилором хабар додам ки ба шах гуй тезтар арусро барад, ва гарна Падарам аз хона баромада туйро вайрон мекунад, Сураё гуфтахои манро ба шах расонда арусро соресема аз хона бароварда бурданд, Модарам шунид ки арусро бурданд аз назди дар рафт Падарам дарро кушода ба хавлии хона баромада хост аз пушти Арус рафта чазояшонро дихад аммо рахмати бибиям монеи рафтанаш шуд..
Баьд аз бурдани Дилором хамаи Амакону Амахоям дар хона буданд Хечкасе аз хешовандонамон аз пушти Дилором нарафтанд, Дилором худаш ва апаяш Сураё рафт тамом..
Бибиям ки 79 Сол дошт бо гиряи аламнок ба фарзандонаш гуфт ин набераям Дилоромро ягонтаи шумо келин накардед, дар холи зинда буданам шумо зиндагии Дилоромро мубадал ба Чаханнам кардед, хатто дар рузи туяш бечори набераам бо ашки гирен аз хона рафт, шумо фардо дар назди Худо чи чавоб мегуед? Шумо аз чони ин ятим чи мехостед?
Фардо рузи Киемат рахмати бародаратон аз шумо пурсанд чаро бо фарзандони ман чунин кардед шумо чи мегуед?..
Бибиям бо аламу гиря фарзандонашро маломат карду ба утокаш гиря кунон даромад.
Бибиям хамеша бо еди Дилором буд набераи бетакдирам манро бубахш гуён гирен буд.
Баьд аз 6 мохи туйи Дилором бибиям мариз шуд ба кавле 3 бор давлени зад, тамоми аьзояш аз кор монд чумбида наметавонист, Дилором аз шунидани маризи бибиям хабар ёфта борхо мехост ба аёдати бибиям биёд аммо аз амаконам тарсида намеомад.
Бибиям дар рузхои охири умраш ба Сухан даромад хамеша Дилором Дилором мегуфт, боре ман пинхони ба телефони худам ба Дилором занг задам, Дилором бо бибиям сухбат кард.
Бибиям гирен шуд танхо мегуфт Дилором манро бубахш ки туро аз бадхохон мухофизат карда натавонистам ва мегуфт зиндагиатро сахт кап ба умеди хечкас машав,танхо ба Худо тавакалкун, баьд аз гуфтугу бо телефон аз байн 5 руз гузашт бибиям ин дунёро падруд гуфт, Дилором хабари марги Бибиямро шунида ба чанозаи Бибиям омад аммо амакони бадбахтам нагузоштан то ки Дилором руйи бечони Бибиямро бинад хатто аз хонаву аз куча берун карданд Дилоромро...
Давом дорад
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4