КОНУНИ ИШК
( кисса) кисми 4
Баъди аз хизмати харби омадан фахмидам, ки хаёти бемодари дар зиндаги чи кадар талх будааст.Рузона хамин ки дар хона гамгин мешудам, баъзан ба сари гури модар рафта дар хакки у дуо мекардам, ки дар рахмати Худованд бошад.Моиндарам факат дар гами фарзандони худаш, ба ман он кадар руи хуш намедод.
Рузе дар сари дасторхон ба падарам гуфтам.
- Падарчон, аз вакте ки ту пас аз вафоти модарам зан гирифти, хаёл мекунам, хушбахти аз хонаи мо рафтааст.Падарам суханхои маро шунида, як охи чукуре аз калбаш бароварда, чунин гуфт:
- Бачам дар хона агар зан набошад, чароги хонаро ки фурузон мекунад,ки ба мо обу авкот мекунад,ки либосхои моро мешуяд, ки хамир карда ба мо нон мепазад.Фикр мекуни, ман падарат ба хохиши худам зан гирифтам.Ту хам бачам вакту соаташ биёяд оиладор мешави,- мегуфт падарам.
- Падарчон, соли модарамро гирифтем, ман бояд зан бигирам
- Максади хар як падару модар дар зиндаги хамин аст! Хаир, агар ягон каси нагздида дошта боши, бигу аз паи зангирии ту шавем,- ба руям нигох карда пурсид
бо падарам дар бораи Гулхавас, оилаи онхо маълумот додам.
Рузи истирохат тагоятро гирифта ба хонаи духтардор меравем, шояд гапи моро гиранд,- пешниход кард падарам.
- Ин пешниходи падарро ба дустдоштаам занг зада гуфтам.Гулхавас, ки маро аз сидки дил дуст медорад, ин муждаи маро шунида хурсанд шуд.
Рафтани падараму тагоям ба хонаи онхо барои ман хушбахти наовард. Падари Гулхавас рози нашуд, ки духтараш ба ман хонадор шавад.Ва хатто ба падарам, гуфтааст,ки дигар писаратро дар гирду атрофи хонаам набинам.Гулхавас аз карори падараш хабар ёфта, гамгин шуд.
- Чаро падару модарон зидди хушбахтии фарзандонашон хастанд?- гамгин шуда андеша мекардам дар дил.Модом ки хамон дустдоштаамро ба ман намедиханд, мачбур мешавам ба мухочирати мехнати биравам.
Шаб ин пешниходамро ба Гулхавас гуфтам.
- Девона шудаи, кучо мерави, ба гариби, маро инчо партофта, сабр кун ягон гап мешавад,- маро дилбардори карда мегуфт духтар.
Аммо ман азоби мухаббатро бардошта наметавонам.чи кор кунам?
- Як бори дигар биё падарамро илтимос намо, бигу мо якдигарро дуст медорем, шояд рахмаш биёяду аз карори катъияш гардад,- маро ба назди падараш ташвик мекард Гулхавас.
- Маилаш ба хотири мухаббати покамон пагох ба хонаатон меоям.- дили духтарро хурсанд карда гуфтам.
( давои дорад)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1
МЕДОНАМ БИСЕР ОДАМО ЗИД ҲАСТАНД ДАР ИН СУХАН АММО БЕ ПУЛ ЯГОН КОР КАРДА НАМЕШАВАД,,
ИШҚ ВАЙ ТАРАФ ЯК ХАЛТА НОС ЁФТА НАМЕТОНИ