Муаллиф Шахлои Начмиддин 👈
Рустам ба бародараш занг зада бори дигар пурсид,ки хамсараш дар кадом таваллудхона аст.Бародараш гуфт,ки дар таваллудхонаи 3.
Рустам сахт норохат шуд.
-Агар Муслима дарак ёфта бошад ки Фазилат он чо писарча таваллуд кардааст ва маро дида бошад, хуб намешавад.Бояд хардуро дугона кард.
Рустам бо Фазилат тавассути сомонаи.Инстаграм шинос шуданд.Баьди дуввум вохури у ба Фазилат гуфт,ки хамсараш факат духтар таваллуд мекунад ва у дар орзуи писар касал шудааст.Фазилат гуфт,ки ман бо чавоне муносибати махрамона доштам,у маро партофта зани дигар гирифт.Аммо ман дар пеши мардум ва хонавода духтар хастам.Агар дуст дори,маро хостгори кун,бо тую тамошо,ин шарти ман аст.
-Ман хам як шарт дорам ,дигар блогери намекуни,аксхоятро аз сомона бигир.
Аммо ман зан ва шаш фарзанд дорам.Агар ту писар таваллуд куни болои сарат мекунам.
-Ман рози,як хона бигир ба номам бикун.
Рустам ба хонаашон хостгор фиристод як шиносашро.Гуфт ба падару модари духтар бигу,ки ман аз занам бо ду кудак чудо шудаам.
Дере нагузашта онхо зану шавхар шуданд.Фазилат хомиладор шуд.Хамсараш хам баробари у хомиладор буд.Рустам баьзе шабхо хамсарашро фиреб мекард,ки дар рухсати хастам ва бо Фазилат меистод.
Акнун сир фош шуд.Рустам хис кард,ки хамсараш Фазилатро дидааст.Хамсараш хам писар таваллуд кард.Рустам хамсарашро бо писарчааш аз таваллудхона гирифту ба хона овард.Муслима бо у гап намезад.
-Занак,чаро кавокат овезон.
-Отаи кудако,худат накл кун,ки он Фифа кист ?
-Занак,ман шариати зан гирифтам.
-Ба як саволи ман чавоб те,чаро зан гирифти ?Аз ман чи камбуди диди ?Факат ба ин саволам чавоб дех.
-Барои писардор шудан зан гирифтам ,маро бубахш. Фикр надоштам, ки ту хам писардор мешави. Ба такдир тан те очаи кудако.Хозир хама ду зани доранд.
-Ману шумо хама нестем.
-Муслима,маро бубахш.
-Худо туро бубахшад ,акнун у хам писардор шуд.Ману ту 7 фарзанд дорем,акнун ман 18 сола нестам барои ин фиребу бевафоиат чудо шавам аз ту.Ба хотири фарзандонамон ман фикри чудои надорам.Аммр як чиз маро сахт норохат кард.Чаро ин хонумат мегуяд ,ки гуё ту зани якуматро барои чиркиниаш партофтаи.
-Э занак ин духтар аз рашк ин гапро гуфтааст.
-Дахонашро кап,аммо ман дигар наметавонам ки мисли пешина ба ту мухаббат дошта бошам.Диламро сахт шикасти.Номашро дар пеши ман дигар нагир,фахмиди ?
-Майлаш,очаи кудако.
Рустам хурсанд шуд,ки ба осони аз чанчоли хамсараш халос шуд.Ба хонаи Фазилат омада чангаш кард ки чаро дар утоки таваллудхона зани якуми уро гапхои бад гуфтааст.
-Хуб кардам,хамон кишлоки зани ту будааст ?
-Бас аст гапи кабех.Вагврна ман бо ту дигар зиндаги намекунам.
Фазилат хомуш шуд.
Зиндаги идома дошт.Рустам дарк кард ки Муслима мисли аввала самими нест.Танхо ба хотири кудакон механдаду гап мезанад.
Рустам вактхои охир эхсос кард ки Фазилат бо телефон бо касе зиед паемак менависад.Телефонашро ба зури аз дасташ гирифту чашмаш ба паемакхои навиштаи хамсараш фитод.Аз газабу рашку номус дастонаш меларзиданд.Хушаш канд.
Фазилат бо чавоне ишку ошики паемакбози карда бо либоси сатр ба у худро бе шавхар муаррифи карда менавишт,ки агар чавон барояш хонаи алохида бигирад у тифлашро партофта баромада пешаш меравад.
Ин суханони Фазилат Рустамро аз худ бехуд кард.У аз хамсараш асли вокеаро пурсид Фазилат оромона гуфт, ки чавоби маро те,агар хохи ки бо ту бошам ,чавоби он занатро дех.
-Ту занаки хиёнаткор чихо мегуйи?
-Садкаи писар шави,кудакро забонхат навис,ки даркор нест,баромада рав.Чавобатро додам.
Фазилат бе ягон гиряву нола забонхат навишту тифлро монда баромада рафт..
Рустам бо тифли кучак ба даст осемасар ба хонааш рафт.Ба хамсараш гуфт, ки Асламро баробари писарамон шири модар те
-Очааш кани?
-Очааш мурд.
-Худо рахмат кунад.
Муслима аз нигоххои шавхар фахмид ки ягон ходисаи чидди руй додагист,ки тифлакро овардааст.
Рустам аз бахри Фазилат гузашт аммо он мехру мухаббати самимонаи хамсарашро баргардонида натавонист.Писари Фазилатро Муслима мисли фарзандони худаш парастори мекард.Аз байн солхо гузаштанд .Холо Фазилат боз аз кучое пайдо шуда даьво дорад,ки писарашро диханд.Аммо писараш дар толори суд дод зада гуфт, ки модари у Муслима аст,на ин зан.
Фазилат баьди аз Рустам чудо шудан ду навбат ба шавхар баромад,аммо кудакдор нашуд.
Рустам доимо кушиш мекунад,ки хамсари мехрубонашро наранчонад,тамоми хушихои зиндагиро бо у гузаронад.
Муслима доимо мегуяд,ки отаи кудако,хаму атри киммата ба бегона неву ба худам биёр, бовар кун мисли гул мешукуфаму аз тамоми занхои дунё бароят зеботар мешавам.
Гоххо бо шухи мегуядаш ;Дар чавони мард ба зебоии зан ошик мешавад, дар пири бошад ба шиками худаш.
Муслима чунин андеша дорад ;Ишк як бор меояд, хавас сад бор. Байни ишку хавас факат як фаркият аст: яке зуд мегузараду дигари то дами марг дар як гушаи дил мисли ситорача фурузон аст.
Бигузор онхое, ки дар зиндаги хато мекунанд,иштибоххои худро сари вакт ислох намоянд.
Боки пируз бошед,киссаи дигар шуморо интизор аст.
Муаллиф Шахлои Начмиддин 👈 👈 👈 👈
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 6