Муаллиф Шахлои Начмиддин 👈
Муслимаро дарди зодан фаро гирифту тамоми вучудаш ба дард омад.Ин фарзанди шашумаш буд.Умед дошт,ки писар таваллуд мекунад.Шукр,панч духтарчаи дуструяке дошт.
Аммо зану шавхар мехостанд,ки боз як писарча дошта бошанд.Шавхараш дар рухсатии хизмати буд.Бародари шавхараш бо мошинаш уро бо хамрохии хамсараш ба таввалудхона бурданд.Шавхараш гуфт,ки баьди 2 руз меояд.У сихат саломат як писарчаи кори калон таваллуд кард.Мехост,ки нахуст шавхараш аз таваллуди писарчааш хабардор шавад.Аз хамсари бародари шавхараш илтимос кард,ки ба Рустам занг зада хушхабарро расонанд.Рустам гуширо набардошт.Уро ба палата бо тифлакаш гузаронданд.Дар хучра боз се нафар чавонзанхо бо тифлаконашон буданд.Якеаш ки бениҳоят зебову магруру ороста буд,бо онхо гап намезаду доимо чашму абрувонашро пардоз дода бо телефон соатхо сухбат мекард.Муслима бо хавас ба у нигариста гуфт:хохар аз кучои, кучое дидаги хастамат,хеле зебои писарча таваллуд шуд ?
-Маро хама мешиносанд, блогери мекардам,лакабам Фифа буд,номам Фазилат.Хо писарча дорам.Дадаш чунон хурсанд,ки мегуяд бриллиант тухфа мекунамат. Зан бояд хама вакт ба худаш нигох кунад.-бо фахр гуфт у.
Муслима ба зебоии у хавас мебурд.У хам замоне хеле ороста буд,аммо баьди ба шавхар баромадан ,у гуфт,ки дигар дипломро таги сар монда ба ман фарзанд таваллуд мекуни.Ман туро мехуронам, мепушонам.
Муслима духтараконашро дар як дам пазмон шуда буд,бисёр мехост ки зудтар шавхараш аз сафари хидмати баргашта уро гирифта ба хона бубарад. Фазилатхонум ба занхои хучра рузи дароз дар бораи шавхари миллионераш,зани якуми у ки гуё чиркинак будаасту шавхараш уро талок дода ин тозаякро гирифтааст,накл мекард.
-Шавхарам пеш аз ман ин чиркакро партофта маро бо туй тамошо гирифт.Пеши пойи падару модарам галтида зори кард,ки агар духтаратонро надихед худамро мекушам.Мо факат дар ресторану ошхонахо хурок мехурем. Чизе мегуям,хамонро мекунад.Аз гапам намебарояд.Холо биеяд,мебинед уро.
Хуллас бо накли шавхари миллионераш гушу майнаи хамрохонашро рабуда буд.
Муслима ба раками шавхараш занг задан гирифт.У гуширо бардошту дод зад:ман дар семинар,занг назан.
Муслима зик шуду дигар занг назад.Хамин вакт Фазилатхонум тифлашро хобонду худаш аз уток баромад.Занхо пичиркунон аз тиреза ба поин нигаристанд.Мехостанд ,ки шавхари миллионери ин хонуми таьрифчиро бубинанд.
Муслима хам аз тиреза ба поин нигох кард.Мошини хоричии шавхарашро дид.Хурсанд шуд,хаёл кард,ки шавхараш ба дидорбиниашон омадааст.Даст афшондани шуд.Аммо ин хонуми таьрифчиро дид,ки бо шавхари у лаб ба лаб буса карданду у як даста гули садбарг ва як кутти шоколад ба дасташ дод.
-Чи.....Муслима гаранг шуд....
...Охир ин мард падари фарзандонам аст.Чи хел бо ин хонуми зебо издивоч карда бошад.Наход болои ман пинхони зани дуввум гирифта бошад?Нее
Фишори хунаш боло рафт.
Хеч бовараш намеомад.Хеч....чашмонашро пушиду кушод.
Ба телефони шавхараш занг зад.У гуширо гирифта хомушаш кард баьди сонияе.Мехост аз тиреза дод зада гуяд:ох номарде,ох бевафое.....
Аммо аз газаби шавхар тарсид.Зери лаб Худоё сабрам дех,сабрам дех гуфту бо чашмони ашкбор ба бистари худаш нишаст.
...Эх Рустам, ку бигу чи гунохе аз ман гузашт?Магар ман хам зебо нестам ,Агар ман мисли ин лухтаки Барби абруву мижжа монам,аз ин зеботар мешавам.Ту орзу дошти,ки писарчадор шавем,аммо ду руз аст ки намепурси холи моро.Ин тифлаки ин хонум писар аст,яьне писари ту.Барои чи ?
Танхо як савол дорам,барои чи ?
Фазилатхонум бо гулдаставу шоколад омаду гуфт,ки маро шавхарам ба хона мебарад.Муслима худро базур дошт,ки то муйхои уро тор тор наканад.Медонист,ки агар ин чо доду вой бардорад,шарманда мешавад.
Бехтараш сабр мекунад.Фазилат бо писарчааш рафт.Шаб Рустам занг зада гуфт,ки пагох аз рухсатии хизмати меояду уро бо писарчааш аз зоишгох мебарорад.Ва пурсид,ки дар чандум роддоми ?
-Дар раками 3
Рустам худро гум кард.Охир имруз аз он чо зани дуввумаш Фазилатро оварда буд.
Идома дорад
Муаллиф Шахлои Начмиддин 👈 👈 👈 👈 👈
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 7