КОНУНИ ИШК
( кисса) кисми 3
Кисми харбии нав бароям чанд мушкили овард.Мушкили аввалиндарача хамин буд, ки маро ба рухсатии акалан ду -се руза чавоб намедоданд.Командирамон бисёр одами сахтгир ва принсипнок буд. Агар дар вакти истирохат ё ичрои ягон кор сухбататро бо ягон нафар бо телефон бинад, тамом.Аз ин чихат ман метарсидам бо телефон бо Гулхавас сухбат кунам.Гулхавас мабодо бо телефон бо ман занг задани мешуд, имкон намеёфтам бо дустдоштаам мулокот кунам.
Боре у ба ман занг зада лаб ба шикоят бурд:
- Чаро бо ту занг мезанам телефонатро намегири? Ё маро ба гушаи фаромуши додаи?
- Азизам, дар ин кисми харбии мо истифодаи телефон меъёр дорад?
- Руз нашуд, шаб хам меъёр дорад?-ранчида мегуфт духтар, э худатро намефорад.
Ман бошам аз ин ноомади кор гамгин мешудам.Баъзан худамро лаънат мехондам, ки чаро ба хизмати харби омадам.
Дар як солу хашт мохи хизмат модарам аз дунё гузашт.Ин хабари гамангез пару боли маро дар зиндаги шикаст.Маро барои видоъ бо модарам хамаги се руз чав чавоб доданд.Ин се рузи азодори чи тавр гузашт, нафахмида мондам.Гулхавас аз вафоти модарам дарак ёфта, занг зада, изхори хамдарди кард.
- Азизи чонам хабари вафоти модаратро шунида зик шудам,- меґуфт у.Дарду ранчи бемодариятро тахаммул карда наметонам.
Афсус ин рузгори нобасомон хамаи мо инсонхоро якто- якто мекушад,- мегуфт духтар
- Пагох- фардо хафти модарро мегиранд, аммо ман бояд ба кисми харби равам,-хаиру хуш карда мегуфтам ба Гулхавас
- Назди ман намеои?
- Аз хаибати падарат метарсам.
- Он гаирати пештараат кучо шуд?- накунад ки ягон каси дигарро пинхони аз ман ёфта боши?
- Ин тавр магу, Худо нишон надихад,- маъюсона мегуфтам ба у
Баъди аз хизмат омаданам зиндагиямон ранги дигар гирифт.Чили модарро бе оростани дасторхон гузаронидему падарамон зани нав гирифт.Хамаи хешу табор хамсояхо уро дар гоиб механдиданд.
- Ин мардаки Аю́б магар девона шудааст, ба чои писарашро зан кофта дихад, худаш зан гирифтаст.
Моиндари навам чандон хушру набуд.Аз шавхари пештарааш ду фарзанд дошт, ки онхоро низ аз кафояш оварда буд.
( давом дорад)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3
На девор рӯз дорад на дар.
Хӯш ба ҳоли он касе ки.
Зист то охири умр бо модар.