Муаллиф Шахлои Начмиддин 👈
Наргис бо докторе,ки апааш тахти табобати у буд,дар танхои сухбат карда пурсид,ки имкон дорад апаашро барои табобат ба Хиндустон роххат бигиранд.
-Аз чихати тибби дер шудааст,омос варам карда сиех аст.Аммо боз мучизаи Худо беназир аст.Лекин,гапи маро гиред агар,ба хона баредаш,ороми бехтар аст барояш.
-Насиб пагох бегохи чавобаш дихед,мебарем уро ба хона.
Наргис аз дил гузаронид, ки аввал хона барем,бачахакоша бинад,баьд ба Хиндустон мебарамаш.
Ох фарзанди падар...чигарам...
Наргис гашта ба палата омад.Он мард хануз дар рохрав буд.Наргис аз дил гузаронид ,ки ин мард чаро ин кадар ба ман менигарад,ба ягон кас монанд кардагист.Ин дам он мард бахшиш пурсиду гуфт, ки шумо ба хамсабаки ман Насрин хеле монандед.
-Ваалейкум салом, Насрин апаам аст.
-Он кас хубанд?
-Апаам бемор
Гапро зиед накарду ба палата даромад.
Азим пушти дари палата меистод.Дилаш метапид.Аммо худро дошту ба назди хамсараш рафт.
Наргис ба апааш дар бораи ин мард чизе нагуфт.Насрин дар хобаш нолиш мекард.Наргис пешаш нишаста дастони уро буса мекард.Апааш чашм кушоду уро ба огуш кашид, ду катра ашкаш болои рухсорахои хохараш фаромаданд.
-Наргис,хохараки хушрум, ман ба фикрам тамом мешавад. Пихилат кардам хохар, агар боре норохатат карда бошам,бубахш маро хохараки муйчингилаям.Дар едат хаст,лоимо муйхоятро мекашидам,аламам мекард ки муйхои ту зебо асту муйхои ман не.
-Апачони кандалотам,шумо сихат мешавен,ман шуморо ба Хиндустон мебарам пеши Танцор диско.
Ин лахза Насрин лабханде карду ох гуфт.
-Наргис,очама,отама, кудакора ба ту супоридам.Аллох хифз кунад.Дидор дар киемат
Чашмакони Насрин нимпушида шуданд,калима гардонду дастаконаш сард шуданд.
-Доктор,доктор...
Духтури навбатдор давида омад.Аммо чонаки Насрин баромада буд.Азим доду гиревро шунида ба палатаи онхо омад.Ба часади Насрин нигаристу ашки чашмонашро пок карда гуфт :равонат шод бод ишки аввалу охири ман.
Насринро Наргис бо хешу таборон чаноза карда ба олами хомушон супурданд.Шавхари шаробхораш ин дам бо кадом хамкадахаш чанчол мешаваду уро корд мезанад.Акнун дар махбас буд. Падару модари пири Насрин якбора бистари шуданд аз гамаш.Кудакон дод зада оча мекофтанд.Барои Наргис осон набуд тахаммули ин дард.Азоб кашид,аммо.сабр кард ва кудаконро ба номи худ гузаронид.Дар мактаб муаллима шуда кор мекард.Боре якчанд муаллимони бехтаринро ба як семинари илми ба шахр фиристоданд.Тасодуфан он чо бо Азим вохурданд. У хам ба семинар омада буд.Азим нисбати марги Насрин хамдарди баен карда гуфт,ки хамсари ман хам баьди як хафтааш вафот кард,тамоми чораро дидем,аммо аз марг амон наефт.Ду духтарчаам бе модар монданд.
Баьди семинар харду ба кахвахона рафта кахва нушиданд.Баьди ду хафта семинар ба анчом расиду Наргис ба деха баргашт.Азим ба у унс гирифта мехост рози дилашро бигуяд,аммо чурьате накард.Наргис хам нисбати у бетафовут набуд,аммо як тарафи дилаш хичил буд.Падару модараш боре гуфтанд,ки чанд нафар ба хостгориаш омадааст,у бояд шавхар кунад.Намехохам,очачон,бачахои апаамро калон мекунам.
Рузе дарвозаи хавли так так шуду Азим бо ду духтарчааш ба мехмони омаданд.Кудакон бо писарбачахо зуд ошно шуда бози карданд.Азим бе ибо ба падару модари у гуфт,ки духтаратонро мехохам хостгори кунам,ман хам занмурда хастам ва ду духтарча дорам.Агар рози бошед,мо издивоч кунем.
-Бачам,агар худи Наргис хохад, мо зид нестем.
Наргис ба духтарчахои ширинаки у нигариста сарашро хам кард бо аломати ризо.
Онхо як маьракача карда зану шавхар шуданд.Гох дар хонаи Азим хамакаса меистанду гох хонаи Наргис.То падару модари пири у азоби танхои,бекаси накашанд.
Наргис хушбахт аст.Такдир ачаб роххое дорад.
Равони Насрин шод бод.
Боки саломат бошед.
Муаллиф Шахлои Начмиддин 👈
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3