🥀🥀🥀🥀🥀🥀🥀🥀🥀🥀🥀🥀
Муаллиф хонандаи гурӯҳ.
..Ман бо хамрохи Падару Бибиям аз пушти Сухроб ба хонаи амакам рафтем, Сухробро дар Холи заифу нотавон дар пушташ копчаи орд ёфтем, рахмати бибиям Холи Сухробро дида ба амакам гуфт чаро 3 писари худат дар хона шиштаги танхо ятим кор мекунад? Агар рахмати Писарам зинда мешуд холи писараш ингуна намешуд гуен Сухробро бибиям ба хона овард..дар асл амакам точир бизнесмен буд писарони худаш шохона мегаштан аммо Сухроб ва апахояш Сураё ва Дилором кори хонаи амакамро мекардан агар намекарданд озор медод, дар ёдам хаст мо хамрохи модарам Сураё Дилором Сухроб машгули хуроки нисфирузи будем духтари амакам омад гуфт Сурае Дилором хардуи шуморо Падарам чегзадос, Сураё ва Дилором хоб гуен рахаки буданд аммо Модарам гуфт хурокатонро хуред Бад меравед, духтарон дар холи хурок хури буданд хамон замон буд ки амаки бадчахлам омад боз шумо гапи манро намегиред гуен ин се ятимро таги шата гириф бечори модарам намедонад чихел ин се ятимро аз чанголи ин амаки бадчахлам халос кунад..Ман дида истодаам чигуна амакам Дилоромро ба шатаву шапоти мезад, то хаде зад ки бечора Дилором аз чонбезориаш шуру ба рукани карда сарашро бар харсу мезад мехост бимирад, Бибиам аз ин ходиса хабар шуда амакамро дуо бад карда гуфт зури ту ба ин ятимон мерасад аммо Худои ятимон аз ту дида пурзуртар аст ва умед дорам Худованд дуо ятимонро кабул карда чазои туро дихад ..
Аз байн чандинсолхо гузашт Сураё ки духтари калони буд бисер покдоман ва зебониз буд бо як обруву хурсанди ба хешовандамон шавхар баромад, бахт ба руяш хандида дари хушбахти барояш кушода шуд Холо бошад Сураё сохиби 5 фарзанд буда дар чусту чуи арус барои писараш мебошад..Аммо дари хушбахти ба суроги Дилорму Сухроб наомад..
Сухроб баьд аз хатми мактаб ба мухочират ба руссия рафт аз чанголи амакам рахои ёфт, Дилором бошад дар хонаи мо як худаш монд апаяш Сураё шавхар кард додараш Сухроб бошад ба мухочират рафт, танхо гамхораш мо будем, амакам аз озор дихи даст намекашид..
Дилором бисер хаста шуда буд аз зиндаги мехост бачои дуре раваду аз амаконам рахои ёбад аммо чи илоч як духтари ятим ба кучо хам рафта метавонад?
Ба мурури замон Худованд оху зори ин ятимонро шунида ба сари амаки бадчахлам балое овард..Амакам Безнесмен точир буд ба кавле банкрот шуда боигариаш ба карз мубадал шуда тарки ватан карда мухочириро пеша кард хамаи дороишаш аз байн рафта тамоми умр бо писаронаш барои карз кор мекарданд, бозами ин дар мухочират низ даст аз озор додани Сухроб бар намедошт..
Амаки бадчахлам ки ба мухочират рафт Дилором эхсоси сабуки кард аммо такдир бозам бозиашро идома дода Дилором фиреби амайи чодугарпарастамро хурд, зиндагиаш мубадал Чаханнам шуд...
Давом дорад
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 6