Муаллиф Шахлои Начмиддин 👈
Насрин дар бистари бемори ба худ мепечид аз дарди каттоли саратон.Омоси магзи сараш соат ба соат сиех шуда уро бемадор мекард.Иштихояш баста шуду хатто оби ошомидани аз гулуяш намегузашт.Дар пахлуяш парастораш доимо хохаракаш буд.Наргис аз пахлуйи апааш дур намешуд.Шавхари бадмасташ як меомаду боз ду рузи дигар нопайдо буд.Писаронаш дар хонаи модараш буданд.Аз шаробхории шавхар тарсида хар се писарашро пеши падару модараш гузошт пеш аз ба беморхона хобидан.
Насрин умеди зинда мондан дошт.Писараконаш хануз кучак буданд,яке 10 сола,дигари 7 сола,саввуми 3 сола.Наргис хохаракаш ба шавхар баромада хануз се мохи арусиаш нагузашта шавхараш зани дигар гирифта уро ман туро дуст намедорам гуён аз дар пеш карда буд.Наргису Насрин бисер апаву хохари мехрубон буданд.Хамаги байнашон 2 сол фаркият дошт.Насрин давраи донишчуйи ба хамсабакаш Азим дил баста ахду паймон доштанд.Аммо падари Азим ман аз Вахдат келин намекунам гуён ба писараш гуфт,ки духтари хохарзодаамро мегири вассалом,вагарна ок мекунамат.Азим ба хукми падар натавонист зид барояд ва ба Насрин гуфт,ки ман наметавонам бо ту издивоч бикунам.Бароят бахти сафед мехохам. Маро бубахш ,агар тавони.Ман дуои падарро гирифтан мехохам.
Насрин бо гурур гуфт:ихтиёр дори,ин хама такдир аст.Хушбвхт боши.Агар таклиф сози рузи туят, ман намеравам,намехохам ки туро сари мизи домоди бо дигаре бинаму сузам.Пеш аз туйи ту иншоааллох туйи ман мешавад. Хар руз дари хонаамон пури хостгор аст.
Ва у хам ба падару модараш гуфт, ки касеро интихоб кунанд,у рози аст.Як хафта пеш аз туйи домодии Азим,туйи арусии Насрин баргузор гардид.Азим як даста гули садбврги зард ба даст ба толори бошукухи тарабхона даромад. Чашмонаш пур аз ашк буданд,аммо сарашро хам карда сари миз нишаст.Рузхо гузаштанд,онхо сохиби фарзанд шуданд.Насрин се писарча таваллуд кард,Азим бо хамсараш сохиби ду духтарча шуданд.
Аммо шавхари Насрин аз рузи аввали домоди факат шароб менушид.Шароб,ки нушид хамсарашро таги шатта мегирифт.Модараш уро чанг мекард аммо у гуш намекард.Насрин аз чунин зиндаги ба танг омада чанд бор кудаконашро гирифта ба хонаи волидайн фирор карда буд.Аммо боз шавхараш омада зориву тавалло карда уро мебурд.Касам мехурд ки дигар шароб наменушад,аммо хамоно шаробнушиашро идома медод.
Вакте,ки якум бор Насрин сараш тоб хурда бехуш шуд,уро шавхар зуд ба беморхона бурд.Баьди сеюмин ташхиси хамачонибаи тибби маълум гардид, ки сараш омоси саратон дорад.Модару падараш ними хавлиашонро таьчилан фурухта барои табобати духтарашон сарф карданд,аммо шавхари шаробхораш ягон суме надошт,ки барои табобати хамсараш сарф кунад.Наргис бо у чанг карда гуфт,ки апаамро ту бо заданхоят ба ин хол оварди,ту чи хел мард хасти,ки дар киссаат хатто дираме надори.
Насрин сарашро аз болишт каме бардошту об гуфт. Наргис зуд аз чояш хеста ба у стакани обро дароз кард.
-Ма,апачон
-Хохари хушрум, туро безор кардагистам,маро бубахш.
-Э апачон,маро изо надихед ин хели гапхо харгиз нагуед.Шумо дили ман, чигари ман.Бе шумо зиндаги нест.
-Хохарчон,ман медонам,ки барои бемордор чи хел мушкил аст.Бачахаком созанд?Очаму отама гам намедиханд ?
-Не,апачон.
-Хамин кадар пазмонашон шудам.Яке мурда монам,ин беочахоро эркагишона ки мебардорад.Падарашон як аракхур.
-Апачон,шумо сихат мешавед иншоааллох. Аллох мехрубон аст.
-Кошки...ашк дар чашмони зебои Насрин халка заданд.
Беихтиёр ба хотираш ишки аввалаш Азим омад.Зери лаб гуфт;
Ишки аввал гураи сармозада
Норасида мефитад аз шохсор...
...Азим чи хел бошад ?Кариб 12 сол аст ки надидамаш,аз зиндагиаш огах нестам.Ин ишкро ман ба гур мебарам.Худое,маро бубахш.
Насрин таьби шоири хам дошт,гох гох шогирдона шеьраке менавишт.У бо Азим харду мухассили факултаи филология буданд.Боре Азим ба у хатча навишт:
Эй духтари Вахдати,мара ёр бигир
Савготи мара ай сари девол бигир.
У дар чавоб бадохатан чунин навишт;
Эй бачаи кулоби ,ёри ту манам
Хар чо ки рави,чони ту манам.
Насрин охи чукур кашиду хост пахлу гардад,аммо ин сония хаёл кард ки ними сараш мелагжад.Аз дард дод задани шуд.Наргис аз китфонаш дошта апачон,доктор ро фаред кунам гуфт.
-На,хохари хушрум,хубам.
Насрин ин дам якбора баланд гирист.Аз дилаш гузашт,ки агар бимирад,писараконаш бе оча мемонанд,падару модари.пираш тахаммули марги уро намекунанд.Ин дам аз берун садои радио баланд шуд,шодравон Зулфикори Азиз ки Насрин мухлисаш буд,бо дард месуруд
Ачиб аст зиндаги ёрон
Дар ин дунёи пур армон
Даме ки пур шавад паймон
Касе мурдан намехохад
Даме ки пур шавад паймон
Касе мурдан намехохад
Агар аз ахли куръон асть
Ва ё ки но мусулмон аст
Ва ё дар бешу султон аст
Касе мурдан намехохад
Ва ё дар бешу султон аст
Касе мурдан намехохад
Чи рушиву чи талхи чон
Чи дардиву чи бе дармон
Чи асроре бигу яздон
Касе мурдан намехохад
На як окибла майхора
На донову на бечора
На маскуну на овора
Касе мурдан намехохад
Ба даргохи Худованди
Касе рафтан намехохад
Зи ахли бандаи хоки
Касе мурдан намехохад
ба нуру но пайваста
Аз ин вайронавор растан
Чи чори гуфта бигристан
Касе мурдан намехохад.
Насрин хам ин сурудро зери лаб хонда мегуфт,оре касе мурдан намехохад,вале окибати хамаи ин зиндаги зери хок аст,тамом мешави,канда мешави аз одаму олам.Танхо орзухо армони мемонанду халос.
-Апачон,илтимос,камтар зик шавед.Банда хамеша ба умед аст.Холо,рузхои хуш дар пешанд.
-Наргис,агар ман бимирам,писаронамро нигох мекуни,чони апа,?
-Апачон,шумо холо чавонед,туйи писаронатонро якчоя мегузаронем.
-Э хохари хушрум, дилам ким чи хел...
-Хоб кунед,апачон.
Насрин аз дард устухонхояш месухтанд,аммо пеши хохар нолиш накард.Вазнаш хеле кам шуда буд.Хамаги 36 кило шуд Насрин.Холо,ки пеш 87 килло буду доимо пархез мекард аз нону ширинихури.Мехост хароб шавад.Акнун ки дард домангираш шуд,харобак шудааст .Аммо бо тани бо дард хароби чи лозим.
Насрин чашмонашро пушид.Наргис ба рохрави беморхона баромад. Як мард аз палатаи беморе баромаду уро дида карахт шуд ва бодиккат нигох кард.Гуе шиноси деринаашро дида бошад .Азим Наргисро фикр кард,ки Насрин аст.Наргис бо апааш хеле монанд ва мисли дугоникхо буданд.Бисерихо онхоро фарк намекарданд.Азим хамсари беморашро парастори мекард.Хатича хам бемории саратон дошт.
Наргис нигоххои уро дида ахамияте надод ва ба пеши доктор рафт.
Идома дорад.
Муаллиф Шахлои Начмиддин 👈
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2