Хуштарин, дилҷӯтарин,некӯтарин меҳмони мо.
Омаданҳоят чи хуш буд рафтанат ҳайф аст, ҳайф,
Эй ба дарди нафси саркаш дорую дармони мо.
Сӣ саҳар дарҳоямон во буд аз дасти сахо,
Мевазониди насими тозае бар ҷони мо.
Дар дили шабҳо зи баҳри тоату аҷри гунаҳ,
Бистари ғафлат гирифти аз сару сомони мо.
Баҳрамон бикшода хони неъмат аз руйи карам,
Сабри собирҳо ато карди ба ҷисму ҷони мо.
Эй хуш аз нуқли қаноат буд ширин комҳо,
Ояти шукрона бар лаб нур дар чашмони мо.
Хуш бимон эй моҳи нусрат, то баҳорони дигар,
Интизорат мешавем эй раҳбари имони мо.
Адиба Ҳабибова
🕌🕌🕌🕌🕌🕌🕌🕌🕌🕌🕌🕌🕌🕌
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳу,Азизони дил!!!
Фарорасии иди моҳи шарифи Рамазон бар Шумо, пайвандонатон ва тамоми мусалмонон муборак бод!
Дар ин рӯзи муборак аз даргоҳи Илоҳӣ баҳратон саломатии беканор, умри дарози пур зи баракот, рӯзгори осудаву осоишта, ризқи фароз, бурдбориву муваффақият, хушбахтӣ, амнияту тинҷӣ, фазои софу беғубор, қалбу нияти пок, дурии кинаву адоват, меҳру вафои самимона ва зиндагонии саршори хушиҳоро таманно менамоям! Бигузор Аллоҳи меҳрубон бар Шумо адолати Умар, одоби Усмон, ростии Абубакр, саховати Алӣ, хубии Иброҳим, илми Луқмон, давлати Сулаймон, сабри Аюб, зебогии Юсуф, меҳрубониву дилсӯзии Муҳаммади Мустафо саллоллоҳу алайҳи васаллам ва дуои 124 ҳазор пайғамбаронро ато фармояд! Ҳамеша дар ҳифзу паноҳи Аллоҳ бошед!!!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2
Муборак гардонад омин