ЯТИМДУХТАР
( кисса ) кисми 2
Аз хонаи Салим-амак баромада ба хонаи амаам Натичамох омадам.Хангоме ки ба хавлии амаам расидам, язнапочоям тандур месохт.У маро гарму чушон пешвоз гирифт.
- Ха кани биё Чамшедчон, сихату саломат хасти, хонагихо, падару модарат хуб хастанд?
- Хама нагз, сихату саломат, гуфтам амаамро як хабар гирифта монам,- фахмондам ба язнаам
- Хуб карди!
Язнаам хунари хуби тандурсози дорад.У аз ким- кадом тарафи кухе бо мошини " ЗИЛ"-и худ, ки бордони хубе дорад, гили сурхрангро хар мохе як маротиба оварда дар хонааш гарам карда тандур месозад.Санъати тандурсози, ки аз бобояш ба мерос мондааст, барои язнаам хеч мушкилие надорад.Тандурхои сохтаи уро баъди тайёр шудан дар нохияамон кариб ки хама писандида мехаранд.
Бо язна сухбат доштем, ки амаам аз кадом хонаи хамсояаш омад.
- Эх, ин Чамшедчон омадаст- ку?- амаам ба ман гарму чушон вохури карда маро ба мехмонхонааш хидоят кард.
- Ту чиян дар хона даромада бахузур шин, ман дастонамро шуста хозир меоям,- кору борашро як су гузошта гуфт ба ман язнаам.
Сухбати мо дар сари дасторхон гарм шуд.Ман дар бораи ходисаи ваирон шудани мошинам, ба хонаи Салим- амак кашола карда бурдану таъмир кардани он ба язнаву амаам накл кардам.
- Салимбои марди хубест, бечора аз вакти аз дунё гузаштани хамсараш хеле шикаст хурд,- ба накл даромад язнаам.У гох- гохе ба таъмири мошинхои мардум сару кор мегирад.Дар хамаи кори хона ягона дастёраш духтараш Шамсия аст.Чанд нафар ба хостгории духтар омада бошад хам, Салим- бои гуфтааст, ки то зан нагирам, духтарамро ба шавхар намедихам.
- Амма ман духтари Салим- амакро дар хонааш дидам.Духтари ситорагарм, хушру, чаккон ба ман писанд омад,- фахмондам ба аммаам.
- Ин тавр бошад, як ба падараш хамсухбаташ шавем, шояд духтараш Шамсияро ба Чамшедчони мо бароварда дихад,- ба тарафи шавхараш нигариста гуфт амаам.
- Хаи як мебинем, ваи дусти деринаи ман аст, шояд ин пешниходи моро кабул кунад,- гуфт язнаам.
Бегохи ман аз хонаи аммам ба хона омадам.Акнун дар сарам факат фикри бо Шамсия хонадор шудан чарх мезад.Духтар духтари хуб, падараш хам инсони хушсухан, бечора дар аини чавони аз мехри гарми модар махрум мондаст,- андеша мекардам дар дил.Вакти аз хонаашон бо мошинам баромадан, нигоххои мехрборашро намегуед.Хулоса ахд кардам, ки Шамсияро ба зани мегирам.
Як бегох аз хусуси духтари Салим- амак ба падару модарам харф задам.Падарам суханхои маро шунида гуфт:
- Писарам холо ту студенти, нав ба курси дуюм гузашти,дар зангири чи шитоб дори?
Донишгохро хатм карди, баъд оиладор мешави?- норозиёна гуфт падарам.
- Дадеш, пеши рохи зангирии писарамро нагир, бин бача духтарро дида маъкул кардаст, то Чамшедчони мо донишгохашро хатм мекунад, ки Шамсия ба шавхар мебарояд,- дар гапаш истодагари кард модарам.
Баъди ду руз амаам Натичамох ба хонаамон омад.
( давом дорад)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев