Зиндагони зӯр ояд, дидаат тар мешавад, Қалби ноороми ту берун зи бовар мешавад. Мешави ғарқи хаёли хеш дар паҳнои ғам, Ғусса бо мӯӣ сарат, гӯё баробар мешавад. Ин чи давронест,ҳарки заррае доро шавад, Феълу рафтораш ба пеши дида дигар мешавад. Коҳ меёбад мақоми хешро дар анҷуман, Кӯҳ пасту зоғ боло аз кабӯтар мешавад. Фаҳши андар ишратасту ғунчаи шарму ҳаё, Чун арӯси тозае бар зери чодар мешавад. Шеър мегӯи ба дарду сӯзу армони дилат, Хомаат маҳзуну ғамолуда дафтар мешавад. Менаёзори дилеро гарчи бо теғи забон, Бар дилат теғи забоне ҳамчу ханҷар мешавад. Бар касе садҳо дурӯғ гӯӣ бигӯяд офарин, Аз ҳақиқат лаб кушоӣ гӯши ӯ кар мешавад. Додарат бегона мегардад, агар нодори ту, Лек чун дорандаӣ бегона додар мешавад. Ғуссаву ғамро зи дил вақте намеори бурун, Бори вазнине ба дӯши синаву сар мешавад. Бо ҳама ҷонбозиҳои зиндагӣ Маҳкампурӣ, То ба рӯзи марги худ пазмони модар мешавад. ✍️ Ҷамшеди Маҳкампур.
    1 комментарий
    44 класса
    1 комментарий
    30 классов
    Зиндагони зӯр ояд, дидаат тар мешавад, Қалби ноороми ту берун зи бовар мешавад. Мешавӣ ғарқи хаёли хеш дар паҳнои ғам, Ғусса бо мӯйи сарат, гӯё баробар мешавад. Ин чӣ давронест,ҳаркӣ заррае доро шавад, Феълу рафтораш ба пеши дида дигар мешавад. Коҳ меёбад мақоми хешро дар анҷуман, Кӯҳ пасту зоғ боло аз кабӯтар мешавад. Фаҳшӣ андар ишратасту ғунчаӣ шарму ҳаё, Чун арӯси тозае бар зери чодар мешавад. Шеър мегӯйи ба дарду сӯзу армони дилат, Хомаат маҳзуну ғамолуда дафтар мешавад. Менаёзорӣ дилеро гарчӣ бо теғи забон, Бар дилат теғи забоне ҳамчу ханҷар мешавад. Бар касе садҳо дурӯғ гӯйи, бигӯяд офарин, Аз ҳақиқат лаб кушоӣ гӯши ӯ кар мешавад. Додарат бегона мегардад, агар нодори ту, Лек чун дорандаӣ бегона додар мешавад. Ғуссаву ғамро зи дил вақте намеори бурун, Бори вазнине ба дӯши синаву сар мешавад. Бо ҳама ҷонбозиҳои зиндагӣ Маҳкампурӣ, То ба рӯзи марги худ пазмони модар мешавад. ✍️ Ҷамшеди Маҳкампур.
    2 комментария
    25 классов
    Дӯст, аз пурсоният шодам, Худо шодат кунад, Ҳар куҷо дар кори нек, дасти имдодат кунад. Ту ба як пурсиш диламро гарм кардӣ, оқибат, Ман дуъо гӯям Худоро, хонаободат кунад. Ман чӣ гӯям эй азиз, ошно гӯям туро, Ошноиӣ ошноҳо, аз ғам озодат кунад. Заррае гар ёди ман дар он дили гарми ту буд, Меҳрубони хонаи дил, Меҳрубон ёдат кунад. Ту маро гар дӯст медорӣ, дуъо гӯям ба Дӯст, Дар ду дунё дӯсти ман, Дӯст фарёдат кунад. Эй, ки лафзи дӯстӣ дорӣ, муборак бошадат, Зикри номи хеш Худоям, хати авроқат кунад.
    2 комментария
    20 классов
    😢😢😢Дар Ҷопон дар вақти ҷанг ин ҷавон бародари мурдаи худро ҳамл мекард, то ӯро дафн кунад. Сарбозе мутаваҷҷеҳи ӯ шуд ва аз ӯ хост, ки ин кудаки мурдаро бияндозад, то хаста нашавад. Ҷавон посух дод, ки у сангин нест ӯ бародари ман аст. Сарбоз фаҳмид ва гиря кард. Аз он замон ин тасвир ба намоди иттиҳод байни ҷопониҳо табдил ёфтааст. Ай кош ин шиори мо бошад :"Ӯ сангин нест ӯ бародари ман аст "... Ӯ хоҳари ман аст... Агар афтод, ӯро баланд мекунам. Агар хаста шуд, кумакаш мекунам ва агар заъиф шуд аз у ҳимоят мекунам ва ӯ сангин нест. Фикротона дар коммент нависед.👇👇
    3 комментария
    23 класса
    Тоҷикистон, Тоҷикистон. Эй замини сангпуш, Дар хаёли ман ту дори, Санги дунёро ба душ. Санги ту дар домани кӯҳ, Санги ту дар ҳалқи дарё, Санги ту дар чашми чашма, Санги ту андар каши роҳ, Рӯи домонат пур аз санг асту санг, Рӯи санги доманат гул мекушояд навбаҳор, Чашмаҳо- пистони покат. Сангҳоят кудакони ширхор. То фарози кӯҳҳоят дидаам, посираҳо - Қитъа китъа шеъҳои сабзу хонову расо. Ворухи ман, порасанги гулкушоят ҳасту бас. Дар китоби санги сабзат,балки як шеъри баҷо! Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ман ки фарзанди туям, Сангпайванди туям! Кош рӯзе ман шавам, санги дигар. Дар канори кӯҳи ту бо сангҳоят сарбасар, Кош рӯзе баъди ман, монанди ман, Сангҳои гунгу хомуши ту ояд бар сухан! "Сапедаҳои рузангез" Ҳоҷӣ Абдусамеъ
    1 комментарий
    8 классов
    ҚИССАИ ДАРДНОК. Баъд аз дунё гузаштани падар писари сарватманд Модарашро ба хонаи пиронсолон бурд ва ӯро дар онҷо монд ва худ аз қафои зиндагии зебо ва касрҳои боҳашамати худаш шуд. Ин ноҷавонмард се писар ва як духтар дошт.Хеле шахси молдор буд.Модарашро хело дер хабар мегирифт вақто, ки назди Модараш мерафт бо сардори ин муассисса дидорбинӣ мекард.Аммо Модарашро нодида мерафт. Ин чандсол давом кард. Рӯзе Модар бемор шуда бо марг рӯбарӯ шуд хоҳиш кард, ки писарашро ба наздаш биоранд чунки бо ӯ васияташро кунад. Писарашро хабар доданд, ки Модарат бемор аст туро мехоҳад бинад писар омад назди Модар дид, ки Модараш бо марг рубару шудааст гуфт.....Салом Модар маро хостӣ? Модар ҷавоб дод бале...писар...Модарҷон чи хизмат кунам.....Модар ....мехоҳам дар ин утоқ кондисонер часпони ва як яхдони дигар барои он ки баъзе хуроквориҳо вайрон нашавад биёри, инҷо хело гарм аст ҳама чизҳо зуд вайрон мешавад ва дар гармии тобистон инҷо бе кондисонер хело мушкиласт тоқат карда намешавад...... Писар гуфт Модарҷон инҳоро чаро солҳои пешин нагуфти ва акнун дар бистари марг мегуи...Модар гуфт. Инҳоро барои ту мегуям, ки рӯзе фарзандонат туро, ки оварданд азоб накашӣ....(?)
    1 комментарий
    27 классов
    ДУОИ ПАДАРУ МОДАР Подшоҳе дар айёми ҷавонӣ бе сипар ба ҷанг даромада, ғалаба ба даст меовард. -- Сарбозҳо ва сарлашкарҳои душман хеле хавфнок ва пурзӯранд, сипари моро бо худатон гиред, - мегуфтанд ба ӯ сипохиёнаш. Подшоҳ парво намекард ва хандида бо боварӣ ба ҷанг медаромад. Аз байн солҳо гузаштанд. Ба ҳуҷуми навбатӣ тайёрӣ медиданд. Подшоҳ ба оҳангар сипар сохтанро фармуд. Ахли дарбор дар ҳайрат монда пурсиданд: -- Подшоҳо, барои чӣ ба ҳамин қадар ҷанг бе сипар баромадеду акнун ба як ҳуҷум сипар сохта истодаед? -- Эй дӯстон, сипари ман падару модарам буданд, ки онҳо аз олам гузаштанд. Дуогӯям намонд. Акнун дар дилам ваҳму ҳарос пайдо шуд. Волидонам сипари ман буданд, -- гуфт подшоҳ.
    1 комментарий
    28 классов
    8 комментариев
    20 классов
    ***** Дар ин дунё ҳар он касро, ки гуфтам дӯст душман шуд, Пайи хушбахтиҳо гаштам, тамоми ғусса аз ман шуд. Дилам кард интихоб ёре, ки ӯ қалби раҳиме дошт, Зи тақдири бадам бингар, дилаш фӯлоду оҳан шуд. Гули умеду армонам дар ин савдои навмедон, Хазону хушк гардид, оқибат як даста гулхан шуд. Чу рафтӣ пеши чашмам торикистон гашт ин дунё, Дигар ин зиндагиям аз куҷо як рӯзи равшан шуд. Дилам бишкаст, ҷигар шуд пора, бовар мурд пеши чашм, Кафандӯзам, ки умед аст, кунун мӯҳточи сӯзан шуд. Зи худ бигрезаму дар хеш пинҳон мекунам дардам, Вале акси садои оҳ,и ман бар кӯю барзан шуд. 11.02.19 МАНОНОВА АНИСА
    1 комментарий
    14 классов
Фильтр
Закреплено
558218803172
  • Класс
604279266844
Добавил видео
00:46
Video.Guru_20250325_181216072.mp4
513 просмотров
  • Класс
558218803172
  • Класс
558218803172
  • Класс
558218803172
  • Класс
558218803172
  • Класс
558218803172
  • Класс
558218803172
  • Класс
Показать ещё