Предыдущая публикация
Маҳви абрӯи ту будан зиндагиро ранг бахшад.
Эй баҳорамро тароват, эй гули ишқу муҳаббат,
Маст аз бӯи ту будан зиндагиро ранг бахшад.
Дар сарои танги дунё гашта аз банди ғам озод,
Бастаи мӯи ту будан зиндагиро ранг бахшад.
По гирифтан аз тамоми ҷодаҳои пурфалокат,
Дар раҳи кӯи ту будан зиндагиро ранг бахшад.
Розҳоятро шунидан, нозҳоятро кашидан,
Ёри дилҷӯи ту будан зиндагиро ранг бахшад.
Дар гулистони саодат шеър дар лаб чун ҳазорон,
Гулғазалгӯи ту будан зиндагиро ранг бахшад.
Мон гирифтори ту бошам, ёри ғамхори ту бошам,
Ошиқи рӯи ту будан зиндагиро ранг бахшад.
СИНОИ АБУАЛӢ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1