Ҳодисаҳои идеологӣ- сиёсии кишварҳои мусулмонӣ ба як бӯҳрони бузург гирифтор шудааст, ки низоъу ҷангҳои бемаъни ва дар майдони муборизаҳои сиёсӣ пайдо шудани ҳизбу ҳаракатҳои нави динӣ нишони айёни он мебошанд. Дар ҳақиқат таҷрибаи ҳизбсозӣ дар динҳо як амали носозгор буда, хусусан дар ислом он аз ҷониби аксари мусулмонон пазируфта нашудааст. Вале сиёсисозии дин аз ҷониби ашхосу давлатҳои манфиатҷӯ бо истифода аз сатҳи пасти иҷтимоӣ ва бемаърифатии сиёсию динии мардуми оддӣ бо пиёда кардани ҳадафҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ татбиқи амалии худро ёфта истодааст.
Аз ҷумла таҷрибаи таъсиси ҳизби динӣ дар кишвари мо ҳам маҳз дар заминаи ба майдони сиёсӣ кашидани ҷавонони кишвар пас аз пошхӯрдани Шӯравӣ ба майдони кор омад. Чуноне, ки мо медонем дар ин даврон фазои идеологӣ куллан холӣ монда буд ва ин ҳаракатҳои динӣ аз ин истифода бурда худро дӯстдору ҳомии мардуми бечора муаррифӣ карданд. Мардум ҳам ба гапҳои бофтаи ин дасисакорон бовар карда аз пушти онҳо вориди майдони сиёсӣ гардиданд. Дар натиҷа кишварро ба ҷанги таҳмилии бародаркуш кашиданд. Мардуми бофарҳанги тоҷик дар ниҳоят ба ваҳдату сулҳ омада, аз баҳри ҳамаи гуноҳои ҳамдигар ба хотири оромию ободии кишвар ва боқи мондани ин сарзамини бузург ба наслҳои оянда гузаштанд ва як давраи ободию созандагӣ оғоз шуд.
Ба хотири оромию осудагии кишвар барои фаъолияти сиёсии ҳизби исломӣ низ дар асоси қонунгузории кишвар иҷозат дода шуд. Ва умед буд, ки онҳо аз ҷанги шаҳрвандӣ таҷриба гирифтанд, ки ҷанг ба куҷо ва чӣ харобиҳоро меорад. Аммо омӯзиши фаъолияти чандсолаи ТЭТ ҲНИ тамоман натиҷаҳои дигарро собит намуд. Дар фаъолияти сиёсии онҳо дини ислом танҳо барои пиёдасозии ҳадафҳои сиёсии эшон истифода бурда мешуду халос. Мутаассифона, кишварҳое, ки дар минтақа ҳадафҳои сиёсӣ доранд минбаъд сарпараст ва пуштибони ташкилоти ТЭТ ҲНИ шудаанд.
Маҳз бо ташкил ва дастгирии чунин ҳизбу ҳаракатҳои динӣ имрӯз кишварҳои абарқудрат низоми сиёсии кишварҳои орому тинҷи мисли Афғонистон ва Сурияро фалаҷ карда, ба ҷои низоми давлатӣ як ҳараҷу мараҷи идеологӣ ва сиёсиро рӯи кор меоранд, ки дар он чандин ҳизбу ҳаракатҳоро барои ба даст гирифтани қудрати сиёсӣ роҳандозӣ мекунанд. Хусусан имрӯз ибораи давлатдории дунявӣ аз доираи сиёсии кишварҳои мусулмонӣ бо таъсис ва дастгирии ҳаракату ҳизбҳои исломӣ аз доираи давлатдорӣ берун карда, ба ҷои он низоми хилофати исломиро оварданианд. Он даҳшате, ки ТТЭ ҲНИ дар давраи нави Истиқлолият ба гардани мардуми тоҷик оварда буд, хеле бузург буд, вале аз он хулосаи зарурӣ набароварданд. ТТЭ ҲНИ баъд аз он гӯё сиёсати «сабр ва таҳаммулро»-ро асосӣ барномаи сиёсии худ қарор доданд. Аммо маълум шуд, ки ин «таҳаммул»-и эшон як ҳилаи навбати буд ва бо фарорасидани шароити мусоид аз он нишон ҳам намонд.
Вале мардуми шарифу ба фарҳанги тоҷик сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, мутмаинанд, ки дар айёми тинҷию оромӣ имкон доранд, ки тамоми ормонҳои миллӣ дунявии мардуми шарифи Тоҷикистон ҷомаи амал пӯшанд. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди ватанпарастро зарур аст, ки дар муқобили рафтору кирдор ва идеяҳои ифротии бегонапарастонаи баъзе аз пешвоёни ба ном дин бетарафӣ зоҳир накарда, бояд муборизаи беамон баранд ва дар таҳкими давлати миллӣ саҳми арзандаи худро гузорад.
Яқуб Шодиён
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев