Имрӯзҳо баъди ҳодисаҳои ахири шаҳри Хоруғ, наҳзатиҳои фурсатталаб, ки гӯш ба қимор буданд дарҳол худро «ғамгусор»-и мардуми Бадхшон вонамуд карда ба иғвогарию дасисабозӣ дась зада истодаанд. Кабирии аблаҳ аз ин ҳодиса, ки кирои овозаву дарвоза набуда кори дохилии давлати мо аст, ба сафсатгӯӣ даромада бо суганҳои пучу бемаънӣ мардумро ба тазоҳурот даъват намуда истодааст. Пайравони наҳзатиаш саҳифаҳои муғризонаи худро аз суханронии устодашон Кабирии аблаҳ пур намуда ба таблиғу ташвиқ пардохтаанд.
Дар ин суханрониҳояш вобаста ба вазъият дар Бадахшон Кабирӣ худро чун адоалтпеша вонамуд сохта барои бархостан ба муқобили ҳукумат ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дастуру тавсияҳо медиҳад, яъне бо ин баҳона ин палид мехоҳад боз дар Тоҷикистон хуни ноҳақ резад, мамлакат ноором шавад. Лекин мардуми бофарҳангу қавииродаи Бадахшон ҳаргиз фирефтаи суханҳои дурӯғину иғвогаронаи ин палид намешаванду, ақли солимро ба кор мебаранд.
Бояд қайд намуд, ки Кабирӣ ҳуқуқи муроҷиат кардан ба мардуми шарифи Тоҷикистонро надорад. Ӯ бояд пеш аз ҳамма дар назди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷиноятҳои содиркардааш ҷавоб гӯяд. Чӣ гуна шахси ҷинояткор ва дар ҷустуҷӯ қарордошта боз метавонад ба тоҷикистониён маслиҳат диҳад. Бузургтарин ҷинояти ӯ хиёнат ба Ватан аст. Ӯ гумон кардааст, ки бо чунин наворҳои видеоӣ ва чор сухани бофта, дубора ба дили мардум роҳ меёбад. Аммо мардум аз макру ҳиллаи ин палиди наҳзатӣ, бегонапараст ва ғуломи ҳалқабаргӯши ба хуби огаҳи доранд ҳаргиз ба ҳарфи ӯ бовар намекунанд.
Ба ҳамагон маълуму равшан аст, ки Кабирию дигар пайравони наҳзатиаш аз амалҳои тахрибии худ даст накашидаанд ва мудом дар шабкаҳои интернетӣ оид ба ин ё он ҳодисаҳо дар кишвар маълумотҳои бардурӯғро паҳн намуда бо ин роҳ мехоҳанд сулҳу суботро дар кишвар халалдор созанд, байни мардум низоъ барангезанд. Лекин бо ин амалҳояшон баръакс нафрати мардум нисбаташон зиёдтар мешавад ва ин палидони ватанфурӯшро маҳкум мекунад. Кабирии аблаҳ имрӯз вазъияташ мушкил гашта чӣ кор карданашонро намедонад, нафасҳои охиринашро кашида истодааст.
Сураҷ Суҳайлӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев