Ба фазои маҷозӣ ворид гардида, матлаби ҳаракати ифротӣ ва ваҳшатафкани “Гурӯҳи-24”-ро таҳти унвони “Амриддин Аловатшоев ва Чоршанбе Чоршанбеев - қурбониёни навбатии режими ҷиноии Раҳмон” дида ва онро мутолиа кардам. Мақолаи мазкур бо пуштибонӣ аз ҷинояткорон бахшида шуда, Ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарияти Олии онро мавриди иттиҳомот қарор додаанд. Ҳамзамон, дар он омадааст, ки “Ҷиноятҳои Раҳмонов бо кӯмаки бевоситаи мақомоти Федератсияи Русия идома доранд”. Амалҳои бодиққат тарҳрезишуда барои аз байн бурдан ва тарсонидани мухолифин ва мунтақидони сиёсӣ нишон медиҳанд, ки ҳеҷ чиз тағйир наёфтааст”. Ин гуфтаҳо, иғвои навбатии намояндагони “Гурӯҳи-24” буда, сафсатае беш нестанд. Бояд гуфт, ки Пешвои миллат дар асоси райъ ва интихоби худи миллат Роҳбари давлат интихоб гардидааст. Ва имрӯз касе аз сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаи ӯ шаку шубҳае надорад. Маҳз фаъолияти босамар ва беназиру дастовардҳои бузурги 30 солаи фаъолияти Пешвои миллат мебошад, ки душманони миллат ва давлатро ба ҳассуд ва ҷунбиш овардааст. Аз ғурури душманиву бадбинӣ ҳама амалҳои ғайриқонунии худро ба сари ӯ таҳмил карда истодаанд, хусусан амалҳои ҷиноии гурӯҳи ҷинояткорони Бадахшонро.
Вобста ба матлаби мазкур ман ба ҳамватанони бадахшониам муроҷиат мекунам, ки Зиёбеков ҷинояткоре мебошад, ки соле қабл корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро гаравгон гирифта, шиканҷа намуда буд. Дигар амлаҳои ғайриқонунии ӯ дар филми мустанади “Нерӯи қонун” нишон дода шудааст. Ҳамаи мо хуб медонем, ки Зиёбеков Г., Чоршанбиев ва ҳаммаслаконашон ба ҷиноят даст задаанд ва бояд дар назди қонун ҷавоб диҳанд. Вале ҷинояткор ки ҳастанд, ҳоло ҳам аз волоияти қонун саркашӣ мекунанд. Имрӯз баъзе ҷавонон аз ин ҷинояткорон ҳимоя намуда истодаанд, ки ин рафтор чандон хуб нест. Биёед як фикр кунем! Охир аз ҷинояткорони Бадахшон қаҳрамонтарошӣ накунем. Чаро мо аз ҷинояткор пуштибонӣ мекунем? Охир ҳамаи мо ақл дорем. Дӯстон! Шукр, ки Ватани орому обод дорем! Сулҳу амният дорем.
Дӯстон як фикр кунед, шахсе ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро шиканҷа карда буд, боз дар дасташ силоҳ ба ҷинояткорӣ машғул шуд, чӣ ҷойи ҷонибдорӣ дорад. Зиёбеков Г. барои тамоми мардуми Бадахшон хатар дошт. Чун бо ҷинояткорон ҳамкорӣ дошт. Дӯстон давлати мо барои оромии мо шабу рӯз кор карда истодааст. Биёед ба ин иғвоҳо дода нашавем. Шукри тинҷӣ кунем. Бигзор ҳар касе чинояткор бошад, ҷазояшро бинад!
Фирдавс Каримов
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев