Риояи қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ шарти асосии мавчудияти ҷомеаи қонунсолору ҳуқуқбунёд ва зиндагии шоистаи мардум аст. Танҳо давлате пеш меравад, ки дар он волоияти қоунун ва амнияту субот таъмин бошад. Бе риояи қонун, бе риояи тартиботи ҷамъиятӣ ҳаргиз зиндагии инсонҳо дар амну субот буда наметавонад.
Мусаллам аст, ки Конститутсия – қонуни асосии кишвар ҳаёти инсон, ҳуқуқу озодиҳои ҳар яки моро кафолат медиҳад. Аммо фаромуш набояд кард, ки дар баробари доштани ҳуқуқ мо уҳдадориҳо низ дорем ва тибқи қонун онҳоро бояд бе чуну чаро иҷро кунем.
Ҳар як шаҳрванд уҳдадор аст, ки Конститутсия ва талаботи қонунҳои ҷории кишварро риоя кунад. Дар сурати риоя накардани қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Дар назди қонун ҳама баробар мебошанд ва касе истисно нест. Ягон кас наметавонад худро аз дигарон бартар шуморад ва амали ғайриқонунии хостаашро анҷом диҳад.
Вобаста ба ин, ҳамаи онҳое ки дар Хоруғ даст ба ҷинояту қонуншиканӣ задаанд, бояд барои ин амалҳояшон ҷавоб гӯянд. Гирифтани гаравгон, нигоҳдорӣ ва истифодаи ғайриқонунии яроқ, тазоҳуроти бе иҷозат, ҳамла ба биноҳо, раҳбарияти вилоят ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ, буридани дарахтон ва бастани роҳҳои дорои аҳамияти байналхалқӣ силсилаи ҷиноятҳоест, ки дар давоми чанд рӯз тудаи ҷинояткорон содир кардаанд. Барои ин кирдорҳо бояд ҷавоб гуфт, дар акси ҳол ҷомеа ободу озод буда наметавонад.
Ин ҳама амалҳои зишт аз суи як туда ҷинояткору авбош сурат гирифтааст ва онҳо чандин ҷавону навраси ноогоҳро ҳам ба ин амалҳояшон шарик кардаанд. Аммо ин амалҳо ношукрӣ ба Тоҷикистони соҳибистиқлол, ба талошҳои шабонарӯзии Сарвари давлат ҷиҳати ободонии Бадахшон аст. Мардум бояд андеша кунанд ва нагузоранд, ки дигар ин шармандагӣ такрор гардад.
Ҷиҳати баромадан аз ин ҳолати нангину ногувор дар муқобили ҷинояткорӣ муттаҳидона мубориза бурдан, ҳамкории содиқона бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амниятӣ дар самти решакан кардани ин падидаи номатлуб мебошад. Мо агар мехоҳем, ки давлати ободу озод ва зиндагии дуруст дошта бошем, бояд дар муқобили ҷинояткорӣ оштинопазир бошем. Барои ҷинояткорон ягон хел гузашту хотирбинӣ бояд набошад.
Насим Шарифзода,
ветерани меҳнат
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев