Терроризму ифротгароӣ зуҳуроти манфур ва ниҳоят хатарнок буда, бештар аз ҳама ба ҷавонон таҳдид менамоянд. Амалиёти ифротӣ аз доираи эътирофи умум дур буда, имконияти созиш, гуфтушунид ва ризоият бо субъектони он душвор ё имконнопазир аст.
Фаъолияти ифротгароӣ аслан тавассути таблиғоту ташвиқот ва тавассути ҷанг ё низои мусаллаҳона сурат мегирад ва даҳшатафканӣ, яъне терроризм як навъи мусаллаҳона ва муташаккилонаи ифротгароии динию сиёсист.
Аз тарафи дигар, амалиётҳои террористӣ ва ифротӣ, ки то кунун ҷони садҳо ҳазор нафари бегуноҳро аз байн бурдааст, хилофи қонунҳои байналмилалӣ ва инсонист.
Агар дар мавриди осебпазирӣ сухан гуем, метавон гуфт, ки махсусан ҷавонон дар самти мазкур осебпазир буда, маводҳои таблиғотии дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншударо тез қабул менамоянд. Ҳарчанд тибқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», падару модар уҳдадоранд, ки масъалаи аз ҷониби фарзандон мақсаднок истифода бурдани интернетро пайваста назорат бурда, бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки истифобарии он ба таълиму тарбияи онҳо мувофиқ бошад. Аммо дар амалия ин талаботи қонунгузорӣ на ҳама вақт риоя мегардад.
Бояд гуфт, ки дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои муҳим мебошанд. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии он бояд тадобир амалӣ гардад.
Масъалаҳои вобаста ба терроризм ва муборизаи зидди онро метавон танҳо дар пайвастагӣ аз байн бурд. Илова бар ин бояд бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкории зич дошта бошем, бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳиро байни ҷавонон, хонандагони синфҳои болоӣ аз оқибатҳои хатари терроризм ва экстремизм, оқилона истифода бурдани телефонҳои мобилӣ ва аз ҳар гуна пешниҳодҳои фитнаангез худро дур гирифтанро фаҳмонида додан лозим аст.
Воқеан ифротгароён чунин ҷавононро, ки дониши комил надоранд, фирефтаи суханони бардурӯғи худ мегардонанд. Дар лаҳзаҳои ҳассос барои ҳар як миллат зарур аст, ки аз як гиребон сар бароварда, ҳамеша роҳи дӯстиву рафоқат ва якдилиро пеш гирад ва аз чунин гурӯҳҳо дар канор бошад.
Эҳсони Маҷид,
пажуҳишгар
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев