Ягон ѓоратгар ва дузду љинояткор дар ягон давру замон иқрор намешавад, ки ман гунањкору љинояткорам. Бинобар ин, аз дидгоҳи ҳар љинояткоре аслан ѓоратгарону рањзанон инсонњои ифротӣ маҳсуб намешаванд. Зеро онњо дар муҳите зиндагї ва фаъолият менамоянд, ки низоми арзишҳои он созгор ба олами љинояткорон ва дуздон мебошад.
Ин аст, ки нањзатињо худро террористу љинояткор намеҳисобанд. Маҳз бо ҳамин меъёри қазоват феълан наҳзат, ПМТ ва дигар созмонҳои террористиву экстремистие, ки дар қутби муқобили кишвари мо қарор гирифтаанд, аз мавқеи афроди тундгарою иртиҷоӣ ҳимоят мекунанд ва наметавонанд онҳоро ба ҳайси ҷинояткор эътироф намоянд.
Аз ин рӯ, наҳзатиҳо имрӯз ҷонибдори амалҳои Толибон ҳастанд ва хурсандиашонро аз пирӯзии ин ташкилот дар Афғонистон пинҳон карда наметавонанд. Ғайр аз ин қаноти ҷангии ТТЭ ҲНИ дар Афғонистон бо номи “Ансоруллоҳ” амал дорад ва даст ба террору куштор мезанад.
Онҳо ҳам аз нигоҳи усулӣ, њам аз нигоњи аќидатї, њам аз диди амалї ва њам аз мавќеи сиёсї бо ҳам тавофуқи назар доранд. Дар ин росто онњо аз рўи як хатти машй њаракат менамоянд ва дар як мавқеи ақидатӣ қарор доранд.
Инчунин баъзе журналистону ба ном коршиносон низ имрӯз дар хизмати ифротиён қарор доранд ва онҳоро таблиғ мекунанд. Ба гуфтаҳои онњо њамчун сарчашмањои боэътимод такя менамоянд. Масалан, журналистҳои радиои “Озодӣ” ва гардонандаи сомонаи “Бомдодком” Мирзои Салимпур чунин амал дошта, ба манфиати терроризм кор мекунанд. Чун дидгоњи худи онњо њам хиёнаткоронаю душманона ва террористонаю экстремистона аст, аз ин рў, онњо њеч мадрак ва далелеро барои террористї будани наҳзат намехоҳанд бипазиранд.
Бунёдгароёни тундрав, ки гумроҳзадаҳои партгоҳи љиної мебошанд, њамеша бо амалњои душманонаю хиёнаткорона дасту панља нарм мекунанд ва наметавонанд, ки сафедро аз сиёњ, некро аз бад, баландро аз паст, ростро аз каљ ва хайрро аз шар фарќ кунанд. Аз ин рў, хунхорону ќотилон ва разилону нољавонмардон барои нањзатиён ва аъзои ПМТ инсонњои “шарифу муътабар” ба ҳисоб мераванд.
Намояндагони наҳзат, њамеша даъво меоранд, ки агар ҳизби наҳзат террористиву экстремистӣ мебуд, чаро он дар солҳои 90-уми асри гузашта аз тарафи давлат расман ба қайд гирифта шуда буд? Ин иддаои наҳзатиён бисёр тааҷҷуббарангез ва комилан бемантиќона аст, зеро дар он замон ҳаводорони ин ҳизб бо сӯиистифода аз хушбоварии масъулини давлати тозабунёди миллӣ, ки ҳанӯз таҷрибаи давлатдории мустақилро надоштанд, тавониста буданд гурӯҳи динии худро ба ҳайси ҳизби сиёсӣ ба қайд гиранд. Аммо воқеият ба зудӣ пардаро аз рӯи чеҳраи ҳақиқии ҳизби наҳзат барандохт ва мардуми кишвар дарёфтанд, ки дар симои наҳзат бо чӣ ҳаюлои сиёсие рӯ дар рӯянд.
Террористони нањзатї чун урдӯи хунхори чингизӣ солњои љанги шањрвандї кишвари моро ба қатлгоҳи густурдае табдил дода, мардуми бегуноҳи зиёдеро қатлу ғорат карданд. Онҳо дар қадами аввал ҷонибдорони худро ба майдондориву сангарнишинї даъват карданд ва барои пиёда намудани намудани њадафу наќшањои нопоки хеш шурӯъ ба тундгароӣ карданд.
Хушбахтона, давлати мо аз ин тактикаву найрангњои террористони нањзатї воќиф гардида, аввалан ячейкањои террористонаи онҳоро дар шањру навоњи мухталифи кишвар бастанд ва мусоидат карданд, ки аъзои фиребхурдаи он оњиста-оњиста аз њайати ин ҳизб берун раванд. Нањзат аслан на њизби сиёсї, балки як ташкилоти террористї аст, аз ин рӯ, дар арсаи сиёсии миллати тоҷик ҷое барои он нест!
П. Баҳриддинзода,
муҳаққиқ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев