Тероризм ва ирфотгароӣ дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои асосии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад. Ифротгароӣ дар байни ҷавонон натанҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки ин амал ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад. Паст будани савияи дониши қисми муайяни ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ тайёр набудани онҳо ба муҳоҷироти меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағҳои муфт, боиси фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардидан ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мегардад.
Террористон ва ифротгароён манфиатҳои миллию давлатиро ба эътибор намегиранд. Солҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва иғвоангезанда на танҳо дар кишвар, балки дар тамоми дунё то рафт зиёд шуда истодааст. Таҳдиди рӯзафзуни экстрезими байналмилалӣ ва гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ирфотгаро ҷомеаро водор месозад, ки дар ин масъала бепарво набошад. Тероризми байналмилалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун хатари асосии арзишҳои инсонӣ ва амнияти умумиҷаҳонӣ эътироф шудааст. Илова бар ин, имрӯз ки насли ҷавон ба интернет вобастагии зиёд дорад, ки он ҷанбаҳои хеле манфӣ низ дорад. Ҷавонон ҳар чӣ бештар вақти худро дар назди телефон ва компютер сипарӣ мекунанд ва ба ҷаҳони маҷозӣ нисбат ба воқеият афзалият медиҳанд. Бозиҳои гуногуни таблиғкунандаи зӯрию зӯроварӣ, хушунат ба рӯҳияи ҷавонон таъсири ногувор мерасонанд. Дар интернет ва шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ бе зикри ном дар як лаҳза иттилооти мухталиф паҳн мешавад. Даҳҳо ҳазор интернет – сайт ва вебпорталҳои амалкунанда имрӯз мавриди истифодаи террористону ифротиён қарор доранд. Аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ онҳо тарафдорони навро ҷалб карда, ғояҳои бунёдгароиро таблиғ менамоянд.
Имрӯз дар таркиби ташкилотҳои байналмилалии террористӣ интернет - хадамоти комили касбӣ фаъолона кор мекунад ва ҳудуду имкониятҳои он хеле вусъат ёфтааст. Аз ин сабаб дар ин ҳолат, моро зарур аст, ки ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ, озодию ободӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам таълошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.
Эҳсони Маҷид
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев